Главная » Архив материалов
«Панду ибрат»-и Муродии Хучанди
 Нашриёти «Ношир»-и шахри Хучанд китоби донишманд ва суханвари факид шоир ва профессор Муродии Хучандиро бо унвони «Панду ибрат» бо теъдоди 1000 нусха дар хачми 220 сахифа интишор намуд. Китоб силсилаи маколахои ахлоки буда, муаллиф ба чавонон аз гулистони афкору андешахои ниёгон дар заминаи тачрибаи зиндагии хеш пандномаеро дар мавзуъхои мухталиф пешкаш мекунад. Хамчунин дар китоб ашъори ахлокии Муродии Хучанди чой дода шудааст. Инъикоси лахзахои зиндагии устод Муроди, вохури бо Бобочон Гафуров, Садриддин Айни ва Мирзо Турсунзода вокеан ибратбахш аст. Китоб барои хар нафаре, ки ташнаи хикмат аст судманд мебошад.
Прикрепления: Картинка 1
Категория: Навгонихои илмию адаби | Просмотров: 3349 | Добавил: bboy | Дата: 03.02.2012

Устод Абдулманнони Насриддин 
  Устод Абдулманнони Насриддин 20-уми ноябри соли 1953 дар дехаи Ёваи нохияи       Бобочон Гафуров дар оилаи дехкон чашм ба дунё кушодааст. Пас аз хатми мактаби   миёнаи умуми соли 1970 ба факултаи филологияи Институти педагогии шахри Ленинобод (Хучанд) дохил шуда, онро соли 1974 сарфарозона ба дипломи аъло хатм менамояд. Аз хамин сол дар Донишгохи Давлатии Хучанд ба кор шуруъ намуда, дар муддати андаке чун мухаккики неруманд ба арсаи тахкику таълим ворид мегардад.
Прикрепления: Картинка 1
Категория: Навгонихои илмию адаби | Просмотров: 4618 | Добавил: bboy | Дата: 03.02.2012

Тиккае абр
  ва гурридани як кух садои раъд.
Чак-чаки борон 
  ва рахе кухнаву лагжонак.
Ба кучо бояд рафт?
Ба дили худсари ман бефарк аст.

Ох, эй оина!
Рубаруи ту нишастан,
Ба ягон нуктаи мубхам нигаристан
Ва ба таскини касе
  маслихатомез дуруге гуфтан,
Будан ошуфта, наошуфтан,
Нагз медонам:
Кори осон нест.

Ман чаро узр напурсидам 
  аз нигохи ба сахар моилат, 
  эй Модар?
Аз ту, эй пиразани точик, 
  ба Худо наздик,
Ман чаро узр напурсидам?

Гами хобухурд…
Зиндаги буд чунину хаст
Гами хобухурд.

Майна дар шохаи сабзи бед 
  зардбарге дар нул 
  лона меорояд.
Майнаро кардам об 
ва нафахмидам
  маънии мурдану зоиш, 
  чумлаи кохишу афзоиш чист?

Нотамоми зебост!
Бояд ин шеър чунин бошад.



Рохи рост механдад пои рахгуми моро,
Реги тафта месузад токати суми моро.

Санги дил нам ... Читать дальше »
Категория: Шоирони кишвари мо | Просмотров: 1324 | Добавил: bboy | Дата: 02.02.2012

Абдулманнони Насриддинов, доктори илмхои филологи, профессор асосгузори махфили "Ганчи сухан”:
Максади мо эхёи ананахои дерина ва арзишманд амсоли «шохномахони», «маснавихони», «бедилхони» ва бо хам омода сохтани заминахои фикри барои рушду нумуи тафаккури адаби ва карехаи сухансанчи мебошад. Барои шукуфои ва пешравихои фаннии ватани азизи мо Точикистон хар фарди чомеа бояд ба кадри донишу тавонои ва химмати худ сахме дошта бошад. Ман фикр мекунам, ки ояндаи кишвари мо ба омода шудани фазои солими маънави ва такя ба суннатхои устувори фарханги вобастаги дорад. Аз ин сабаб, мо ба махфилхои асили эчоди шадидан ниёз дорем. Махфилхои адаби ва илмии мо бояд руху равони Моро парвариш дихад, дили ахли чомеаро ба асолати фарханги Милли гарм кунад. Суханваронро ба тахрик орад, онхоро барои чустучуву мутолиаи бештар омода созад, ахли илму адаб дар ин гуна махфилхо худро бишиносанд, андар дили онхо умеду бовар бештар гардад, табодули афкор сурат гирад, фарханги ма ... Читать дальше »
Просмотров: 1128 | Добавил: bboy | Дата: 14.01.2012

« 1 2 3 4 5