Главная » Файлы » Мои файлы

Чашмаи пок
11.11.2013, 21:32

Чашмаи пок

Аз фаром=шони зери хок будан мушкил аст,

    Ваыти он кас хуш ки чун мирад, касе ёдаш кунад.

                                               Салими Теьронц

Устоди равоншодамон Абдулманнони Насриддин дар ёдномае, ки ба реьлати шоири тавонои тожик Лоиы Шералц таьти унвони «Офтоби маърифатро наыл нест» навишта буданд воыеаи муассиреро зикр менамоянд, ки ба умыи маънии он таньо баъди марги устод даррасидам:

       «Донишманди баландпоя Жоруллоьи Замахшарц шеъри ьакимонае дорад дар марсияи устодаш Аб=мазар

       Ва мегуфт ин марворидьои ашк чист?

       Ки аз чашмонат х=ша - х=ша  мерезанд?

       Гуфтам: - ьамон марворидьоест, ки Аб=мазар дар г=шам карда буд ва инак аз чашмам  фур= мерезанд».

Ваыте ин навиштаьоро мехондам, аниытараш ба компутер мечидам (банда хушбахтона, таи чанд сол камтарин ьуруфчини маыолаву китобьои устод будам) ба моьияти ин суханьо он ыадар ьам сарфаьм нарафта будам, магар ваыте ки ин ьолат бо ман р=й дод. Яъне замоне, ки хабари даргузашти устоди азизу аржманд – устоди бисёре аз адабиётшиносон, чарощи маьфильои илмиву адабц, устоди мисли падар меьрубону щамхорро шунидам, аз чашмони ман дурдонаьои ашк мерехтанд ва он дурдонаьо шояд ьарфьои ьакимона, насиьатьои падаронаи он кас буд, ки пайваста ба г=ши мани шогирд мерехтанд.

        Марги устод зарбаи дигари таыдир буд баъди марги волидайн ва ман дарк кардам, ки устод дар радифи наздиктарин инсоньо – падару модар меистодааст. Ва инак, чун тиловати каломи раббонц мекунам, дар радифи волидайн ба устодам – падари маънавиам мебахшам. Худованд дар жавори раьматаш пайваста гардонад.

        Ман аз зумраи он хуштолеътарин инсоньое ьастам, ки шарафи шогирдии устоди беназир Абдулманнони Насриддинро доштанд. Дар зиндагц насиби ман гаштааст, ки аз дарси адабиёт ва муьимтар аз он, аз дарси одамияти устод бархурдор гардам. Хушбахтии худро ман боз аз он медонам, ки аксари маврид аввалин хонандаи нигоштаьои устод будам. Одати устод чунон буд, ки навиштаьои худро дар вараыаьои зарди газетц сабт мекарданд ва саьфаи кощазро мунсифона пурра истифода мекарданд. Ва гоьо ба ш=хц мегуфтанд, ки ин ьам як намуди сарфаву сариштагц ьаст. Воыеан, ьусни хати зебое доштанд устод ва хондани он осон буд. Бароям гуворо буд, агар баъди чопи маыола ё маър=за устод «Офарин» ё «Бале, духтарам» г=янд. Агар бещалату саьеь корро ба анжом расонида бошам, чеьраи ыаноатманди устод ба ман руьи тоза мебахшид. Устод ба навиштаьои худ сахтгир буданд. Ьар дафъа баъди бозхонди маыолаьои илмц дар таьриру такмили он чанд р=з машщул мегаштанд. Мегуфтанд, ки хурдтарин маыолаи илмц ба масобаи як осори бузург аст, аз ин р= ажала дар табъу нашр кори оыил нест.

        Ьар як с=ьбат, ьар як сухани устод худ дарси одамият буд. Суханьояшон аз забони он кас ба дили шунаванда жой мешуд. Набуд нишасте ё с=ьбате, ки мо, шогирдон бо устод доштему дар он як ьикмати пурбаьои зиндагц набошад. Ин ьарфьои устод дар бораи ом=згор ьамеша дар г=шам садо медиьанд: «Муаллимро ман ба чашмае монанд мекунам ва шогирдони =ро бошад, ба ж=якьо. Муьим он нест, ки оби ж=якьо тоза бошад, балки муьим он аст, ки чашма поку бещубор бошад. Он гоь бо софии худ оби ж=якчаьоро низ тоза хоьад кард». Ва илова мекарданд: «Шумоён низ дар зиндагц к=шиш намоед, ки он софиву покии чашмаьои меьру муьаббату одамиятро аз даст надиьед». Ва ин гуфтаьои устод шиори зиндагиам мебошад. Охир ман муаллим ьастам, ом=згор ва муьимтар аз он - шогирди Абдулманнони Насриддин.

        Дар кафедра устод чунон анъана жорц намуда буданд, ки ьар ьафта р=зи жумъа мажлиси кафедра доир мегашт ва баъд аз он сари як пиёла чой ьамаи шогирдон ба ьам меомадем. Маысуд аз ин нишаст шогирдонро ба ьам жамъ овардан, бо ьам аьлу тифоы кардан буд. Ваыте як нафаре аз шогирдон  дар он нишаст ьозир намешуд, ьатман он шогирдро ба воситаи телефон ёфта, пурсон мешуданд, ки чаро дар мажлис ьозир набуд? Ин боз як нишони бузургии устод буд. Охир устод кужову мо барин шогирдони камтарин? Мехостанд, ки ьама саржамъ бошем.

        Нишасти охирин ьеч аз хотирам намеравад. Устод бо вужуди беморц дар р=зи жумъа дар соати муыарраршуда ьозир шуданд. Ба ьар яки мо – шогирдон китоби охирини худ – «Бо корвони нур»-ро таыдим карда буданд.

        Ьафтаи дигар чун устод ба кафедра наомаданд, мо, шогирдон ба аёдати он кас рафтем. Дар ьавлиашон дар пешайвоне, ки утоыи кории устод буд, ончунон саргарми с=ьбат шудем, ки ьатто гузашти ваытро нафаьмидем. Боз дар охир ш=хикунон гуфтанд, ки: «Мани бемор ьамаи шумоёнро хаста намудам». Наышаьои зиёде доштанд он кас. Бо вужуди бемории вазнин ба он тан додан намехостанд. Бо як болидагц сухан мегуфтанду наышаьояшонро мекашиданд

        Амри таыдир чунон будааст, ки ман охирин шогирди расмии ьимоянамудаи устод бошам. Р=зи дифоъ – 12-ми декабри соли 2010 он кас ба мажлисгоь ьозир шуданд, ки чеьраашон шод, табъашон болида буд. Ман шодикунон наздашон рафта гуфтам, ки: «Устод, дуо кунед» Он кас гуфтанд: «Духтарам, дуои ман доимо бо ту аст. Намебинц, имр=з баъди чанд ваыт худам мустаыилона ба аспам (мошинашонро дар назар доштанд) савор шуда омадам. Ту нащз ьимоя мекунц. Ман ба ту бовар дорам» Он р=з аз дифоъи рисола не, аз ташрифи устод хурсандц доштам. Мажлисгоь бо он кас пур буду ыуввату нер=и ман р= ба р= менишаст.

        Дар мизи мудавваре, ки бахшида ба нишасти 100-умин маьфили «Ганжи сухан» баргузор гашта буд, чанд нафар аз шогирдону донишж=ён зикр карданд ки оньое, ки аз устод Абдулманнони Насриддин дарс гирифтаанд, хушбахт ьастанд. Бале, моро Худованд аз фазилату шарофати он шахси беназир баьраёб кард ва бояст, ки дар зиндагиву кор шоистагии онро дошта бошем, ки моро шогирдони сазовори он бузургвор бидонанд. Ва ин альамде хоьад буд ба р=ьи бузурги устоди мо.

                                        Мавлуда Неъматова, номзади илмьои

                                        филологц, дотсенти кафедраи

                                        адабиёти классикии тожик

 

        

Категория: Мои файлы | Добавил: bboy
Просмотров: 905 | Загрузок: 0 | Рейтинг: 2.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]