Главная » 2013 » Февраль » 12 » Бахроми Рахматзод
22:18
Бахроми Рахматзод



Ба[роми Ра[матзод

3-уми апрели соли 1987 дар де[аи Fозиёни но[ияи Б.Fафуров таваллуд шуда ва му[ассили МТ{№ 11-и xамоати мазкур мебошад. Хатмнамудаи факултаи Забон[ои шарrи ДДХ ба номи академик Б. Fафуров аст. Шеър[ояш дар маxалла[ову рeзнома[ои вилоятиву xум[уриявb ба чоп расидаанд. {амчунин маxмeа[ои шеърии ин шоири xавон та[ти унвон[ои "Муколамаи хуршед” (соли 2008) ва "Мусиrии атр” (соли 2012) ба [аводорони каломи ноб пешкаш шудаанд. Баъди иштирок дар курс-конфронси адибони xавони xум[уриявb дар соли 2012 ба аъзогии Иттифоrи нависандагон пазируфта шуд. Ба[роми Ра[матзод дар xодаи илми адабиётшиносb як rатор маrола[о [ам навиштааст, ки роxеъ ба жанри соrинома, та[аввул ва ташаккули ин жанр, махсусият[ои эxодиёти баъзе намояндагони сабки [индb ва баъзе хусусият[ои шеъри муосирро мегирад.

Дар xустуxeи хонаи бовар

Бо барфи симу бозии нав мерасид дай,

Бебачагии ман [амашаб медавид дай.

Ях баста буд шишаи тиреза[о агар

Тасвири uусса[ои маро мекашид дай.

Бо боди тезрав агар о[иста мегузашт,

Тимсоли нотавонии ман мехазид дай.

{аргиз ба пучнолии бодаш намегузошт,

Гар нола[ои xони маро мешунид дай.

Овози [авлноки сагонаш ба ларза дошт,

Бо тарси кeдакона зи шаб мерамид дай.

Чун сулфаву зукому балову батар шудам,

Дилро ба [ила[ои наве меrапид дай.

Аммо чу дид рe[ияи сабз доштам,

Дар синаи яхини замин парварид дай.

***

Баски шоми ман монад бо самои беборон,

Аз чи мекунам иншо [арза[ои беборон.

Осмони пурабр аст, зиндагии бесабрам,

Пас чаро намеборад ин балои беборон?!

Мурд рeзи пири ман, дар шаби сиё[ам нест,

Фоли ра[мати гардун чун азои беборон.

Мефишонам, эй дунё, бар ту дасти чиркинам,

Баски мефишориям бо фазои беборон.

Ра[мати туро хо[ам бо ду чашми боронb,

Лутф кун, маро бахшо, эй Худои беборон.

Rалъаи туманпечам, дарк мекунам [ечам,

Чорсeи ман бошад истилои беборон.

Ибтидои берангам, инти[о накун [оло,

Чунки ман намехо[ам инти[ои беборон.

Хостам uазал гeям бо муродифи андe[,

Сахт дар[ам афтода ин навои беборон.

***

Имшаб андe[и мо[ро монам,

Мо[и ма[буси чо[ро монам.

Зиндагb кeрдуди армон аст,

О[ бар ман, ки о[ро монам.

Мондаам дар сиё[у дар испед,

Моту ма[бут шо[ро монам.

Ишr, эй кe[и нонавардида,

Бе ту ман мушти ко[ро монам.

Rасдам аз зиндагонb зиндагb буд,

Гарчи сад иштибо[ро монам.

То худам ра[ наёфтам [аргиз,

Тасмапечии ро[ро монам.

Рeи ту сап-сафеду покиза-ст,

Чи савоб ар гуно[ро монам.

Имшаб андe[и мо[ро монам...

***

Бояд кушод панxара[оро,

Яъне гузашт з-олами масдуд,

Яъне гурехт аз буду нобуд,

Яъне бирафт аз [ама ма[дуд,

Яъне парид-ла[заи мавъуд...

Бояд кушод панxара[оро...

 

Бояд кушод панxара[оро,

То даст[ои бози кабeтар,

То китф[ои бар[ами лола,

То мeй[ои дар[ами сабза,

То миxxа[ои хам-хами бедак,

Дасти ниго[ бурд ба мола...

Бояд кушод панxара[оро...

 

Бояд кушод панxара[оро,

Яъне гузашт аз [ади Одам,

Боло зи xо[у маснади Одам,

Гарчи наем муъбади Одам,

Мо пушт[ои муртади Одам,

Як фоизем аз сади Одам...

 

Бояд кушод панxара[оро,

Бояд давид то паси хона.

Чун кeдакони сахт гурусна,

Бояд кушод рeзаи иxбор,

Бо [асрату надомати бисёр.

Яъне шикаст панxара[оро...

 

Чун духтарони бахтгурусна,

Бояд бурид домани номус,

Яъне кушод панxара[оро,

Яъне давид то паси хона.

 

Чун мардумони тахтгурусна,

Яъне барои uасби замин[о,

Яъне барои вусъати [авлb,

Яъне барои хос намоиш.

Бояд кушод панxара[оро,

Бояд давид то паси хона...

 

Чун мeсафеди хаставу бе[ол,

Яъне мисоли некии холис,

Яъне чунон [аrиrати равшан,

О[иста бо асои таассуф,

Ламсида о[анинии дунё,

Бояд кушод панxара[оро,

Бояд расид то паси хона...

***

Он ро[ рафтаем, ки дигар намерасем,

Бар хеш, эй азизбародар, намерасем.

Аз сахттинатии замона уrобвор,

Бар кe[и ме[рубонии кафтар намерасем.

Рафтем гарчb дур, биёбони бекасb,

Дар xустуxeи хонаи бовар, намерасем.

О[, аз каломи каснараси мо дар ин замон,

{амчун rалам ба минбари дафтар намерасем.

Хондем сад xарида маrомоти ишrро,

Дил нест з-ин сабаб бари дилбар намерасем.

Бошад [икояти ра[и мо нотамом бас

Бо пои гунг ша[ри пур аз кар намерасем.

***

Аз гили вожа[о-т месозам ман ба бутхона[ои тан[оb,

Метарошам rалам-rалам, аммо ту ба тасвири ман намеоb.

Дар хиёбони холии андe[ rисмати ман ба дасти борон аст,

Меравb кeча-кeча бепарво, мешинам хона-хона ра[поb.

Эй ту як ла[заи фаромeшb аз тамоми кашокаши дунё,

Гарчи худ мекашb ба [ар сeям, [амчу [ангома[ои дунёb.

Чашми ман rа[ва-rа[ва менeшад талхии то са[ар нишастанро,

Шири суб[и дамида мехо[ам то ба ша[коса[ои додоb.

Зиндагb пушти ла[за[о мерафт, ману ту ин rадар нафа[мидем,

Ваxаби го[ворапаймо буд rадами охири асосоb.

Шаб пур аз rисса[ои ма[тоб аст, зиндагонb [амин ду-се боб аст,

Фасли мо нонавишта мемонад бо хатои зиёди имлоb.

***

Эй абри ба[манb, чун дидаи манb,

Азбаски рехтb аз чашм равшанb.

Бо rатрасeз[о дар rатрарeз[о,

Дидb, ки меравад ин умри рафтанb.

Чун гиря[ои ман дар ваrти кeдакb,

Зуд омадb, биё, эй даргузаштанb.

Эй осмоннабард, бо rатра[ои сард,

Биншон тафи замин аз мурдахeрданb.

То чанд мекашам дар шиша расми ту?

Кай кeр мешавад ин чашми равзанb?!

Эй марди ра[гузар аз пушти хонаам,

Ман [ам ба мисли ту ра[тeша бастанb.

***

{аёти ман, ки дигар раш[а-раш[а бедардист,

Тамоми туст, ки ангеза[ои дилсардист.

Ту гeи зиндагиям нусхаи зимистон буд,

Ки рeз[ои хушашро [авои номардист.

Пур аз талолаи бархурди шишаву борон,

Ки ла[за-ла[за сароям: нарав ту, баргард, ист!

Ба[ор буд, гузашт, эй шукуфаи поиз,

Кунун зи фоxиаи ишr ранги рe зардест.

Аз он замон, ки парешон ба гирди ту гардам,

Маро ба ма[камаи ишr xурми бадгардист.

Дилам, ки ку[натарин барги сурхи садбарг аст,

Кунун ба шохи зимистон намунаи зардист.


Категория: Шоирони кишвари мо | Просмотров: 1195 | Добавил: bboy | Рейтинг: 1.2/6
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]