Главная » 2013 » Декабрь » 3 » Ҳама кас толиби ёранд…”
20:37
Ҳама кас толиби ёранд…”

Ҳама кас толиби ёранд…”

Чӣ дареғ, ки ин китоб хеле дер ба дастам афтод, ҳол он ки гӯё бо муаллифаш ошно будам ва борҳо вохӯрдаам. Мисли дигарон худситоӣ накарда ва китоби худро бо дастхатташ ба ман ҳадя нанамудааст. Инсоне буд дур аз кибру худнамоӣ. Симои ботамкин ва гуфтори мулоими ӯ ба ёдам меояд. Чеҳрааш нуре дошт, ки намешуд, онро надид. Нигоҳаш пур аз гармии меҳр…

Ва ҳамзамон андуҳе дар чашмонаш буд, ки намешуд, онро бо қалби худ ҳис накард. Ин дард буд, ки ӯро бо беҳтарин афрод пайванд медод. Дарди миллат. Андуҳи ҷудоии ин қавм аз гузаштаи дурахшон ва тамаддуни бузургаш.

Ман фикр мекунам, ҳарчанд ӯ дар миёни мо буд, амалан дар дунёи дигаре мезист. Дар дунёе, ки дар он ҳамеша гуфтугӯ аз шеъру фалсафа буд. Дар дунёе, ки чизе болотар аз сухан ва муҳтарамтар аз суханвар набуд. Ҳар лаҳза дар олами ӯ Ҳофиз ғазале месуруду Саъдӣ панде мегуфт, Анварию Манучеҳрӣ шамшери сухан ба ҳам кашидаву банди мушоира буданд, Соибу Бедил дар умқи бозии дурдонаҳои зеҳни хуш шоҳбайт меофариданд, Камол бори сангини ғурбат бар дӯш ёди Хуҷанд мекард, Низомӣ лаби дарё нишаставу хотираҳояшро меовард ва Хоқонӣ ба харобаҳои шаҳри бостонӣ дида дӯхтаву қасида менавишт.

Чӣ дареғ, ки ин китоб хеле дер ба дастам афтод. Дар дукончаи чангзадаи куҳнафурӯше. Китобе муқовааш шабеҳи "худнашр” ё "самиздат”. Борик ба ғафсии як ангушт. Бо камтарин озину ороиш. Дар коғази кайҳо зардшудаи рзӯномабарорӣ. Китобчае хурд, аммо миллионҳо бор азизтар аз китобҳои муҷаллали чандкилоии чандҷилда.

Иқтибосе аз ин китоб бо номи "Фарҳанги мушкилоти адабиёт”-и Абдуманнони Насриддин меорам ва он ҳам дар яке аз мавзӯъҳои пурбаҳс:

"Ирфон маслакест, ки пайравони он Худоро асли олами вуҷуд медонанд, ки танҳо ҳастии воқеист ва дар ҳама мавҷудот таҷаллӣ мекунад ва ҳар кӣ бихоҳад, ба мақоми Ӯ пай бибарад ва зоти ӯро бишносад, бояд ба риёзати нафс, ворастагӣ, тарки тааллуқоти дунявӣ, тарки шаҳват машғул бошад ва ба зоти аҳадият эътиқод варзад ва бо ишқи шадид барои пайвастан ба асл хӯ гирад. Ҳамчунин даст аз талаб боздошта, ба мақоми шуҳуду кашф бирасад. Чун оинаи дил аз нопокиҳо бизудояд, Худо дар он таҷаллӣ кунад. Ончӣ ҳакимон мехоҳанд, аз роҳи ақлу истидлол ба он бирасанд, орифон аз роҳи ишқу риёзати нафс бар он нойил меоянд. Ориф ба ҳамаи мазҳабҳо ба дидаи эҳтирому муҳаббат менигарад ва мӯътақид аст, ки ҳама дар роҳи вусул ба як мақсад пеш мераванд, чунонки Ҳофиз гуфтааст:

Ҳама кас толиби ёранд, чӣ ҳушёру чӣ маст,
Ҳама
ҷо хонаи ишқ аст, чӣ масҷид, чӣ куништ.”

Ин китобро фурӯ мебарам, дам мекашам, нӯш мекунам. Мехоҳам, мисли тумору таштоби замони кӯдакӣ ҳар сафҳаи онро дар об ҳал кунаму бихӯрам, то ба ҳар раги хунам ва ба ҳар ҳуҷайраи танам раваду ҳамеша бо ман бошад. Аз тарси он ки хеле тез ба поён мерасаду лаззати ман ҳам хатм мешавад, онро кам-кам, порча-порча мехонам:

"УММУЛХАБОИС – киноя аз май:

Он талхваш, ки сӯфӣ уммулхабоисаш хонд,
Ашҳолано ва аҳло мин қиблатулузоро.

(Ҳофиз)

Тавсифу кинояти май дар адабиёти классик боз инҳоянд: бинтулкарам, бинтулинаб, духти раз, шоҳиди зардрух, арзани заррин, оташшаҷар, оташи тавбасӯз, шамъи яҳудиваш, оби шақоиқ, офтоб, оби Зуҳра, ашки талх, забонбанди хирад, оби ҳаром, гули нишот, оташи бедуд, оташи ҷом, оташи маҳлул, хуни ток, хуни раз, хуни хум, хуни шиша, хуни мино, хуни хурӯс, хуни хом, хуни бат, хуни Сиёвуш, хуни кабӯтар, хуни дили Марям, оби сурх, оби ангур, оби ток, оби арғувон, оби гулранг, оби оташлибос, оби оташранг, оби Шероз, оби харобот, оби тараб, оби шангарфӣ, оби талх, оби сияҳоташ, оташи тар, оташиндурроҷ, оташи бебод, офтоби зард, ашки ток, ашки духтари ток, ашки суроҳӣ, иксирранг, иксири мардумӣ, баччаи ангур, пири деҳқон, ҷони парвин, ҷони париён, чароғи муғон, чашми хурӯс, чакидаи хун, хотуни инаб, хуршеди суроҳӣ, духтари хум, духтари офтоб, равғани каду, риши қозӣ, зодаи ток, заҳри мино, сими музоб, шӯъбаи ток, шамъи ангурӣ, шири шангарфӣ, тифли шашмоҳи раз, арӯси хок, ақиқи ноб, ҳинои қудс, шӯълаи ҷом, Исои ҳар дард, Исои ҳар дармон, Исои деҳқон, кимиёи ҷони обгина, кашнизи ҳазрам, луоби лаъл, луоби равон, лаъли суфта, лаъли музоб, майи динорӣ, насли Адҳам, ёқути музоб, офтоби соғар, буссади ҳалшуда, луоби зумурраднинқоб, оли Шероз, духтари Шероз…”

Ин танҳо дар диди аввал аст, ки гӯё устод Абдуманнони Насриддин дар "Фарҳанги мушкилоти адабиёт” шарҳи вожаҳо, номҳо ва ишораҳои душворфаҳми адабиёти классикии моро бо қатор чидани ташбеҳу кинояву истиораҳо фароҳам овардааст. Бархе аз калима ё тасвирҳо дар ин китоб ба гунае тафсир шудаанд, ки дари ҳазорон маънии дигари ашъори ҷовидонаи бузургони адабиётамонро барои хонанда боз мекунанд. Ҳарчанд модаҳои ин луғатномаи ғайриодӣ аз рӯйи алифбо ҷобаҷо шудаанд, як хатти рӯшан ҳамаи онҳоро ба ҳам мепайвандад, ки таърихи тамаддуни мардуми форсигӯй аст. Мисли ин ки шарҳи калимаҳоро мехонем, аммо ҳамзамон дар таърихи шеъри форсӣ сар фурӯ мебарем ва насими ҳар айёму рӯзгороне ба сару рӯямон мерасад.

Фароҳамоварандаи ин луғатномаи нодир барои таҳияи он на танҳо аз донишҳои фарохи худ дар риштаи адабиёти бостонӣ, балки ҳамчунин аз "Фарҳанги Онандроҷ”, "Фарҳанги ҷаҳонгирӣ”, "Бурҳони қотеъ”, "Шамс-ул-луғот”, "Шарҳи Судӣ бар Ҳофиз”, "Шарҳи қасоиди Хоқонӣ”, "Шарҳи мушкилоти девони Анварӣ” ва садҳо китобу рисола истифода кардааст.

Дар сарсухани худ муаллиф нигошта, ки ин фарҳанг чакидае аз маводи фаровон будааст, ки ӯ зимни баррасии девону куллиёти адибон ва луғатномаҳои бостонӣ гирд овардааст. Танҳо як чакида. Профессор Абдуманнони Насриддин изҳори умедворӣ кардааст, ки пас аз ин китоби кутоҳ бо луфту дуои дӯстон фарҳанги ҷомеи мушкилоти адабиётро ба нашр хоҳад расонд. Ҳоло касе ҳаст, бигӯяд, ин орзуи донишманди зиндаёд оё ҷомаи амал пӯшид? Дилам ба ман мегӯяд, гумон аст, он нашр шуда бошад.

Китобе, ки хеле дер ба дастам расид, дар соли 1992 аз тарафи бахши вилоятии Бунёди забони форсии тоҷикӣ дар матбааи Хуҷанд нашр шудааст. Аммо ҳоло замона дигар аст ва шояд давраи чопи китобҳои пурарзиш гузаштааст. Боз ҳам шод хоҳам буд, агар он нашр шуда бошаду касе аз Ватан ин муждаро бирасонад.

Чӣ беҳтар буд, агар пешаварони фанновариҳои иттилоотӣ бо истифода аз ин хазинаи тилоӣ нармафзоре дуруст мекарданд ва адибони тоҷик ҳангоми навиштан метавонистанд, аз дурдонаҳои ниёгони хеш истифода кунанд. Вожаномаи электроние пайдо шавад, ки бо ангушт гузоштан рӯйи калимае ҳамаи ташбеҳу истиора ва суханофаринии гузаштаро қатор бичинад. Он гоҳ адиб хоҳад тавонист аз онҳо истифода кунад ё бидонад, ки чизи наве наоварда, бозёфти қарни 12-ро барои мисол, такрор кардааст. Ва дар пайи офариниши тасвири наве гардад, ки қарнҳо баъд дар луғате нав донишманде нав гирди ҳам орад. Ҳамон гуна ки устод Абдуманнони Насриддин ниҳолеро сабзонд, ки мо имрӯз аз мевааш мехӯрем.

                                                                           Салими Аюбзод

Категория: Абдулманнони Насриддин аз нигохи сохибназарон | Просмотров: 1506 | Добавил: bboy | Рейтинг: 3.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]