Главная » Файлы » Мои файлы

Кони ганч
11.11.2013, 21:30

КОНИ ГАНЖ

        Баъд аз анжоми р=зи корц ман  одатан пиёда то хона роь мепаймудам ва баъзан гузарам, ки аз назди бинои факултаи филологияи тожик буд, ба кафедраи адабиёти классикии тожик, ба назди Абдулманнони Насриддин медаромадам.

Абдулманнони Насриддин то беваытии р=з дар кафедра нишаста, машщули мутолиаи китобу мажалла ва ё навиштани маыолаьои илмц мешуданд. Маро дида хуб пазироц менамуданд ва ьарду машщули с=ьбатьои доманадору бардавом мегаштем.

Д=стии ману  Абдулманнони Насриддин ьоло соли 1974 ваыте ки ман ноибректори корьои илмии донишкада таъин шуда будам, ощоз гардида буд. Он ваыт Абдулманнони жавон баъд аз хатми донишкада вазифаи муьаррири р=зномаи «Маьорати педагогц»-ро дар д=ш доштанду машщули тадыиыоти илмии соьаи лущатшиносц буданд ва ба масоили нашри корьои илмиашон ва ё сафар ба пойтахтамон бо ман маслиьат менамуданд.

Абдулманнони Насриддин бо як хулыу атвори ьамида, бо суханронии идрокона, бо жиддияту табассуми гарми ба худ хос аз дигарон фары карда меистоданд. Мавсуф к=шиш менамуданд, то ягон даыиыае беьуда масраф нагардад, ыариб ьар р=з оид ба китобу маыолаьои нави мутолианамудаашон с=ьбат менамуданд. Муьаббату дилбастагии он кас нисбат ба ом=зиш чунон бузург буд, ки ьангоми сафи артиш сафарар шудану адои хизмат намуданашон дар ким-кадом кунжи Сибири Русия, аз ман хоьиш менамуданд, ки барояшон адабиётьои навро тавассути почта ба он кас фиристонам.

Ман шоьиди ьар комёбиьои илмии Абдулманнони Насриддин будам, чунки аз сафарьои илмц, аз ьифзи рисолаьои номзадиву докторц ва нашри асарьояшон мунтазам хабардор шуда меистодам.

Р=зе ьангоми вох=рц сухан дар бораи «Маснавии маънавц»-и Мавлавц рафту ман «чц мешуд агар маьфиле созмон дода шавад, ки ман барин шахсони адабиётд=ст барои чуыуртар огаьц доштану мавриди барьрабардорц намудан аз абёти бузурги ниёгонамон, аз «Маснавц»-и Румц, «Гулистон»-у «Б=стон»-и Саъдии Шерозц, щазальои Ьофизи Шерозиву Камоли Хужандц имконият дошта бошем»- гуфтам.

Абдулманнони Насриддин як табассум намуда, «Муаллим, аллакай дар арафаи созмон додани чунин маьфил бо номи «Ганжи сухан» ьастем. Худо хоьад, аз ьафтаьои оянда фаъолият ощоз мегардад». Дере нагузашта он анжуман ба дунёи ьастц ыадам гузошт ва аз он ифтихормандам, ки яке аз иштирокчиёни аввалини он ба шумор меравам.

Баъзан баъд аз ба итмом расидани жамъомад бо Абдулманнони Насриддин доир ба гузоришьо фикру аыидаьо, саволу жавобьои мухталиф мавриди баьс ыарор дода мешуд. Чаро-чароьои бисёре буд, ки баъзеи ононоро ин жо ман меорам.

1.Санаи 15-уми октябри соли 2004 дар маьфил олими боистеъдод Ьалимжон Зоиров оид ба эжодиёти Фахриддини Ироыц суханронц намуд. Он ки доир ба гавьари ишы –амонати Худованд, ки инсон бар д=ши худ гирифту осмону к=ььо ба он журъат накарда буданд, ибрози аыида намуда шуд. Дар фаржоми мусоьиба касе шеъри шоиреро ёдрас намуда, ки «ишы ьам пир мешудааст».

Чаро пир мешудааст? Агар ин ишыи заминц бошад, мумкин. Вале ишыи заминии ьаыиыц ьаргиз пир намешавад. Аммо ишыи ьаыиыц бо синну сол пурыувваттар ва тавонотар мегардад, чунки он ишыи волои илоьц аст. Ишыи заминц аз ишыи элементарц нисбат ба хона, волидайн, обу ьаво ва щайра то ишыи Худованд ба камол мерасад.

2.Шоир изьоркунандаи эьсосу руьияи мардум аст. Аммо чунин менамояд, ки баъзе шоирон назди худ ягона маысад гузоштаанд – ин ьам бошад, оби чашми шунавандаро баровардан асту он г=ё даражаи олии устодц бошад. Дар мусобиыаьои варзишц амали мамн=ъ мавжуд аст. Тори нозуки руьонии шахсеро с=иистеъмол намудан низ амали мамн=ъ бояд бошад.

Чаро баъд аз тамошои филмьои ьиндц тамошобин бо чашми аз гиря варам аз толор мебарояд? Чаро ьар як сароянда «оь модарам, оь падарам» г=ён оби чашми шунавандаро жорц менамояд? Охир ыувваьои ниьонии инсонро ба боварц ба нер=ю тавоноии худ, ба бунёдкориву навоварц бояд сафарбар намуд.

3.Чаро баъди ыироати шеъре аз тарафи шоир, мардуми дар толор нишаста кафк=бц менамоянду баъд аз тамом шудани вох=рц ыариб 90 фисади иштирокчиён доир ба мазмуни шеърьои шунидаашон чизе гуфта наметавонанд?

Ба ин чароьо Абдулманнони Насриддин пухтакорона жавоб дода, дар ман ьисси ыаноатмандц пайдо менамуданд.

Баъд аз тамом шудани яке аз маьфильои «Ганжи сухан» мухбири радиои вилоятц мурожиат намуда пурсид, ки иштирок дар маьфильо ба ман чц медиьад? Ман чунин посух додам:

Мепурсед, ки мо ин жо бо чц кор машщулем? Ин жо мо худро месозем. Ман г=ё дарвозаи ташвишьову щамьои зиндагиро маькам намуда, ба дарёи нарму гарми шеъру сухани воло побараьна ворид мешавам. Гарчанд ба жойьои чуыури дарё рафтан ыувват надорам, чунки шино ба осонц наметавонам кард.

Ин жо олимони даыиыкору сухандонони нозукбин жамъ меоянд ва онон дарки он доранд, ки як заррае чизи нав ёфтану кашф намудан чи хурсандиву шодиву фараь меоварад. Ьар як байти шоир мазмуни фалсафии ьаёту зиндагц дорад ва ин кашфи зиндагц, кашфи олами инсон, кашфи худу Худои худ аст. Ьамаи инро баён ва дастраси дигарон кардан вазифаи олц ьисобида мешавад.

Маьфили «Ганжи сухан», ки ыариб дар тамоми г=шаву канори вилоят фаъолият бурдаасту онро хуб мешиносанд, бешубьа, дар тарбияи мардум ва тарщибу ташвиыи мероси гаронбаьои гузаштагонамон хизмати шоистае кардааст ва карда истодааст.  Ин маьфил худ як ёдгорц аз олиму донишманди забардаст, инсони поквиждону боинсоф, шахси нотакрор Абдуламаннони Насриддин аст, ки худ кони ганж буданд.

                                       Саидов Ьайдар, дотсенти ДДХ

                                  ба номи акад.Б.Щафуров

 

Категория: Мои файлы | Добавил: bboy
Просмотров: 1020 | Загрузок: 0 | Комментарии: 3 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]