Главная » Файлы » Мои файлы

КАШФИЁТЕ ДАР СУХАНСАНЧИ
12.07.2012, 22:24

 

Мирзо Солењов

КАШФИЁТЕ ДАР СУХАНСАНЉЇ

  Абдулманнони Насриддин.

Матншиносии осори адабї.-Хуљанд: Ношир, 2009. -391 сањ.

 

Осори адабї ойинаи андешањо, махзани маромномањо, олами боварњо ва жарфои ѓановати маънавии миллати фарњангофар аст. Зеро он муайянгари љањонбинї, ошкоргари сабкњо ва љараёнњои фикрї, њавзањову мактабњои адабї ва мунтањо ќиёсгари сатњи тафаккури миллист. Бори омўзишу пажўњиши ин сарвати зењниро пеш аз њама таърихи адабиёт ўњда мекунад. Сара кардану шинохтани асолати осори њунарї мавзўи марказии илми наќди адабист,ки мањз њамин бахш таъмингари воќеии санъати асил мањсуб мешавад.

Мусаллам аст, ки нахустнавишторњои инсон басо сода буд ва тавассути хатти тасвирї амалї мегардид. Дар марњалаи сонї, ки хатти алифбої зуњур кард, мураккабињо низ пеш омад ва ин мураккабињо на танњо дар ањди бостону ќурунивустої манзур мегардид, балки дар асри њозир низ мушоњида мешавад. Ин буд, ки зуњури хат тадриљан осори хаттї – бузургтарин махзани фикрию зењниро пеш овард. Он аз насл ба насл боќї монд ва мерос ниёз ба ворисият дошт, ки ба ин ё он забон рўи кор омада буд. «Интишори китоб,- менависанд донишманди тољик, профессор Абдулманнони Насриддин, - дар Ховарзамин ањли касабаи китобдорию хушнависиро ба майдон овард. Котибон, сањњофон, варроќон, музањњибон, ќоѓазсозон, рангрезон, китобфурўшон аз љумлаи онњо буданд, бештар умури бознависї ва тањияи василањои омодасозї китобро дар ихтиёр доштан.» («Матншиносии осори адабї»,сањ: 11). Чун сатњи тафаккур ва нерўи њофизаи њатто фарзандони як миллат яксон нест, ин боиси тавлиди луѓоту фарњангњои гуногун ва шарњнависињову шорењон гардид. Вале шарњи дуруст он гоњ рўи кор меояд, ки асолати мутуни манзуму мансур таъмин бошад ва дучори тањриф нагардида бошад.

Маълум аст, ки ориёитаборон дар осорофарї миёни љумла љањониён пешдастї доранд. Матни осори бадеиро дар гузашта на танњо эљодкори бевоситаи он, балки котибону мусањњењон, баъзан шорењон дар садањои гуногун замни китобату нусхабардорї ва ё шарњу тавзењ, ањёнан тањрир низ кардаанд. Соњаи адабиётшиносї, ки асолати матн, љавњари осори адабиро даќиќу аниќ месозад, матншиносї буда, илми мазкур тозаэљод аст, зеро зуњури он ба ибтидои асри гузашта мутааллиќ мебошад. Аз он рўзгорон то кунун дар адабиётшиносии хориљии шарќию ѓарбї оид ба назарияву амалияи илми мазкур тадќиќотњои сершуморе рўи кор омада бошанд њам, дар ќаламрави Тољикистон љузъиёти он дар шакли омодасозии матнњои илмї – интиќодї ва ё дар сатњи ќайду ишорањои људогона вуљуд дошт. Бояд таъкид намуд, ки дар ин љода доир ба омўзиши мутуни манзуму масури асри миёнагї дар љумњурии Тољикистон, сањни мактаби академик А. Мирзоев, муќимони остони ин мактаб: М. Баќоев, А. Афсањзод, А. Алимардонов, А. Зуњуриддинов, З. Ањрорї, К. Айнї ва дигарон хеле љолиб аст.

Дар адабиётшиносии кунунии тољик дар ин љода хидмати профессорон А. Кўчаров, Х. Отахонова хеле ва хеле шоистаи тамљид аст. Зеро бисёр мухтассоти назарї ва љанбаъњои амалии илми матншиносии адабиёти муосири тољик дар асарњои профессор А. Кўчаров, Х. Атахонова мавриди тадќиќи басо љиддї ќарор гирифтаанд.

Хушбахтона, соли 2009 донишманди фарњехта, профессор Абдулманнони Насриддин дар љода бо таълифи асари тадќиќотии «Матншиносии осори адабї» хидмати бунёдї ва шоистаеро сомон дод.

Асари профессор Абдулманнони Насриддин – «Матншиносии осори адабї» шомили пешгуфтор,  бисту се фасл, инчунин аќсоми исми ашхосу амокини љуѓрофї, ашъори мустафид, ановини кутубу расоил ва фењристи марљаъњо ва маохиз аст. Асар зери назари акдемики АИ ЉТ Салимов Н. Ю. рўйи чоп омадааст ва муќарризон донишмандони маъруф, профессорон Абдунабї Сатторзода ва Мирзо Муллоањмадов мебошанд.

Дар пешгуфтори асар асолати санъати асил, љавњари он таъкид карда мешавад, ки он тобеи замону макони муайян нест, балки дар њама давру замон инсоният ба он ниёз дорад ва ба ин маънї ќазовате аз абулмаъонї Бедил зикр шудааст, ки љолиб аст:

 

Бедил таљаддудист либоси хаёли ман,

Гар сад њазор сол барояд, куњан наям.

 

Пас асари асили санъат дар доираи замони муайян мањдуд нест, балки то он даме ки башар ва љомеъа вуљуд дорад, асари санъат ќонеъгардонандаи ниёзњои маънавии љомеъа мањсуб мешавад. Асолати матни бадеї мањз тавассути матншиносї, ки ба љавњар ѓолибан сару кор дорад, сањењу матлуб маърифат мешавад. Дар њамин ќисмат, яъне дар хусуси арзиши илми фанни матншиносї профессор Абдулманнони Насриддин ќазоватеро аз донишманди эрон, љаноби Абдулњусайни Зарринкўб ба њайси эпиграф меорад, ки басо нуктасанљона таъкид шудааст. «Наќди мутун, - менависад А. Зарринкўб, - муњимтарин ва даќиќтарин ба ва як таъбир илмитарин ва асилтарин аљсоми наќди адабист».

Албатта, решањои фанни мазкур хосса дар Шарќ дар маншаъњои мухталиф ќобили сурат шудааст ва њатто сонитар љузъе аз аљзои улуми адабї пазируфта мешавад.

Фасли аввали асар «Њадаф ба вазифањои матншиносї» ном дошта, муњаќќиќ пеш аз њама дар хусуси истиќлоли илмии фанни мазкур, чун истилоњи соња пазируфта шудани «матншиносї» дар муомилоти илмї, тањаввули он дар солњои 30-юму 40-уми асри гузашта дар адабиётшиносии собиќ Шуравї ва сањми олимон Б. В. Томашевский, Д. С. Лихачёв, С. А. Рейсер, С. А. Богословский ва дигарон дар ин љода хеле назаррас таъкид карда мешавад, ки матлубу маќбуланд. Дар њамин ќисмат рољеъ ба эњёи коргирї бо осори маънавї дар Тољикистон ба таљдиди назар бар омўзиши нозукињои он дар ин ќаламрав, табдилњои чандкаратаи алифбої ва таъсири он ба маънавиёти миллат бањси љолиб сомон дода мешавад.

Дар мунтањои бахши фавќуззикр муњаќќиќ доир ба ањдофи фанни матншиносї ва самтњои фарогирандаи он, ба манзури рисолати посдории мерос ва њифзи арзишњои илмию бадеї - њунарии он, масъулияти таърихию маданї пешаи эљодкоронро басо масъулиятшиносона таъкид менамояд, ки нигоњи тоза ва иќдоми љиддї дар ин љода ба шумор меравад.

Ба ин маънї профессор Абдулманнони Насриддин менависад: «Њадаф ва маќсадњои матншиносї њамчун бахши бунёдии сухансанљї дар масъалањои зерин мушаххас мешавад:

1. Тањќиќи таърихи пайдоиш ва тањаввули осори хаттї.

2. Наќду тасњењи осори хаттї бо маќсади ба миён овардани нусхаи ба асл наздик.

3. Бар маънои усулњои равишманд мунташир сохтани мероси хаттї.

Муњаќќиќ масоили фавќро дар асари хеш ба миён гузошта, ба ин восита бисёр мушкилоту масоили мубрами илми мазкурро дар фаслњои гуногун бо бурњон ва асноду далоили ќотеу шоеъ мавриди бањсу муњокима ќарор додаст, ки то кунун дар чунин шакл ошкор нашуда буд.

Фасли навбатии дигар «Нусхањои хаттї ва марокизи нусханависї» ном дошта, мўхтавои он бањси басо љиддиро рољеъ ба зуњури хат, осори хаттї ва дар њамин замина тавлиди нусханависон, котибон ва ѓайраро дар бар мегириад. Муњаќќиќ барњаќ ќайд мекунад, ки ташаккули марказњои маъмурию сиёсии Њахоманишињо, Кўшонињову Ашконињо ва Сосониён боиси зуњури котибону муншиён гардида, эшон номањои шоњону арбобони давлатро китобат мекарданд. Баъдтар ин марказњо ва суннати фаъолияти номанигории онњо дар ањди роиљшавии исломи шариф рушди хос намуд ва дар ин росто сањми аљабитаборон басо муњиму љиддї мебошад. Бино ба иттилооти сарчашмањои адабию таърихї марокизу макотиби нусханависии тозабунёди ањди исломї дар дарбори Валид ибни Абдулмалики уммавї ва халифа Њорунаррашиди аббосї ба фаъолият оѓоз карда буданд. Яке аз даврањои ављи нусханависї ва ривољи китобдорї, - менависад профессор Абдулманнони Насриддин, - ба ањди халифаи аббосї Њорунаррашид мутобиќ омад. Мањз дар њамин давра бузургтарин мавркази илмї ва китобдорї бо номи «Байтулњикма» таъсис ёфт. Ба хусус оид ба рушди ин санъат дар забони њукумати милли тољикон дар ањди Сомониён бањси хеле љиддї сомон дода шудааст. Њатто дар ин рўзгор таълифи бештари осори назариявии марбути соњаи мазкур низ таъкид мешавад, ки матлуб аст. Муњаќќиќ ба хусус доир ба наќши «Рубъи Рашидї» ва маќоми баъзе аз њокимони Темурї дар ин љода – рушду таљаммўи донишмандон, адибон, хушанвисон, хаттотон, наќќошон, музањњибон, муншиён, дабирон, котибон ва ѓайра амиќравї намуда бо манзури љузъиёти њирфат ва назокати улуми фавќуззикр муњокимаронї ва натиљагирињои љолиб менамояд. Чунин натиљагирињои мушаххас ва даќиќ дар њар як фасли асари профессор Абдулманнони Насриддин – «Матншиносии осори адабї» дида мешавад, ки аз натоиљи омўзишу пажўњишњои бисёрсолаи олим дар ин соња башорат медињад.

Фаслњои навбатии дигари китоб: «Љойгоњи ќоѓаз ва имлову хат», «Наќду тасњењи нусхањои хаттї», «Шинохти муаллифи аслї», «Тањрири муаллифии осори хаттї», «Сањву иштибоњот дар кутуби хаттї» унвонгузорї шудаанд, ки хеле нуктасанљонаву мўшикофона рўи кор омадаанд. Дар фаслњои фавќуззикр вобаста ба мавзўи бањсњо ва таќозои масоили матрањшаванда ва мушкилоти зуњури хатту анвои он, навъњои наќду тасњењ, мушкилоти атрибутсия, љузъиёти фаъолияти котибони нусхањои хаттї – нассохону мустансихон, нусханависону муншиён, дабирону номанигорон, хушнависон ва ѓайра таъкиб мешаванд, љиддитарин ѓавру муњокимаронї манзур мегардад, ки ба назари мо, нигоњи тозаи илмї ба љузъиёти фанни мазкур дар ањди ќурунивустоист.

Дар абвоби дигари «Матншиносии осори адабї» аз ќабили «Ѓалатнависї дар китобњои кириллї», «Матншиносии шорењони осори адабї», «Фењратнависии нусхањои хаттї», «Таълиќот ва фењристњои роњнамои мутуни интиќодї» низ бисёр назокати анвои матни манзум ва мансур, мухтассоти матн њангоми баргардонидан аз алифбои арабиасос ва кириллї, маърифати луѓавии калом ва сари кор гирифтан бо он, маќоми фарњангу луѓоти тафсирї, сањми шорењон ва шуруњоти онњо дар тасњењу тавзењи мутун, заковати хосу нуктасанќї, маърифати мантиќи бадеии сухан имкони тасњењи даќиќу илмї – интиќодиро тањким мебахшанд ва ин аст, ки муњаќќиќ дар њамин замина тасњењи мутунро сомон медињад ва хоса матни манзумро, ки тасњењи он на ба њар кас даст медињад. Масалан, ин рубої, ки ба Мањастии Хуљандї мансуб донистаанд:

 

Гарчи санамо, њамдами Исист дамат,

Руњулќудсї, чї гуна гўям санамат.

Аз ман, ки кашидаам, нигоро, ситамат,

Мўї  - мўї, ки мўи мўям зи ѓамат.

Муњаќќиќ рубоии фавќуззикрро на танњо тасњењ мекунад, балки мансубияти онро низ даќиќ месозад, ки падидаи комилан нодири ибтикори адабист. Чунончи муњаќќиќ менависад: «Ин рубої Аслан моли Хоќонии Шарвонист ва дар девони ў ба ин тарз сабт шудааст:

 

Гарчи санамо, њамдами Исост дамат,

Руњулќудсї чї гуна хонам санамат.

Чун мўй шудам зи баски бурдам ситамат,

Мўйї-мўйї, ки мўйи мўям зи ѓамат.

(Куллиёт, Тењрон, 1373, сањ. 708).

Ин шеър бояд чунин навишта мешуд:

 

Гурљисанамо, њамдами Исост дамат,

Руњулќудсї, чї гуна гўям санамат.

Чун мўй шудам зи баски бурдам ситамат,

Мўйї-мўйї, ки мўйи мўям зи ѓамат.

 

Ањли тањќиќ маълум кардаанд, ки таркиби «Мўйї-мўйї» дар мисраи чањорум аз забони гурљист ва маънояш биё-биё аст». («Матншиносї осори адабї», сањ. 115).

Љолиб аст, ки донистани таркиби лексикии матн, хосса  матни манзум, вазни шеър ва мантиќи бадеии калом ва ба хусус таносуби сухан ба олим имкон додаст, ки маърифати њадафи эљодкорро басо даќиќу мўшикофона дарёбад ва хонандаро мутањайир созад.

Барои намуна ба як байти машњури Камоли Хуљандї, ки муњаќќиќ А. Насриддинов тасњењ намунаву маънибардорї кардаанд, рў меорем.  Чунончи, А. Насриддинов менависад: «Дар байти зерин гўё њама калимот дар љои худ њастанд, аммо маънои шеър чењраи худро боз накардааст:

 

Дил зи зулфу холи хубон тираву ошуфта аст,

Хонаро чун дўст бону лољарам норўфта аст.

(Камоли Хуљандї, Девон, Љ. 1. сањ. 139)

Он гоњ ки калимаи «дўст» имлои дурусти худро дарёбад ва «ду-ст» яъне ду то аст, навишта шавад, латофати сухан падидор ва дурхшон хоњад шуд». Муњаќќиќ масо бар њаќ таъкид месозад, ки «нигоњи даќиќ, табъи солим ва шинохти зарофатњои сухан чорасози мушкилоти мо дар масири пурифтихор хоњанд буд». Албатта, дар ќазовати фавќуззикр чизеро фузудан мањол аст ва њадди инсон он аст, ки пазируфта шавад.

Дар бобњои дигари асар профессор А. Насриддинов ба таърихи матншиносии кишвар, нашри ашъори Одамушшуаро ва мушкилоти он, тасњењу нашри «Шоњнома», тасњењу интишори ашъори лисонулѓайб, наќду асолати осори Шайх Камоли Хуљандї низ басо мўшикофї ва даќиќназарї зоњир намуда, дар пешрафти илми мазкур хидмати сидќї намудаанд, ки шоистаи тамљид аст.

Инчунин профессор А. Насриддинов оид ва рўзгору фаъолияти баъзе матншиносону шорењони асримиёнагї мисли Абдуллатиф ибни Абдуллоњи Аббосии Баниравї барин симоњо бањс ба миён оварда, рољеъ ба бузургтарин донишмандони соња дар Шарќу Ѓарб мисли Аллома Муњаммадхони Ќазвинї, Эдвард Браун, Њелмут Риттер, Евгений, Эдуардович Бертелс, Абдулѓанї Мирзоев фаслњои људогона бахшидааст, ки ба назари мо, хеле ва хеле арзишманду зарурист. Чанд фасли интињои асар ба масоили њатмии матншиносї: ашъори истинодшуда, ановини кутубу расоил, фењристи манобеъу маъхазњо ва ѓайра бахшида шудааст,  ки арзиши илмии асари профессор А. Насриддиновро боз њам фузун менамояд.

Умуман иќдоми профессор А. Насриддинов дар ин љода нахустин буда, хидмати басо љиддии олим барои ањли илми кишвар ва миллат ба шумор меравад.      

                                                          

    

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Категория: Мои файлы | Добавил: bboy
Просмотров: 1054 | Загрузок: 0 | Рейтинг: 1.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]