Главная » 2012 » Июль » 12 » Ба рехлати устод Абдулманони Насриддин санаи 30 июли 2012 расо як сол мешавад.
21:54
Ба рехлати устод Абдулманони Насриддин санаи 30 июли 2012 расо як сол мешавад.
                               Гуфтугӯ бо рӯҳи бедори устод
         Чун намемонад ҷаҳони беқарор
         Номи некӯ беҳ, ки монад ёдгор.
 
   Оре,  устоди азизу бузургворам Ҳоҷӯ Абдулманнони Насриддин, номи поки Шумо  ҳамеша дар вирди забони мост ва худи шахсияти ибратомӯзи Шумо дар қалби ҳар яки мо сабти абадӣ бастааст.
     Расо яксол муқаддам, рӯзи 30-юми июли соли 2011 дили нерӯманду соф ва пур аз имону эътиҳоди Шумо аз тапидан бозистод.
  Оҳ, чӣ хабари мудҳише буд, ки дили ҳамаи азизону хешовандон, устодону шогирдон, ҳамкорону ҳамзамонон, хуллас қалби ҳама-ҳамаро пора-пора кард. Танҳо ашк тарҷумони ин дилҳои шикаста буду халос. Дигар илоҷе нест, ҳама таслими хости Худованди муттаол аст. Ӯ таоло аст, ки ҳама чизро аз мо хубтар медонад. Аммо марги шумо барин марди соҳибдил бароямон кулфате буд, ки дигар шамъи маҳфили мо хомӯш гашт:
 
   Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст,
   Шамъ агар хомӯш гардад, доғи маҳфил мешавад.
 
Ман медонам, дар ин замон мисли шумо инсони покманишу поквиҷдонро дарёфт кардан ин корест, ки гавҳари ноёбро кофтан аз уқёнуси бепоён.
  Дар ҳақиқат, олиму донишманд будан амри муҳол аст. Ин ба ҳар кас даст намедиҳад ва бар ин шараф на ҳар кас ноил мегардад. Аммо инсон будан ва инсони поквиҷдон шудан аз олим шудан ҳам мушкил ва мураккаб аст. Дар дунё ҳама худро «одам» мешуморанд, вале мутаасифона танҳо қисме аз онҳо сазовори гирифтани ин номи бузург мегарданд. Хушбахтона яке аз инҳо Шумо будед, ки маҳз баҳри инсон, инсони поквиҷдону боинсоф буданатон дӯстдори Шумо будем.  Бешубҳа дар давоми ҳаётатон танҳо нокасон аз Шумо ранҷидаанду халос. Дигар ҳама касоне, ки Шуморо мешиносанд номи некатонро бо эҳтиром ба забон оварда, аз хислатҳои наҷибатон ҳарф мезаданду то ҳол дар вирди забонашон замзама мекунанд:
    Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист
    К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
 
  Инсон шуда ба дунё омадан худ як неъмати бебаҳост. Аз ин лиҳоз тамоми башарият, новобаста ба рангу пӯсту миллату забон гаронбаҳост ва махсусан инсонҳоеки, мисли Шумо ифтихори миллатанд баҳо надоранд, забон оҷиз аст дар назди бебаҳоии Шумо. Шояд шоир дар ҳаққи Шумо ин байтро гуфта бошад:
 
   Сабри бисёре бибояд падари пири фалакро
   То дигар, модари гетӣ чу ту фарзанд бизояд!
 
Воқеан, гетӣ кай дигарбора мисли Шумо фарзанди фарзонаи миллат, дурдонаи ягонаи даврон, гавҳари ноёби уқёнуси илму фарҳанг, мутабаҳҳири улуми замонро ба рӯи замин  боз меоварда  бошад?
  Охир ба маргатон як сол шудаасту ҳанӯз дар пеши чашми ман чеҳраи нурангезу самимии Шумо  шӯълаафшон аст.
…Тирамоҳи соли 2007 ин баҳори фаромӯшнашаванда ва хушбахттарин буд дар ҳаёти мани камтарин. Зеро он тирамоҳ ман бо Шумо шинос шуда будам.
 Гӯё дина воқеъ шуда буд, ки дар аввалин дарси Шумо иштирок кардам,  Шуморо ғайри тасаввури худ дарёфтам. Шумо чеҳраи самимӣ, ҷисми каме лоғар ва чашмони гӯё аз бисёрхонӣ хасташуда вале бозиё  доштед  ва оҳиста-оҳиста бо нармӣ сухан мегуфтед. Бори чаҳорум ё панҷум дарсатон буд, ки аз мо аввалин маротиба дарсро пурсидед. Дар қатори дигарон ман низ ҷавоб додам ва байти зеринро
     Суратгари наққоши Чин, рав сурати ёрам бубин,
     Ё сурате каш инчунин, ё тарк кун суратгарӣ.
ба тақтеъ ҷудо кардам ва дар баҳри раҷази солим суруда шудааст, гуфтам. Шумо пурсидед, ки ба ҳазаҷ низ мисол орам. Ман ба баҳрҳои ҳазажу рамал мисол оварда тақтеъ кардам. Ҳамон лаҳза бе ягон андешаву фикр маро аз имтиҳони назмшиносӣ озод кардед. Ҳамон дарс  ному насабамро пурсидед, аз ҳамон рӯз бо вуҷуди ҳамин қадар серкорию муносибат бо одамони бисёр маро фаромӯш накардед. Ҳар гоҳ ки салом диҳам ё дар вақти дарс номамро гирифта муроҷиат мекардед. Ин барои мани кӯчак дар назди шахсияти бузургу азамати Шумо шарафе буд, ки мояи ифтихори дарун-даруни ман буд.
Гоҳе  ба утоқи кориатон барои ёрӣ додан ба корҳои кафедра медаромадему бо шумо сӯҳбатҳои гарм мекардем ва аз чашмаи баҳри илми Шумо қатрае баҳра мебурдем. Рӯзе аз ин рӯзҳо пурсидам, ки Каломи шарифро дар чанд муддат хатм мекунед. Ҷавоб додед, ки ҳар моҳ як бор хатм мекунам, агар ҳар рӯз нахонам дилам қарор намегирад. Ман дар назди иродаву эътиқоди Шумо боз якбор таслим шудам.
  Ман хешро хушбахттарин инсон мешуморам, ки аз насле ҳастам сазовори ҳамсӯҳбатию ҳамнишинии  Шумо гардидаам. Дарси назмшиносӣ, таърихи адабиёт, курси таҳқиқи адабиёт  ва аз ҳама муҳимтараш дарси ҳаёт, дарси имону эътиқодро аз Шумо омӯхтам. Маҳфилҳои  «Ганҷи сухан» низ дар гӯшу ҳуши мо ба як умр сабт шудааст. Мехостам ҳамеша чароғи тобони маҳофили мо бошеду ҳеҷ гоҳ аз байнамон наравед.
   Аммо вақте ки хабари нохуши бемории Шуморо шунидам, бисёр ғам хӯрдам. Ба Худованди карим илтиҷо илтиҷо мекардам, ки чаро ин дардро ба инсони комилу мӯъмини покат додӣ, ӯро аз ин беморӣ халос кун. Шояд бандаи муҷрим бошам, ки дуоҳоям иҷобат нашуд, охир аҷалкори худро кард. Охирин дидори манн бо Шумо дар кафедраи  классикӣ воқеъ шуда буд. Зимистон.  Ману ҳамкурсам  Ирода бо роҳбари кори дипломиамон Саидумрон Саидов  машварат карда нишаста будем. Ногоҳ аз дар бо чеҳраи  хаста аз беморӣ , ҷисми боз ҳам  лоғартар, чашмҳои ба дарункашида, дар гардан гарданбанди ҷарроҳӣ баста даромадед. Ман ашки чашмонамро боз дошта натавонистам, аммо пинҳон доштам, то ба дили Шумо сахт нарасад. Баъд аз ҳолу аҳволпурсӣ устод Саидумрон Саидов аз Шумо пурсон шуданд, ба ман барои кори дипломӣ чӣ мавзӯъро пешниҳод мекунед. Шумо бо овози хаста, вале пуршуҷоату буро гуфтед, ки дар бораи Ҷамолиддини Исфаҳонӣ кори таҳқиқӣ намоям. Шояд манн охирон шогирде будам, ки Шумо мавзӯъ супоридед. Аммо гардиши фалакро бинед, ки ин камтарин муриди Шумо имрӯз бо пешниҳоди шогирди Шумо Саидумрон Саидов  мехоҳад дар бораи фаъолияти Шумо  кори таҳқиқӣ намояд ва Шуморо ба ҳамаи оламиён боз ҳам хубтар муаррифӣ намояд.
  Имрӯз мо шогирдон бешумо гӯё бесарпаноҳу бепуштибон мондаем. Ҳар гоҳ ба панду насиҳат  ва маслиҳати Шумо эҳтиёҷ дорем. Аммо Шуморо дигар дарёфт карда наметавонем. Танҳо он кутубу маҳолот ва сабтҳои телевизионие, ки ба мо чун мерос гузоштед таскини дили мост.
    Вале ман медонам, ҳоли Шумо дар он дунёи боқӣ аз ин дунёи фонӣ  хубтар аст. Зеро паёмбари акрам (с) дар ҳаққи Шумо барин уламо муждае хуш додаанд: «Уламои ин уммат ду табақаанд: Яке онҳо, ки илми Худододаро бетамаъ нашр кунанд, дониши худро ба обу нон нафурӯшанд. Бар ин тоифа моҳии дарё ва ҷонвари замин ва паррандаи ҳаво истиғфор кунанд, бузургвору шафоатманд бар Худо ворид шаванд ва бо паёмбарон  ҳамнишин бошанд…»
 Бешубҳа ҷойгоҳи Шумо дар байни ин уламо аст. Зеро ҳар яки ин сифоти фавқуззикр хоси Шумо буд. хайру эҳсони маънавии Шумо ҳадду канор надошт, дар ин маврид шоир мегӯяд:
 
   Ҳар кӣ хайре кард чун маҳмил бад он олам кашид,
   Рӯҳи ӯро ҳар замон файзи дигар хоҳад расид.
 
 Устоди азизу меҳрубонам, имрӯз соле мешавад,ки рӯҳи покатон ба олами улвӣ пайваст гаштааст. Аммо ман ҳанӯз бовар намекунам, ки ин ҷаҳонро тарк карда бошед. Дар назарам гӯё на ба реҳлат балки ҳиҷрат рафтаед.
  Устоди гиромиқадрам, агар рӯзҳо, моҳҳо, солҳо ва ҳатто қарнҳо сипарӣ гардад ҳам номи некӯи шумо аз китоби рӯзгор сутурда намешавад ва  ӯамеша ёдатон зинда мемонад. Аз ин баъд ҳам солҳо мегузаранд, аммо Шумо дар дили дӯстон. Ёру бародарон, хоксорону шогирдон зинда ҳастед. Зеро турбати Шумо  дар дили мост. Ҳақ бар ҷониби Лисонулғайб:
 
  Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷӯй,
  Дар синаҳои мардуми ориф мазори мо.
 
   Рӯҳатон шод бод, устоди бузургворам!   
 
                                Шогирди камтарини Шумо
                                Гулбаҳор Султонова
 

Категория: Навгонихои илмию адаби | Просмотров: 1199 | Добавил: bboy | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]