Главная » 2013 » Ноябрь » 12 » Фарохони
05:45
Фарохони

Фарохони

конфронси илмии «Профессор Абдулманнони Насриддин ва масоили мубрами улуми адабї»

Донишгоњи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ѓафуров тасмим гирифтааст, то ба муносибати 60-солагии адабиётшиноси номвар, устоди фаќиди донишгоњ Абдулманнони Насриддин конфронси илмии «Профессор Абдулманнони Насриддин ва масоили мубрами улуми адабї»-ро бо њузури соњибназарони дохилї ва хориҷї дар таърихи 29-30-уми ноябри соли ҷорї баргузор намояд. Ба ин муносибат аз њамаи соњибназарон ва фарњехтагони улуми адабї даъват ба амал меоварад, то бо ирсол ва ироаи маќолоти худ дар анҷоми ин иќдоми нек иноят фармоянд.

Мавзўоти мењварии конфронс:

1.Таърихи адабиёт ва робитаи адабї.

– адабиёти форсу тоҷик ва ташаккули фарњанги миллї 

– суханварони тозаошнои форсигў  

– равобити адабии тоҷик бо миллатњои дигар(и шарќї)

– тарҷумаи осори адабии форсу тоҷик ба забонњои хориҷї

–  омўзиши таърихи адабиёт дар даврони истиќлол

1.     Матншиносї ва шарњнигорї.

– матншиносии осори суханварони форсу тоҷики асрњои Ҷ-ҶV дар давраи муосир

– шарњи мутуни адабї-ирфонї дар ќалами сухансароёни форсу тоҷик

– нусхашиносии мероси хаттии шуарои мовароуннањрї

– наќди ноќидон дар санҷаи матншиносї

– шарњнависї ва масоили назарияи адабиёт

2.     Забоншиносї ва лексикография.

– мероси хаттї ва арзишњои забоншиносї

забон ва вањдати миллї

– лексикографияи тоҷик дар давраи истиќлол

– фарњангњои ноомўхтаи форсу тоҷик ва ањамияти адабии онњо

3.     Маќоми донишмандон ва суханварони Хуҷанд дар  тањаввули илму фарњанги башарї.

– сањми њакимони хуҷандї дар ташаккули улуми даќиќ

– хуҷандшиносї дар хориҷ аз кишвар

– њунармандони Хуҷанд ва рушди санъату њунарњои нафиса

– Хуҷанд ва њифзи адабиёту фарњанги миллї дар масири таърих

 

Ишорот ва танбењот:

риояи меъёрњои нигошти маќолоти илмї њатмист

• маќола бояд ҷое нашр ва ироа  наёфта бошад

њаҷми маќола њамроњ бо санадњои тасвирї, ҷадвал, диаграмма ва амсоли инњо набояд аз 12 сафња (формати А-4) зиёд бошад

• маќола бо шрифти Times New Roman Tj, андозаи њарф -14 ва фосилаи байни сатрњо 1,5  њуруфчинї гардад

• гузиниш ва таъйиди маќолањо бар ўњдаи масъулони илмии конфронс аст

• нишона барои ирсоли маќолањо: nurali74@mail.ru

• охирин мўњлати ќабули фишурдаи маќолот: 25-уми ноябри соли ҷорї.

Њамзамон, кумитаи тадорукоти конфронс ба иттилоъ мерасонад, ки маљмўаи маќолоти конфронс дар оѓози соли 2014 милодї нашр хоњад шуд. 

• пазироии ширкаткунанда ва њазинаи он бар ўњдаи баргузоргар аст

• Тел. барои иртибот: 992 (3422) 63726, 928763797, 951832481

Гурўњи тадорукот

Просмотров: 1396 | Добавил: bboy | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]