Главная » 2013 » Ноябрь » 11 » Кимиёи кимиёсоз аст шеър
21:56
Кимиёи кимиёсоз аст шеър

                                             Фарзона

 

 

           Кимиёи кимиёсоз аст шеър

 

1.                         Табиби дарди бедармон кадом аст,

                           Рафиыи роьи бепоён кадом аст.

                           Яке жузви жаьон худ бемараз нест,

                           Табиби ишыро дуккон кадом аст?

 

  Агар пизишк, ки аьли роз аст, шеърошно бошад, чц хуб ва агар на, журме надорад. Аммо шоире, ки табиб нест, шоир ьам нест. Ьарфи шоир бояд ьарфи давоц, ьарфи щамбарорандаи шифоц, ьарфи мумиёц, ьарфи н=шини полоянда, ьарфи гираькушои нер=бахшанда, ьарфи обиьаётие бояд бошад, ки бо мадади Табиби щайб-худи Парвардагори Якто нозил мешавад. Ваыте одамон ба депрессиё гирифтор мешаванд,  ё ба пизишкони аъсоб р=й меоранду ыурсьои зиддиафсурдагц мехуранд ё девони Ьофизу Мавлонову бузургони дигарро боз мекунанд, ё боз иложу чораьои дигар меж=янд. Аммо дастури ьазрати Ьофиз ин аст:

      Шифо зи гуфтаи шаккарфишони Ьофиз ж=й,

Ки ьожатат ба иложи гулобу ыанд мабод.

  Бештарини ниёкони муаззами мо ьам ба маънии асливу ьам мажозц табиб буданд ва барои аьли ниёз т=мори жон менавиштанд. Одамушшуаро Р=дакц мег=яд:

           Чу гулшакар диьиям, дарди дил шавад таскин,

Чу туршр=й шавц, вораьонц аз сафро.

  Агар касе лаьзае дар с=ьбати шоири адофаьми рамзошно бошаду дардьои жонаш коьиш наёбанд, хуш ба ьоли =, ки башоратпазир нест ва ьам хуш ба ьоли шоир, ки каломаш чорагар нашуд.

 

2. Ман аз р=згори к=дакц пайваставу бефосила осори тиббц мехонам. Дар миёни ихтисосу пешаьое, ки маыбулам буд, касби пизишкц дар аввали жадвал жо дошт ва гоььо андеша мекардам, ки тааььуди табибц давомафр=зи ьаёти ман хоьад шуд. Падарам устоди ом=зишгоьи тиббии шаьри Хужанд буданд ва дар хона адабиёти тиббии фаровон меанд=хтанд. Ьамон муьаббати тифлц, бо он ки роьу жодаи ман дигар шуд, хом=ш нагашт ва ьолиё низ мутолиаи осори тиббиву давоц дар бобати равоншиносиву дилу аъсоб, иллатьои мащзц, рагьои хуну шараён, узвьои дарунц ва щайра шущли баргузидаи ман аст.

 

 

3. Ман намехоьам, ки бо к=дакон тажрибаьои тиббц доир кунам, зеро бисёр дидаам, ки давоьои комилан безиёни мардумц бо риоят нашудани андозаву тариыи дурусти истифода оыибатьои нохушоянд доштаанд. Масалан, як хеши мо чанд сол ыабл аз хорпушт ш=рбо мепазад ва баъди истеъмоли он дарзамон мемирад. Шояд он хорпушти даштиву саьроц заьролуд буд ё табиату хилыати бемор бо чунон дору мувофиыат накард. Бо ьамин далел, ман бештар ба давоьои маъмулц ва тибби суннатии ьамагонц р=й меорам.

 

4.  Ьама ажзои олам бо ьам рабти мутаносиби мавзун ва мувозинати

нафиси пиньону пайдо доранд ва к=чактарин халале, ки ба ин силсилапайванди комили зебоц мерасад, ба оромишу рафоьи осмону замину Банц Башар зарба мезанад, жавфи  ьаворо масмум месозад ва ба зиндагии жамоду наботу дигар аьли ьаёт фишор меорад. Илм мафьуми рокид нест ва, хушбахтона, бо суръати нотасвир ба фатьи ношинохтаьо меравад. Илми тиб низ дар асри бист ва, инак, дар асри бисту як бо нер=и фавыульад ба кушоди мушкильо даст ёфтааст. Ьатто марьалаьои ьаёти одамон дар ыуруни пешину асри ьозир тафовут дорад. Масалан, А.И.Герцен дар бораи як ыаьрамонаш менависад: «Этой старухе 37 лет». Аммо имр=з нафари сиву ьафтсола дар ыаламрави шабоб ыарор дорад.

    Файласуфи машьури фаронсавц Жан Пол Сатр навишта буд, ки «Одам дар корбасти тажрибаьои худ озод аст, аммо барои тамоми кирдораш бояд жавоб диьад». Кулли тажрибаьое, ки инсон кор мебандад, бояд бидуни тажовуз   ба ьаёти аьли жаьон сурат гирад, вагарна «чу подоши кул=хандоз санг  аст» (таъбири ьаким Низомц) дар бадали з=ровариьову ьадношиносиьояш  аз шаш жиьат посухьои шадидтару беамонтар меоянд.

 

5.  Шеър метавонад чун оби баыо василаи нажоти жоньо бошад, аммо барои кц? Барои нафаре, ки инчунин ниёз дорад, барои оне, ки таркибашро аз отифаву бадеъият сириштаанд, барои оне ки бидуни ин фазои аьуроц нафас намекашад, барои оне ки дилаш тафарружгоьи ишы аст. Шеър ьам чун ишы кимиёи кимиёсоз аст, ки дардмандонро шояд, на бениёзонро:

                        Атрро чист иллату таысир,

                        Гар набошад димощи атрпазир.

6.   Мавлоно мег=яд, ки:

 

Тадбир кунад бандаву таыдир надонад,

 Тадбир ба таыдири Худованд чц монад.

  Банда чу бияндешад, пайдост, чц бинад,

Ьилат бикунад, лек Худоц бинадонад.

    

   Бо он ки бад-ин нозукиву камтавонц ман дар ьалыаи матинону нер=мандон набудаам, аз табибони мардумц имдод нахостаам. Аммо ба ыудраташон бовар мекунам. Ба фолу фолбинц танаффур дорам, ки мег=ям:

                             Бирав, эй фолбини фолгардон,

Ки ман дорам Худои ьолгардон.

   Баъзе фолбинон бо ыудрати нотасвир гузаштаву ояндаро бидуни дур=щ бозг= мекунанд, аммо ин амалашон маыбули Худованд нест. Пас он чиро, ки Халлоы написандад, мо чаро писандем. Ин нуктаьоро ман борьо дар шеър гуфтаам ва ьоло як пора  шеъри «Аз шаьри чашмбандон то шаьри дилбандон»-ро ин жо меорам:

 

    Шаьр майдони жиьоди соьирон аст,

    Сомирц ояд ба шогирдии ин жодугарон,

    Зуд хориж мешавад аз мактаби жодугарц чун тифли духон.

    Ьар тунукмащзе асири доми жодуст,

    Шаьри пурьангома дар авьоми жодуст.

    Ьар киро дар к=ча мебинц, суоле медиьад:

    -Манзили он фолбини номвар ку?

    -Аз кужо медонам, эй мардум,

     Фолбинони шумо бо устухони мурда с=ьбат мекунанд,

     Ё ки бо р=ьи шабу бо кавкаби думдор.

     Бо шабаььои малоик,

     Ё ки бо хоки мазор.

     Фитрате бояд хати сарьад кашад

                                        байни сеьру м=ъжиза.

     Фитрате бояд раьонад

    Ин гирифторони жодуро зи доми ориза,

    Ишы баргард!

    То ниьц ойина пешор=и ин бежавьарон,

    Аз таажжуб пора гардад жодуи жодугарон.

    Бо ту шаьри чашмбандон шаьри дилбандон шавад,

    Лолаи лоьутии мо оыибат хандон шавад

 

7. Бехобц дар бисёр маврид бемории таньои мужаррад нест ва ьампаьл=и дигар иллатьо, мисли  ташаннужи аъсоб, хастагц, заъфи системаи дифоии бадан, дарди сар ва амсоли иньо хур=ж мекунад ва ба зиндагии мавзуну муназзами р=ьу жисми мо сахт зарба мезанад.

    Боре дар даврони донишж=ц низ гирифтори бехобии шадид гашта будам ба ьадде, ки  ьеж доруву даво к=мак намекард. Он айём бо ьамсабаыон ба пахтачинц рафтем ва баъди панж р=зи заьмати сахти гудозанда бехобиям рафъ шуд.  Аммо бори дигар, ки баъди чандин сол боз бехобц азият дод, дигар замони донишж=иву пунбачиниьо пушти хотира монда буданд, доруву дармон чорагар намешуд  ва ягона умедам ба раьмати Парвардагор буд, ки, хушбахтона, омад.

 

8. Таысими ваыт мисли таысими муьаббат осон нест, аммо инсон хизонаи иытидорьои  номакшуф аст. Фаыат муьаббати азим барои мо васила фароьам меоварад, ки гавьари фурсатро ба нафарони азиз нисор кунем.             Ман жаьд дорам, ки муьаббатьоям ба инсоньо, ба шеър, ба табиат…, ки ьама ваытситону фурсатрабоянд, ба ьам халал нарасонанд, балки ьамдигарро комил созанд.

 

9. Аввалин мояи зебоц саломативу болидажониву фархундагист, ки гоь аз худи мо вобаста асту гоь не. Бонуе, ки дилаш бонишот нест, ьар ыадаре, ки барои тармими ьуснаш заьмат кашад, ьама барьадар аст. Ман барои он ки бо зебоц рабте дошта бошам, субььои тобистон пиромуни ниьолу гульоро бо тешаву каландча нарм мекунам ва дар мавсимьои дигар дар ьавои тоза зиёд пиёда мегардам.

   Ьатто журм ьам гоье метавонад дар чашми иродатгузорону хушпазирон малоьат намояд, агар пиндору гуфтору кирдори мо мужассамаи зебоц бошад:

 

       Нигоьи д=ст ба журми ман чц рутбаьои малоьат дод,

       Шинохт жони ьарирамро, ки дар ыабои хашан дорам.

                         

                                 *    *    *          

         

        Чу бежурм аз азал он Зоти Яктост,

        Кадомин одам аз иллат мубаррост.

        Чц жои шарм, агар журме туро ьаст,

        Ки бежурмц ьам аз нокомилиьост.

   Пас, муыаддамтар аз ьама,  барои иморати фитрату ботин жиьод бояд кард.

 

10. Саодат он аст, ки Ватани мо ьамеша дар маыоми амн бошад ва саломату рафоьату муьаббати мо ва кулли пайвандону муьиббонамон поянда бимонад.

 Саодат- имон овардан ва бовар кардан аст ба фардои хужаставу фархунда.   

Орзумандам, ки ьамаи шумо, аьли Ватан ва муштариёни мажаллаи «Даво» ьамеша чун баьори ьумоюнмаыдами наврасида сиьатманду сабзжону барозида бошед.

    Бахт чист?

 

                  

Просмотров: 3691 | Добавил: bboy | Рейтинг: 2.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]