Главная » 2012 » Февраль » 2 » Накшаи Ганчи сухан
21:11
Накшаи Ганчи сухан
 махфили 92  Ганчи сухан баргузор шуд
15-феврали соли равон  дар толори раёсати Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Бобочон Гафуров нишасти навбатии махфили Ганчи сухан бо иштироки ахли илму адаб ва бештар аз 250 нафар мухлисони  шеъру сухан баргузор шуд. Нигасти навбатиро масъули махфил дотсент Саидумрон Саидов ифтитох бахшид. У дар бораи накшахои минбаъда харф зада гуфт ки сомонаи Ганчи сухан ба фаъолият шуруъ кард ва дар хамдасти бояд коре кунем ки ин сомона чехраи фарханги, адаби ва илмии суханшиносону суханваронро бояд ифода кунад. Хамчунин мавсуф дар бораи мазмун ва мухтавои замимаи Ганчи сухан ки дар рузномаи Хакикати Сугд чоп мешавад изхори назар кард. Сипас суханро ба барандаи он рузаи махфил номзади илмхои суханшиноси Низомиддин Муроди во гузошт. Оид ба навгонихои илмию адаби ва фарханги гузориши дотсент Муътабархон Бобоева шунида шуд. У кариб 20 номгуи китобхои тоза интишоршударо муарифи кард.
 Бахшида ба 20-солагии Ичлосияи ХУ1-и Шурои Олии Чумхурии Точикистон бо унвони «Ичлосияи таърихи дар оинаи матбуоти он солхо» гузориши нависанда Гуфрончон Рустамов шунида шуд. Дар бахши  як шеъри дилнишини Камоли Хучанди бо тавзехи байт ва кироати ашъори тоза эчод шоир Абдуфатто Кулоли суханрони кард. Камоли Хучанди ва Мавлоно чунин буд унвони гузориши илмии дотсент Нурали Нуров. Суруду навохои классики шунида шуданд.Омузгори собикадор М.Шафиева ки голиби озмуни навбатии Ганчи сухан гардид, сохиби тухфаи хоса гардид. Дар поёни чаласа чанд нафар фикру андешахои худро оиди фаъолияти Ганчи сухан баён карданд. Такдими тухфахои хотиравии Раиси вилоят ба маъруза кунандагон расонида шуд.
Накшаи мохи марти 2012
1. Навгонихои илмию адаби ва фарханги (Гузориши дотсент Точибой Султони) 
2. Бахор дар ашъори Камол ва Гулноз. (Гузориши шоира Гулноз)
3. Наврузи. Шеърхонии шоирон Усмон Олим, Абдуали Абдумачид)
4. Симини Бехбахони ва тахаввули газал дар адаби форси (Гузориши доктори илмхои филологи, профессор Матлуба Хочаева)
5. Суруду навохои классики
6. Чамъбасти озмуни мохонаи «Ганчи сухан»
7. Такдими тухфахои хотиравии Раиси вилоят

Просмотров: 2256 | Добавил: bboy | Рейтинг: 2.0/4
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]