Главная » 2012 » Январь » 29 » Аваллин махфили Ганчи Сухан дар соли нав
21:29
Аваллин махфили Ганчи Сухан дар соли нав

Санаи 16-январи соли 2012 дар толори ДДХ ба номи Б.Гафуров чаласаи 91-уми махфили "Ганчи сухан" баргузор гардид. Онро  масули махфил номзади илмхои филологи дотсент Саидумрон Саидов ифтитох бахшид . Сипас оиди навгонихои илмию адаби ва фарханги гузориши дотсент Зохидчон Кургонов шунида шуд.  "Назаре ба таълиму тадриси адабиёт дар мактаб" чунин ном дошт гузориши дотсент Хабибуллоева Мархаматхон.  Дах байти  дилнишини шоирони классикиро шоир Ният Хаёт тавзех дод .  Бахшида ба 15-солагии Иди Вахдати Миллии Чумхурии Точикистон. дар мавзуи «Истиклолият ва эхёи номхои таърихии кишвар»гузориши номзади илмхои таърих, дотсент Бобокалонов Абдучалил шунида шуд. Бахсу андешахои чолиб аз чониби хозирин баён шуд. Хамчунин  суруд навохои классики садо дод. Ноиб ректори ДДХ Абдурахмон Кодиров андешахои худро оиди махфили "Ганчи Сухан" баён карда ба фаъолияти ояндаи он комёбихо орзу кард. Дар охир  тухфахои хотиравии  Раиси вилояти Сугд Кохир Расулзода ба маърузачиён супорида шуд. Махфили оянда санаи 15-феврал соати 14-00 дар толори  ДДХ ба номи Б.Гафуров баргузор мегардад. 

                                                                                                                                          (Манучехр Саидзода)


Просмотров: 1482 | Добавил: bboy | Рейтинг: 4.0/2
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]