Главная » Файлы » Мои файлы

Чакидаи фикр
11.11.2013, 22:01

1

 

                                                 Фарзона духти                                                                 Саидумрон

 

 

Чакидаи фикр

 

 

 

Дар умри одамц шодц лаьза-лаьза меьмонц меояд. Суол мекунц: Щам чц? Жавоб мег=ям: Щам ин худ умри одамизод аст!

 

***

 

- оила давлатеро монад.

- подшоьи он давлат кист?

- мард он давлатро подшоь бошад.

- пас зан вазири он давлат аст?

- на, вазир табъи мард аст.

- оё зан дар ин давлат маыоме дорад?

- солимц, ободц, некрузц, оборуву изз ва бойигарии подшоьу бошандагони давлатро посбонест, ки уро ном зан аст.

***

 

 

Зиндагц – ширинтар аз асал ва талхтар аз заьр аст.

 

***

 

Щам – муродифи он, ьаёт бошад.

 

***

 

Майхораро насиьат макун, ки бештар аз пеш мастц кунад.

 

***

 

Нафси бад, инсонро аз инсоньои дигар баъид ва ба ьайвонот ыариб месозад.

 

 ***

 

Инсон нафс дорад, ьайвон низ. Фары чист? Инсон ыодир аст, ки нафсро нигоь дорад, вале ьайвон тавони нигоь доштани нафсро надорад.

 

***

 

Чеьраатро дидан хоьц ба оина назар кун, гар рафторат хоьц бубинц ба рафтори фарзандат нигоь кун.

***

 

Рашк оташ аст, оташ чун зиёд шуд, хонаеро мес=зад.

 

***

 

Оила шабеьи дарахтест, ки решаи он муьаббат аст.

 

  ***

 

Ьамнишин будан бо сагон беьтар аст ьамнишинц бо бесаводон.

 

***

 

Г=янд, ки жавоби аьмаы хомушист. Чанде хомушц ихтиёр кардам, аммо аьмаы хом=ш нашуд.

 

***

 

Ажабо, касе, ки сазовори эьтиром аст, боре таыозои иззату нозбардор будани нафареро нисбати худ намекунад. Аммо шахсе, ки ба ьурмат шоиста нест, толиби он аст, ки ьама эьтиромаш кунанду нозбардораш бошанд.

 

   ***

 

Заьр талх аст, мекушад. Ьажр талхтар аз заьр аст, намекушад. Оь чаро намекушад

 

***

 

Дар рузгори бемориву ранж таньо модару падар  дастгират гарданд. Ба каси дигар эътимод макун.

 

  ***

 

Дуст кист, душман кист то бемор нашавц нашиносц.

 

***

 

Ьамаро метавон фиреб дод, таньо худрову худоро на!

 

***

 

Бахил жуз худ дигареро намебинад.

 

***

 

Шахси бахил худро чун аз канор медид, механдид.

 

***

 

Туро хуш намеояд чун касе айби туву фарзандони ту боз гуяд. Аммо чаро туро маыбул аст он ки худ айби дигарону фарзандони эшон мегуц? 

 

***

 

 

«Эй худованди замину осмон»

То ба ьадди одамц моро расон!

 

***

 

-       Ту чаро намоз мегузорц?

-       Эътиыод дорам, ки намозам маро аз оташи д=зах нигаь дорад.

-       Ту чаро намоз намегузорц?

-       Ман эътиыод дорам, ки раьмати худо маро аз нори жаьаннам раьо созад.

 

***

 

 

Дар умри одамц шодиву щам мисли шабу р=з дар паьл=и якдигаранд.

 

***

 

Дар баландц будани пастфитратон жонам бис=хт,

Илтижо хокистарам дар пасти пастиьо бирез.

 

***
«Кас ваыти назъ бар сарам аз бекасц набуд»

 Аз журми банда буд, гуноьи касе  набуд.

 

***

 

Ширинии ьаёт нуь моь аст.

 

***

 

Ажаб аст, фарзандро нуь моь мебардорц, сипас то роьрав гардиданаш ьомили = мешавц. Аммо чун = ба воя мерасад, ьатто кучактарин нози туро намебардорад.

***

 

 

Чаро инсон коре, ки худаш метавонад онро ба итмом расонад ба каси дигар мефармояд?

 

***

 

Жаьоне, ки то имр=з пеши айнам тираву беранг менамуд, ба чашмам ин дам рангину мунаввар менамояд, зеро соьиби тифлаки кучаку дуструе гардидам к=дакам бузург шуд, боз ин жаьони нуронц ба дунёи зулмонц мубаддал гашт.

 

***

 

«Падару модари щамьои жаьон фарзанд аст.»

Дар таажжубам аз он к-= зи ьама дилбанд аст.

 

***

 

Агар худ нодон намебудем, нодонии дигаронро намедидем

 

***

 

Мо он нафаронеро инсони хуб мегуем, ки хоьишьои Моро ижро менамоянд. Оньоеро бад мегуем, ки аз мо ижро намудани кореро толибанд.

 

 

***

Мушкилии касонро муьокима кардан осон аст.

 

***

 

Хушбахтии инсон на аз таыдири уст балки аз хуйи у вобаста аст.

 

***

 

Бархе хушдомане ба завжаи писараш кина меварзад. Он кина оташеро шабеь аст, ки баробари сухтани имрузи арусаш фардои писарашро месузад.

 

***

 

Таньо уро метавон модар хонд, ки худ озор кашад вале нагузорад, ки ягон ьарфи у боиси озори фарзандаш гардад.

 

***

Пайваста бадии дигаронро мегуем, вале чун касе хатои моро гуфтанц мешавад шунидан намехоьем.

 

***

- Хушдомане, бо он ки хуроки пухтаи келинро тановул мекунад, либоси шустаи келинро мепушад ва дар хонае ки килин руфтааст хоб мекунад уро бадгуц мекунад чц гуна инсон аст?

- Дар ниьоди у бухлу ьасад ва носипосгузорц хона кардааст. Инсоне ки мегузорад то ьасаду ношукрц сокини ыалби у гардад, хирад надорад.

 

***

 

Ьар нофаьмие, ки байни зану шавьар ба вужуд меояд зуд бартараф мешавад. Вале чун ба эшон хушдомани бемаърифат ьамроь шуд, кор то талоы мерасад.

 

***

 

Инсоне ки худро таъриф мекунад дар асл инсони хуб нест, зеро фарди нексиришт худнамоиро намеписандад.

 

***

 

 Шахси камаыл кучактарин камбудиро ба дил мегирад ва ьамажо овоза мекунад. Оыил он аст, ки хатои бузургро мебинад, вале на мегуяд ва на ба дил мегирад.

 

  ***

 

Чун касе ьазорон бор хушнудамон кард як бор намегуем, чун як бор аз у ранжидем ьазор бор мегуем.

 

***

 

Падар осмони ман модар заминам

Падар раьбар модар раьгузинам

Маро хушбахт гардон эй худоё

Ки ранжу дарди эшонро набинам.

 

***

 

Оне ки ба ту туьфаи гаронбаьо ьадя месозад ошиыи ту нест. +ст ошиыи ту ки баъди иштибоьи бузурге, ки аз жониби ту гузашт туро мебахшад.

 

***

 

Ба назди оне ки туро эьтиром намекунад рафтан беь аст, аз он ки хонаи ту нафаре ояд, ки назди ту ыадре надорад.

 

***

 

Инсон гунаькор аст, бузург онест, ки ба гуноьи худ иырор мешавад ва ба ислоьи он мек=шад.

 

***

 

Чун оташи рашкро хомуш накардц, ё муьаббататро месузад ё туро.

 

***

 

Бо ту беьтарин айёми ьаётамро ба сар кардам. Туро дуст медорам, на барои он ки беьтарин рузьоям бо ту гузашт, боиси муьаббати ман нисбати ту он аст, ки бадтарин лаьзаьои умрам низ бо ту сипар шуд.

 

***

 

Шаб нисф шуд, дар чашмам хоб нест, на аз бехобц дилгирам, маьзун аз онам, ки чун маро хоб бибурд ва субь аз хоб бархезам туро дар жанбам намеёбам.

 

***

 

Чц беьтар аст, агар ту уро дуст дорц ё вай ошиыи ту бошад? Агар ьарду ошиыи ьамдигарем беьтар ин аст.

***

 

Дар сафинаи зиндагц ьамроьи дустонамон сайру тамошо мекунем, вале чун киштии зиндагц ба садама дучор шуд падару модарро ёд мекунем ва аз эшон мехоьем, ки онро таъмираш кунанд.

***

 

Хурсандиро бо дустон, мушкилц бо волидон

 

***

Беьтарин муаллим ин фарзанди мост.

 

***

 

Соьиби тифл шудан осон аст, мушкил тарбияи дурусти уст.

 

***

 

Гузашта гузашт, оянда меояд, имр=зро ыиммат шумор.

 

***

 

Хурсандии ман дидани хурсандии фарзандам аст.

 

***

 

Чун фарзанд бетамиз гашт падару модар ранж мекашанд ва дуо мекунанд, ки фарзанди эшон ислоь гардад, яъне эшонро умеде ьаст, ки р=зе жигарбандашон соьиби тамиз мешавад. Аммо чун падару модарро тамиз нест, ранжи фарзанд гаронтар аст ва уро ьеж умеде нест, ки волидонаш ислоь ёбанд.

 

***

Аз бухл бадбинц ибтидо меёбад аз бадбинц бадг=ц зояд.

***

 

Ьасуд ба маысуд нарасад ва бахт уро напояд.

 

***

 

 Таньо = метавонад ба саодати воыец бирасад, ки вужудаш аз бухл афиф бошад.

 

***

 

 

Тифли якруза вараыеро монад, ки дар он чизе нанавишта, фарзанди бистсола китоберо монад, ки муаллифаш падару модари уст.

***

 

Хабаркаш онест, ки тамоми вужудаш таслими ьасад гардидааст.

 

***

 

Зане гуфт: хушдоманам бадг= буд, духтаронаш бошанд бадх= буданд, шавьарам марди хуб нест дилгирам аз = арусонам ьам маыбули дилам нестанд. Аз падарам ранжидаам, зани додарамро дуст надорам. Мани бечора ьамеша дар азобам ьатто писаронам ьам зани худро дастгирц мекунанд, то кай азобам медиьц худоё!оыиле нолаи ин занро шунид ва гуфт:

Эй зан агар ту худ нексиришт мебудц ьеж гоь дар атрофиёнат бадиро намедидц. 

 

***

 

Чашми сар чун хира гардад айнаке мушкилкушост

Мубтало бар ин алам чун чашми дил, бояд чц кард?

 

***

 

Мехоьам дузд шавам, дузди щамьои ту. Хоьам ыотил бошам, ыотили марги ту.

 

***

 

 

Таньо ба он суханон бовар мекунем, ке мехоьем бовар кунем.

 

***

 

 

Рашк натижаи вужуд надоштанц боварист, чун боварц нест чаро зиндагц мекунем.

 

***

 

 

Мо дигаронро таньо барои манфиатьои худ таъриф мекунем.

 

 

 

 

Фарзона духти Саидумрон

 

Категория: Мои файлы | Добавил: bboy
Просмотров: 2498 | Загрузок: 0 | Рейтинг: 3.0/4
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]