Главная » 2012 » Февраль » 3 » Дах байти дилнишин
21:16
Дах байти дилнишин
 Дах байти дилнишин 
  * * *
Ошикон рузи шаходат хусрави вакти худанд,
Теша бар сар афсари шохи бувад Фарходро.
  * * *
Хар дам ба реги шишаи соат нигох кун,
Гофил мабош аз сафари корвони умр.
  * * *
Наям шабнам, ки созам полиши худ гунчаи гулро,
Чу булбул вакти хуфтан такягохи сар бувад душам.
  * * *
Риштае шуд тани ман аз ту чудо, кай бошад?
Ки чу гулдаста туро дар бари худ танг кашам.
  * * *
Чилваи хусни ту овард маро бар сари фикр,
Ту хино бастиву ман маънии рангин бастам.
  * * *
Аз касе пинхон намедорем рози худ чу шамъ,
хар чи дар дил хаст моро бар забон меоварем.
  * * *
.
З-ин пеш шишаи дили мо хам зи санг буд,
Бенисбат ошно дили мо бо дили ту нест.
  * * *
Харчанд ба ишрат гузарад фурсати пири,
Айёми чавони натавон кард фаромуш.
  * * *
*
Кимати хок дар он куй ба афлок расид,
Мо надонем чи нархем, ки боло нашавем.


Категория: Навгонихои илмию адаби | Просмотров: 1326 | Добавил: bboy | Рейтинг: 3.0/3
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]