Главная » Файлы » Мои файлы

Ёднома
11.11.2013, 21:38

                                               Ромизи Абдуллоњ

    Илњом  Эшонзода

"Ситорае бидурахшиду моњи маљлис шуд”

                                        Њам ба ќадри софї аст оина тимсолошно,

                                Фањми зотї гар набошад, њеч кас устод нест.    Бедил

 

Абдулманнони Насриддин бо ишќу алоќа ва кўшишу ковишњои пурмояаш њарчанд љойгоњои муайянеро дар адабиётшиносї ва наќду баррасии осори адабї ба даст овардааст, вале вусъати нигоњаш бо анљоми њамин гуна масъалањои муњими суханшиносї хотима намеёбад, балки бо ташаббусњо ва ибтикороту барномарезињои пайваста оид ба эњёи анъанањои деринаи адабиёти форсї, таъсису поягузории иртиботи фарњангї, пайванди риштањои гусастаи њавзањои адабї фарох шуда, ба як мактаби бузурги илмиву адабї табдил ёфтааст, ки имрўз дар мењвари худ суханварону муњаќќиќони соњибному соњибунвони њавзаи адабии шањри Хуљандро гирд овардааст ва оташи мењру ихлоси љавонони ин минтаќаро нисбат ба шеъру адаб ва таъриху фарњанги ниёгон фурўзон намуда, оинаи барќади ањли фазлу њикмат гардидааст.

Таъкид бояд намуд, ки бо фурўпошии империяи мафкуравии Иттињоди Шўравї аз рўи муборизаи манфиятљўёнаи абарќудратњо кишвари тозаистиќлоламон ба дасти зимомдорону мансабталошони дохилї афтода, як нуктаи асосии љанги шањрвандї дар минтаќаи Осиёи Марказї шуд.

Бар асари ин њодиса ва оѓози раванди муњољиршавии оммавї рўшанфикрону суханварон тарки љою манзил карда, як муддат аз ёру диёри хеш худро канор гирифтаанд. Бо ин кохи баланди илму маърифат то андозае дар ин давра газанд ёфт, эњсос мешуд, ки њамин раванд ба доираи инкишофи тафаккури љавонон то андозае  мушкилї эљод мекунад ва њамин тавр њам шуд, љойи мутолиаи китобро муносибати нодурусти љавонон бо компутер ва бозињои электронии интернет гирифт.

Ибни Ќурбон дар китоби «Дар дуроњаи фано ва эњёи миллати ќадим» (Душанбе, 2007 сањ. 446 – 450) њамчун барномаи эњёи маънавии миллати тољик ба маќомоти баландпояи давлатї хулосањояшро чунин пешнињод мекунад, ки ба таъмини истиќлоли фикрї, вањдату ягонагї ва иттифоќу якпорчагї мусоидат мекунад: «Миллатро ба таври оммавї «иљборан» бояд китобхон кард»; «Таъсиси фурўшгоњњои бузурги китоб дар маркази пойтахт»; «Љорї доштани таълими њатмии расмулхати форсї дар макотиби таълимоти њамагонї ва шурўи њарчи зудтари он аз масъалањои муњими рўз аст»; «Бо ширкати якљояи забоншиносони Эрону Афѓонистон луѓатномаи фаврии забони форсї тартиб дода шавад»; Хушбахтона дар соли гузашта расман ифтитоњи «Китобхонаи миллї» бо маљмўи беш аз як миллион адад маъхази муњими соњањои гуногуни улуми инсонї ва имсол «Осорхонаи миллї» бо фароњамсозии натиљаи тањќиќоти муњими таърихї ва бозёфтњои арзишманди археологї сурат гирифтанд.

Чунин ибтикорот ва ташаббусњо дармони љароњатњои љонкоњи солњои навадуми халќи тољик дар марњалаи тамоман нави тавсияву љањонишавии тамаддуни башарї мегардад.

Њарчанд, хулосањои амиќу арзишманди бунёдии ањли зиё ба Њукумати марказї доир ба њамин гуна масъалањои муњим, аз љумла, баландбардории сатњи маърифативу љањонбинї, рўоварї ба бунёди муассисањои бузурги илмиву фарњангї бо чунин роњу равиш сурат мегирифт, вале ин њам андак андак дар тамоми гўшаву канор њамовозї пайдо карда, бо усули роњандозии барномањои мушаххас дар минтаќаву доирањои адабии дигари кишвар, бахусус, дар њавзаи адабии шањри Хуљанд бо њаракату дархостњои устоди зиндаёдамон, профессор Абдулманнони Насриддин рўи даст гирифта шуд.

Устод Абдулманнони Насриддин ба падидањои тозаи адабиётшиносї нигоњи хос дошт аз ин љињат, костагињои таълиму тарбия ва илму адаби форсї тез ба чашмаш меомаданд. Њанўз дар замони Иттињоди Шўравї соли 1986 дар «Газетаи муллимон» маќолаи «Гулистон»-ро чи тавр меомўхтанд» ба нашр расид, ки як андоза барномаи љорисозии таълимоти афкори суннатиро дар мисоли китоби «Гулистон»-и Шайх Саъдии Шерозї ба низоми мактабњои олии Иттињоди Шўравї пеш гузошта буд ва чун дид, ки дар солњои баъд, бахусус, давраи соњибистиќлолї љомеа дар як марњалаи хароби маънавї ќарор дорад бо ташаббуси шахсиаш наќшаву барномањояшро такмилу маљмуъ карда, мањфили сайёри «Ганљи сухан»-ро бо маќсади тарѓиби китоб бо њамдастї бо МИЊД вилояти Суѓд таъсис дод.

Ормонњои устод Абдулманнони Насриддин тайи фаъолияти мањфили мазкур амалан то фурсатњои охирини умр татбиќ гадиданд. Осори адабию илмии мањфили «Ганљи сухан» дар њаљми се љилд зери назари устоди равоншод бо муќаддимаи муфассалу пурбор бо бардошту натиљагирињои илмиашон дар љараёни баргузории мањфил аз чоп баромаданд.

Мо ќабл аз ин њам бо њамин гуна талошу кўшишњои устоди равоншод Абдулманнони Насриддин дар паси мизи донишљўї шарафи шунидани суњбатњои устодони фаќиди суханро, амсоли Шоири халќии Тољикистон Гулназар, муњаќќиќи эронї доктор Сайид Алии Мусавии Гарморудї, олимон: Абдунабї Сатторзода, Мирзо Муллоањмадов, Абдулхолиќ Набавї, Юсуф Акбарзода, Дорои Дўст ва дигарон ба даст оварда будем.

Ба устод дили алоќамондон ва њаводорони адабиёту њунар гарм буд, ѓараз надоштанд, баракс дар мењвари мањфили «Ганљи сухан» гирд омада, ба бедорсозии мењри китоб, мутолиаи пайвастаи маъхазњо ва сарчашмањое, ки шуњрати љањонї пайдо кардаанд, интихобу маънигузорињои ашъори суханварон, ќироати шеърњои муосирон ва наќди назму насри нависандагону шоирон, пешкаши намунањои бењтарини суруду таронањои њофизон аз дастањои њунариву касбии ќаламрави вилоят кўшиш менамуданд.

Мо наѓз дар хотир дорем, ки ташаббуси аввалин аз љониби устод Абдулманнони Насриддин оид ба интихоби мавзўи гузориш дар яке аз мањфилњои «Ганљи сухан» зоњир гардид ва устод дар доираи маќому манзалати Шайх Саъдии Шерозї маърўзаи илмї доштанд, ки то њол муњтавояш дар хотирамон наќш бастааст. Бидуни тардид метавон гуфт, ки дар бораи Шайх Саъдї (њарчанд он гузоришот чоп нашуд) мисли устоди арљмандамон касе натавонист рољеъ ба ашъору афкори Саъдї маълумоти муфасал дошта бошад ва ба он ишќу алоќаи зиёд барќарор кунад.

Абдунабї Сатторзода низ дар як љаласаи мањфили мазкур рољеъ ба муњтавои ашъори Лоиќ маърўза доштанд, ки бисёр љолибу хотирмон буд ва чашми муњаќќиќони њавзаи адабии шањри Хуљандро нисбат ба илму адаб кушод ва диду нигоњашонро фарохтар кард.

Устод Абдулманнони Насриддин мегуфтанд, ки як маќола ё як суњбати созанда ё мутолиаи як китоби хуб роњу равиши шуморо дигар мекунад ва дар самти тањќиќ ба афкору андешаатон бетаъсир намемонад. Ин њарфи созандаи устод воќеан як байти Шайх Саъдиро ба хотир меовард, ки муљиби њоли мо барин шогирдони камтарини устоди равоншодамон Абдулманнони Насриддин буд:

Њар дам, ки дар њузури азизе бар оварї,

  Дарёб к-аз њаёти љањон њосил он дам аст.

Воќеан, њузури ин азизону номоварони илму адаб њосили њаёти ширини давраи донишљўиамон ва маргашон ба ќавли њазрати Бедил "љањонеро далели кулфат” будааст.

Њазрати Алӣ (разияллоњу анњу) мефармоянд, ки: «Як донишманд аз шахси рӯзадору  шаббедор бартар аст ва бо марги як донишманд дар Ислом шикофе меафтад, ки ҷуз бо ҷонишине аз вай пур намегардад. Ин ҳама ҳеҷ аз ғуруру худписандӣ намебошад, зеро Худованд дар Лавҳ-ул-маҳфуз нигоштааст, ки: нестии ин дунё ва вайронии он вобаста ба марги олимони он аст» (Ањамияти илм ва фазилати донишмандон. Гирдоваранда Муњаммадзарифи Абдулмаљид. Islamnouse.com-2010-1431.-С. 3-4).

Фарогирии мавзўоти муњиму мушаххас фазилати муњими маърўзакунандагони анљумани сайёри «Ганљи сухан» ба њисоб меравад.

Тавассути гузоришоту суњбатњои муфиди устодони донишкадаи суханшиносии ДДХ ба номи академик Бобољон Fафуров  равзаи њикмату ирфон ба рўи њаводорони каломи бадеъ кушода мегардид.

Мањфили «Ганљи сухан» масъулияти хирадгарої ва маърифатпарварии шањри бостонии Хуљандро баъди асрњову солњои сахту сангини таърихї ба намоиш гузошт ва наздики дањсол аст, ки он бо шарофату сарварии муассиси ин мањфил ба маркази илму маърифат мубаддал мешавад. Орзуи деринаи устод буд, ки дар шањри Хуљанд аз нав мањфилњои мавлавихониву њофизхониву, бедилхонї эњё гардад. Ба доманаи тањќиќ кашида шудани масъалањои умдаи мавзўиву њунарии дафтарњои алоњидаи «Маснавии маънавї», рамзу киноёти девони ашъори Бедили Дењлавї, вижагињои услубии «Гулистон»- и Саъдї, ояњои ќуръонии  ѓазалиёти Камоли Хуљандї, посдории забони модарї дар оинаи васоити ахбори умум, арљгузории сарчашмањои адабиётшиносї, муаррифии нусхањои боэътимоди осори ќаламиву чопии дохиливу хориљї, наќду наќќодї, бањогузорї ба дурустии тамоюлоти насри муосир, ташкили суњбатњои шоирон заминаи мусоиде барои љалби таваљљуњи суханварони номовари риштаи суханшиноси фароњам овардааст. Ин омил ба як маркази илму адаби кишвар табдил ёфтани њавзаи адабии Суѓд кўмак мерасонад. Бањром Мирсаидов дар маќолаи «Сад барг аз гулистони маърифат» чунин менависад: «Ёдам њаст, ки баъди суњбату мулоќот ва пазироии гарм пешроњони илми суханшиносии кишвар, амсоли Муњаммадљон Шакурии Бухорої, Расул Њодизода, Худої Шарифзода, Абдунабї Сатторзода, Бањриддин Камолиддинов, Мирзо Муллоањмадов, Абдулхолиќ Набавї, Юсуф Акбарзода ва љамъи азизон таъкид менамуданд, ки њоло Хуљанд рисолати таърихии марказњои бузурги ќадими тољикон- Самарќанду Бухороро дар худ таљассум кардааст. Ташрифу сафарњои хидматии донишмандони эронї, ки то замони таъсиси анљумани илмиву адабии «Ганљи сухан» ба шањри Хуљанд иттифоќ афтода буд, бори дигар моро аз он мутталеъ менамуд, ки мањз ба фазлу хиради олимон метавон обрўву эътибори њавзаи адабии Суѓди бостонї ва кулли кишварро муаррифї намуд» (Бањром Мирсаидов. Сад барг аз гулистони маърифат.-Нури маърифат.-С. 2).

Устод њам ваќте дар мавриди муайянсозии заминањои илму адаби форсї андешањояшонро баён мекарданд, бештар ба як маркази илму маърифат табдил ёфтани шањри бостонии Хуљанд ишора карда, ифтихор менамуданд, ки имрўз низ он њамчун шамъи анљумани адабиёту њунар ва фарњангу маориф дилњои пурумеду пурдарди миллати бисёр зањматкашу зањматпешаамонро, ки дар аъмоќи таърих озори зиёд дидаву зањрњои њалокатбору љонкоњи аљнабиёнро тањаммул варзидааст, мунаввар месозад. Боре як равшанфикри тољик бо ифтихори шањрдориву фарњанги шањрсозї тамоми ормонњои худро дар мисрае  љой додаву, гуфта буд, ки: «Душанбе њам Бухоро шуд муборак» ва имрўз њам ин шањри бостонии Хуљанд њамон асолати таърихиеро, ки дар марказњои бузурги илму маърифат- Самарќанду Бухоро вуљуд доштанд, эњё намуда, рисолаташро дар баробари Душанбе, ки пойтахти Тољикистон аст, анљом дода истодааст.

Агарчи ин хоку марзи поки аљдодї тўли асрњо бо вуљуди азизоне чун Абўмањмуди Хуљандї- ситорашинос ва донишманди илмњои даќиќ, Шайх Маслањаддини Хуљандї- ориф ва пешвои мазњабу дин, Камоли Хуљандї- шоир ва мутафаккири бузурги асрњои XIII-XIV руњу љони моро болида месозад, номи устодони соњибилму соњибфазилатамон ба монанди  шодравон Абдулманнони Насриддин ва кулли азизони дигар шуњрату шони ин боргоњи суханпарвару суханофарро ба дурињои дур ба Шерозу Машњад, Табрезу Кошон, Ќунияву Тошканд мебарад.        

Устод Абулманнони Насриддин бо таълифи «Тазкираи шуарои Хуљанд», ки бо хати форсї дар Эрон чоп шуд, наќши созандаву барозандаи намояндагони барљастаи адабиёти форсиро, ки дар ин љо арзи њастї кардаанд, ба таври шоиста нишон дода, ишќу алоќаи пайвастаи хешро њамчун меросбару парчамбардори халќу миллати хеш зоњир намудааст, ки ин њам як муњаббатномаи фарзандони маърифатдўсту фарњангпарвари шањри бостонии Хуљанд нисбат ба зодгоњашон мебошад.       

Дар фароварди ин навишта метавон гуфт, ки барои муаллифони ин сатрњо саодати бузургест, ки дар фосилаи машѓулї ба навиштани рисолаи илмї њамеша аз кўмаку ёрмандї ва маслињатњои судманди доктори илмњои филологї, профессор Абдулманнони Насриддин ва аз иштирок дар мањфили эшон бањрањои фаровон бардоштаем.

Ќабл аз њама, хидмату ёрмандии устоди равоншод, Абдулманнони Насриддинро, ки дар дилњои мо чароѓи маърифатро фурўзон намудаанд, дар ташвиќ ба роњи ростини илм ва шинохти ќадру манзалати сухан ба назари тањсин нигариста, тавфиќоти охирати эшонро дар хидмат ба фазлу адаб аз Њазрати Офаридгор масъалат менамоем.

              Зиндаву љовид монд, њар кї накўном зист,

             К-аз аќибаш зикри хайр зинда кунад номро.

                                              

 

Категория: Мои файлы | Добавил: bboy
Просмотров: 1281 | Загрузок: 0 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]