Главная » Файлы » Мои файлы

Маърифати як шеъри шоир Суруш
11.04.2012, 19:35
.Санаи 13-апрел рузи мавлуди шоир ва адабиётшинос Абдучаббори  Суруш мебошад .Он касро бо ин рузи фархундаашон муборакбод мекунем  ва  маколаеро дар бораи  як шеъри эшон манзури шумо мегардонем. 

С. Саидов,

номзади илми филология, дотсент

 Т. Султонї,

 номзади илми филология, дотсент

 

Маърифати як шеъри шоир Суруш

 Шоир Абдуљаббори Суруш солиёни зиёдест, ки дар ќаламрави шеър устуворона ќадам мезанад ва њосили зањамоти ў дар маљмўањои «Фарёди силсиллаи хомўшї»(соли 1997), «Симоби мањбус»(соли 1998), «Салиби сафед» (соли1999) ва «Љазираи танњої» (соли 2009) гирд омадаанд. Гузашта аз ин, таълифи «Фарњанги ашъори Камоли Хуљандї»  дар ду муљаллад ва тањияи девони Камоли Хуљандї дар асоси нусахи гуногун, ки бар асари талошњои пайвастаи шоир Суруш омодаи чоп гардидаанд, чењраи ўро њамчун адабиётшиноси даќиќназар низ муаррифї мекунанд.

Суруш шоирест, ки дар эљоди шеър бештар ба мазмуну маънї меандешад ва дар ин роњ марзу бумеро намешиносад. Олами андешањои ў дарёест пурталотум, ки љўёи маљроњост, ошуфтаву вањшиёна ба дарањои нопаймуда роњ гирифтааст. Бо ин тундиву девонагї гоње ба дуртарин зовияи шањри асотир роњ мељўяд, гоње дар биёбонњои тафсон пайи Маљнун гирифтааст, гоње дар хиёбонњои хомўшу чароѓони шабонгоњии шањри тафаккур сайр менамояд, гоње дар кўчабоѓњои сабзи баъди борон ќадам мезанад. Дар маљмўаи ашъори Суруш дар баробари шеъри ба истилоњ нав шеърњои суннатї дар жанри ѓазал ва соири анвои шеърї фаровон дида мешавад ва мерасонад, ки новобаста аз шакили шеърї њамвора дар талаби маонии бегона ва ѓариб дар диёри тафаккур гом мебардорад. 

Суруш аз тасвире ба тасвир, аз образе ба образ ва аз шеъре ба шеър њамвора дар такомули эљодист. Доктор Муњаммади Њуќуќї дар пешгуфтори ба китоби Сўњроби Сипењрї навиштааш таъкид менамояд, ки «Шоирон… даврањои мухталифи шеърї доранд. Ва ин адвор аз давраи љустуљў то  давраи ёфтани хатти фикрии мушаххас ва забони шеърии мухтасс имтидод меёбад. Ва саранљом чи аз назари фикр ва чи аз лињози забон ба мартабае мерасад, ки шеъри ў бе имзо низ шинохта мешавад. мунтањои маротиб ин ки бархе аз инон даврањои шеърии бештаре доранд ва ба иборати дигар, сайри тадриљии фикр ва забони шеъри онон мушаххастар аст. Мисли Нимо ва Шомлу ва Ахавон ва Сипењрї ва Фурўѓ(камтар), ки аз њамон давраи аввали шоирии худ ногањон љањиш мекунад ва ба «таваллуде дигар» мерасад». Пиндорњои шоиронаи ашъори Суруш  низ аз маљмўае ба маљмўаи дигар интиќол меёбанду такрори њам нестанд ва њамвора дар такомуланд. Ба гунае, ки тасвири як образ дар марњалаи аввали эљодии Суруш инсонест, ки фаразан ба офариниш меандешаду дар олами шаку шубња ва тањайюр ќарор дорад. Дар марњалаи сонї ў инсонест, ки дар маркази воќеаву њаводис ќарор дорад, мустаќилона меандешаду муњокима меронад, шаккоку густох љўёи олами асрор аст. дар марњалаи сеюми камолоти тафаккури шоир образи мазкур таљассуми хиради љањонбин аст. дар ин сурат, на танњо образу андеша такомул меёбад, балки шакли шеърї низ инкишоф ёфта, ба дараљаи шеър-достон мерасад. (Ниг. «Шаби меърољи пирамарди гунг»).

Тасвирњои шоиронаи шеъри Суруш аксаран заминаи заминї дошта, њосили љусторњои мўшикофонаи ў мебошанд. Аз сурудањои шоир метавон силсилаи образњо ва тасвирњои зебои шориронаро ба мушоњида гирифт, ки љанбахои ќавии њунарї ва маъної дар онњо муљтамеъ гаштаанд.

Мо дар зер танњо бо баррасии як шеъри шоир Суруш мепардозем, ки  «Гули ишќ» ном дошта, баёнгари тавони њунарї ва истеъдоду ќарењаи суханофаринии ў мебошад. Тасвир дар шеъри мазкур аз забони ќањрамони лирикї, ки бешубња шахсияти шоир аст ва бо зикри шаби ялдои зимистон оѓоз мегардад:

 Шаби ялдои зимистонї…

Моњи бечора чу барги бед

                         дар сари шохаи шаб меларзид.    

Рўд дар бистари оњории ях

                           бадани хастаи худ мепечид

Ва чу бобои куњансоли ман аз дарди дарун

                                                      сахт месулфид.

Хонаи мо аљаб осоиш дошт

                               Аз нафасгармии оташдон

Соати кўњнаи деворї ба як оњанг ќадам мезад…

Љаззобият ва дилрабоии шеъри мазкурро метавон дар нигоњи амиќу маъниљўи ў ба як шаби муќаррарии зимистон ба мушоњида гирифт. Дар ин порча таркибу ибороти «дар сари шохаи шаб монанди барги бед ларзидани моњ», «бистари оњории ях», «бадани хастаи рўд», «сулфидани рўд монанди бобои куњансол» хеле њунармандона офарида шудаанд. Бо истифодаи њамин аносири маънисоз шоир маънии хеле зебоеро барои рўди яхбаста ба вуљуд овардааст: Рўд, ки бинобар шиддати сармо сахт бетоб аст, бадани хастаи хешро ба бистари оњории ях мепечад. Рўди хаста дар беморї ба бобои пири ќањрамони шеър¸ ки аз шиддати сахти сулфа ба худ мепечад монанд карда шудааст. Ин тасвири зебои шоирона аз њодисаи муќаррарии бар асари сардии зимистон ях бастани рўд ба зуњур омадааст, ки њар инсон онро метавонад бибинад, аммо чунин тасвири шоиронаро парвариш додан ва аз он маънии дилчасп баровардан  танњо кори њунарманд аст.

 Шеъри мазкур, ки баёнгари фалсафаи зиндагист, ташбењоти дилнишину рангини дигар њам дорад. Шоир зимни ба ёд овардани айёми кўдакии гузаштаи худ аз афсонањои зебои падар, соати девории хонаи падар, аз бобои куњансоли хеш тасвињои хубе бозгў намудааст. Чунончи, дар фиќраи дар боло зикр намудаамон тасовири шоирона зимни тарокиби «дар бистари оњории ях бадани хастаи худ печидани рўд», ва «ба як оњанг ќадам задании соати деворї» ва дар мисрањои баъдї ташбењоту тасвирњои «рўди њамсояи мо сулфакунон мурд чу бобоям», «аз сафар мондани соати деворї», «аз сари шохаи шаб чу барги бед ба тањи хотира афтодани моњ» хеле шоирона ва хотирмон корбаст гардидаанд. Ќобили тазаккур аст, ки дар мисраи «рўди њамсояи мо сулфакунон мурд чу бобоям» миёни ин ду њодиса, яъне хушк шудани рўд ва сулфакунон мурдани бобо робитаи ќавии маъної барќарор шудааст. Њамин тариќ, дар ин мисраъ «сулфакунон мурдан» њам ба рўд ва њам ба «мурдани бобо» робита пайдо менамояд. Овози рўди шафати хона ба сулфидани бобо шабењ буда, аз сулфа печидану ларзидани љисми бобо низ ба рўди њамсоя шабоњат дорад.

Дар идомаи шеър Суруш бо услуби бисёр зебо муколамаи падару писар ва афсонаи зебои падарро ба шеъри мазкур устодона ворид карда, аз он маънии матлуб њосил  кардааст. Падар ба писари хурдсоли хеш, ки дар њамин шаби тулонии зимистонї аз падар таќозои афсона мекунад, афсонаи «Гули  ишќ»-ро наќл мекунад. Падар мегўяд: Замоне Ќайс аз ин гул бўид, дилхун шуд ва Ќайс Маљнун шуд…

 Гурези зебое, ки  бо мисраи «З-ин миён хоб маро бурд аз афсона ба афсонаи дигар…» оѓоз меёбад, хонандаро аз афсонаи падар ба «афсонаи дигар», ки мурод аз он њакиќат ё воќеияти зиндагист, мехонад. Акнун аз миён солњои зиёде гузаштанд ва ќањрамони шеър њам кўдакињои хешро дар њамон олами зебо рањо кард:

Солњо рафтанд…

Падарам аз пасашон рафт…

Кўдакињои ман афсонаи нав гашту

                       дар афсонаи ебои падар монд.

Соати кўњнаи деворї,

                                  аз сафар монд,

Гармии сўњбати оташдон

                                   тањи хокистари армон монд.

Хонаи кўдакии ман

                                 пушти ялдои зимистон монд.

Рўди њамсояи мо

                        сулфакунон мурд чу бобоям,

Моњи бечора чу барги бед

                                  аз сари шохаи шаб афтод

                                                   ба тањи хотирањоям…..

 

Дар шеъри мазкур њунарварзињои Суруш пеш аз њама дар халлоќияти тасвирњои зебои шоирона ва таркиботи шигарфмаъниву дилнишин зуњур намудааст. Чунончи, таркиби «дар паси тиреза хунук хўрдани хоб», аз афсона ба афсонаи дигар бурдани хоб, аз паси солњо рафтани падар, дар афсонањои падар мондани кўдакињо, аз сафар мондани соати деворї, тањи хокистари армон мондани гармии оташдон, аз сари шохаи шаб ба тањи хотирањо афтодани моњ… аз олами рангин ва табъи баланди маъниофарин доштани Суруш дарак медињад. Ба љуръат метавон гуфт, ки таркибњои шоиронаи шеъри мазкур мањсули андешаи фардии маъниљўи Суруш буда, дар њофизаи адабии ќаламкашони дигар ба мушоњида намерасад.

Шеъри мазкур љамъбасти зебое дорад: Ќањрамони лирикии шеър пас аз њамин афсонаи зебои падар ба љустуљўи  гули ишќ мебарояд, вале аз он асаре намеёбад, зеро бар сари ин манзили поядабањорон хазон тохт овардааст:

Оќибат рахти сафар бастаму

                                  рафтам ба паси он кўњ

             пайи дарёфтани мазили пояндабањорон

                            бо умеде, ки бибўям зи гули Ишќ,

                                            вале, њайњот,

                                                    пештар аз ман

                                                          ба сари кишвари афсона

                                                                    хазон тохта будаст…

 

 

 

Категория: Мои файлы | Добавил: bboy
Просмотров: 1293 | Загрузок: 0 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]