Главная » 2013 » Декабрь » 3 » Фарзанди замин
20:32
Фарзанди замин

                                                  Акрамзода Саидшоьи Хуросони.

 

Фарзанди замин

     Устод Абдулманнони Насриддин  як шахсияти хосаву истиснои буданд,ки дар дилхои мардум тухми сухану адаб мепошиданл ва дар вилояти Сущд мактаби адабиётшиносии худро доштанд. Аьли илму – адаби жумьури  он касро ьамчун донишманди сохибмактаб  мешинохтанд ва  ба он кас эьтироми хосса доштанд. Банда ьам бо  ин шахси ориф ва меьрубон аз аввали  солхои 80-уми асри сипаришуда робитаи дусти  доштам.

   Устод  дар баробари фарзандони минтакахои гуногуни Чумхурии азизамон ба мардуми заьматкаши Мастчоь низ муьаббати беандоза  дошта шогирдони зиёдеро тарбия намуданд, Махсусан ба деьыонони ин диёр дусти ва ьамкории зиёд доштанд.Решаи ин дусти аз деьыонзода будани он шахс сарчашма мегирифт. Бале устод дар баробари он ки ба синахои мардум тухми неки мекоштанду нихоли мухаббати суханро об медоданд дехкони вокеан донапошу захматкаш буданд. Падари устод ва хешовандони он кас биринчпарвар ба кавли мардум шоликорони касби буданд. Устод  ин пешаро дуст  медоштанд ва ифтихор доштанд, ки гузаштагонашон дехконони асили буданд Аслан дар ноьияи Мастчоь ва куьистони вай шоликори мавжуд набудзеро Куьистони Мастчоь замини барои шоликори мувофиыро надошт. Дар ноьияи нав бошад мардум асосан ба пахтакори шущл доштанд. Заминьои фаррох ва мавжудияти об барои шоликори заминае хубе буд. Аммо аз сабаби надонистани нозукиьои шоликори деьыонони ин ноьия  аз ин касб дурр буданд. Аз ин ру аввалин шахсе, ки мардуми Мастчоьро бо шоликори ьидоят намуда ва нозукиьои ин пешаро омузонид устоди гироми Насриддинов Абдуманнон буданд.

     Сольои тулони устод Насриддинов Абдуманнон бо шогирдони худ аз моьи сентябр сар карда то моьи декабр дар совхози Правдаи ноьияи Мастчоь ба жамъоварии пахта машщул буданд.Дар бошишгоьи саьрои ьамроь бо донишжуён зиндагони мекарданд. Зиёдтар ваыт дар бригадаи дусташон Муллоабдураьим, ки донандаи хуби ашъори классикон аст ва тор, рубоб, тамбурро хуб менавозад инчунин сарояндаи нозукадо ьаст, зиндагони доштанд.

Пас аз анжомёбии рузьои пахтачини – шабонгоь маьфильои адаби – бадеъи ва базми шеърхони ташкил менамуданд. Муллоабдураьим ьам фаъолона дар ин маьфиьо иштирок менамуданд ва банда ьам дар ин маьфильо иштирокчии фаъол доштам ва, ба донишжуён аз адабиёт, таърих ва тиб барои зиёд шудани жаьонбинии оньо  бо хохиши устод наылхо менамудам.

Пас аз маьфил устод ба шогирдони худ бо исрор мегуфтанд: бубинед мардуми Мастчоь новобаста аз касбу корашон эьтироми бепоён ба адабиёт, фарьанг ва таърихро доранд ва одамони миллатдуст мебошанд.

    Вазифаи асосие, ки ман ва дустонам Саидолимов Тожиддин – раиси шущли аьоли ва Маликов Абдураьмон – мудири молия ва сарвари совхози Правда Мирзобеков Суфибек ва сардори ПМК №3 Мухторов Мирзо ьар чи зиёдтар шароити  кори ва маишати зиндагонии устод ва шогирдонашонро беьтар намудан буд.

    Устод дар байни деьыоньо аз эьтироми воло бархурдор буданд. Сабаби асоси он хоксори, ростгуи, ростыавли ва донишмандии устод буд. Новобаста аз он ки устод олими номдори жумьури буданд ба деьыоньо чунон муомила менамуданд, ки гуё деьыони одди мебошанд ва ин сифатро хоксори мегуянд. Бо фармудаи Мавлоно:

Дар баьорон кай шавад сарсабз санг,

Хок шав то гул бируяд ранг – ранг

    Дар бригадаьое, ки устод бо шогирдонашон дар мавсими пахтачини кумак мерасониданд аьли деьаьои номдори Мастчоь Палдорак ва Рощ буданд. Ин ду деьа дар ноьия бо жавонмарди, меьмоннавози ва ноньои зебо ва пурлаззати худ дар тамоми жумьури машьур мебошанд. Дустии устод пеш аз ьама бо мардуми деьаи Палдорак чунон самими буд, ки кас хаёл мекард устод зодаи деьаи Палдорак бошанд ва ин дусти сарчашмаи он гашт, ки устод Насриддинов ба мардуми ин деьа шущли шоликориро омузонданд. Пеш аз ьама ба Ьожимаьаддуст ва хешовандони он кас ьамчун бародар муносибат доштанд. Ьар гоь, ки устод аз назди заминьои ин совхоз мегузаштанд бо таассуф мегуфтанд, ки ин заминьои аз оби зери замини ба ботлоы мубаддал гашта, ки ьажмашон аз 100 гектар буд метавон ба шолизор мубаддал намуд ва деьыоньо метавонанд аз ин ботлоызор садьо тонна шоли бардоранд. Хулоса ин андешаи устодро ба сарвари ин хожаги расонидем ва ин шахси нажиб Мирзобеков Суфибек ба устод эьтироми бепоён дошт дар соли 1997 барои мо аз заминьои пахтакории Маьаддуст 10 гектар замин жудо намуд ва гуфт, ки устод бигузор дар ин заминьои хушк ба шоликори ощоз намоянд, мо бошад он ботлоызорро хушктар менамоем ва устод ба мардуми ин деьа шущли шоликориро омузонданд.

. Шиори асосии зиндагонии он кас ин буд, ки одам бояд бо меьнат нони ьалол ёбад. Ва ин шароит барои устоди равоншод пайдо гашт. Аьсани бепоён ба мардуми он деьаьо ва Ьожимаьаддуст, ки нагуфтанд : - «Шумо аз заминьои корами пахтакори барои шоликори жой гирифтед». Дар давоми ду соли шоликори , ки ьосили хуб бардошта шуд, устод якчанд нафар деьыонони деьаи Палдоракро санъати шоликориро омузондан ва роььои нобуд сохтани ботлоызор ва кишт намудани шоли дар он заминьоро ёд доданд. Ба шарофати устод Насриддинов Абдуманнон деьыонони Мастчоь шоликориро ёд гирифтанд ва он заминьое, ки ботлоызор шуда буданд ба киштгоьи шоли табдил ёфт. Дар давоми 16 соли шоликории деьыоньои деьаи Палдорак садьо тонна шолии хушсифат гирифтанд, ва мардуми ноьияи Мастчоь устодро натаньо  хамчун олими забардаст, балки устоди шоликори дар ноьияи Мастчоь мешиносанд.

     Ногуфта намонад, ки раиси хожагии оби ноьия Азизов Абдумалик бо об ва вагони ьаракатнок барои истиыомат таъмин намуданд, инчунин шароит барои гузаронидани маьфильо бо иштироки шоираи маъруфи тожик Фарзона, Озарахш, Абдурашид ва дигар равшанфикрон бо иштироки овозхонон муьайё намуданд. Дар ьамаи мушкилиьо кумаки худро дарещ намедоштанд ва ба устод эьтироми беандоза доштанд.

     Бо шарофати устод бошишгоьи саьрои мо ба маьфили адаби мубаддал гашта буд. Дар он маьфильо донишманди шинохта, нависанда, рузноманигор, шоир, ки дар Эрон зиндаги доштанд, инчунин Нормуьаммад гуяндаи радио «Садои Хуросон», Жура Юсуфи, Шоьмирзо ва даььо нафарони дигар, ки ба устод дуст будан иштирок менамуданд ва зикри хайри устодро ба гушаю канорьои Эронзамин мебурданд. Чунон, ки Лисонулщайб гуфтааст:

 

Зиндаву жовид монд, ьар ки накуном зист,

К-аз аыибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Ьама гуфтаьои дар боло зикр гашта баёни он аст, ки зиндаёд устод Насриддинов Абдуманнон дар байни мардуми Мастчоь шахсияти соьибэьтиром буда,нд.

    Аввалин маротиба дар Мастчоь бо олими шинохтаи жумьури Абдулов Карим ьамсуьбат гаштанд, Абдулов аз ман пурсиданд, ки Абдуманнон аьли кадом деьаи Мастчоь мебошанд.Ба он кас жавоб додам, ки зодаи Хужанди бостони буда ба мардуми ноьияи Мастчоь меьри бепоён доранд.. Дар тирамоьи соли авали шоликори ба устод хабари нохуш расид, ки он кас аз кор сабукдуш гардиданд. Аз шунидани ин хабари шум хело нороьат ва щамгин гаштанд. Фаыат худро бо он ором менамуданд, ки замин ьаст ва бо деьыони комилан машщул мешавам. Устод дар тобистон, ки ьаво хело гарм аст аз соати 5 пагоьи дар даст каланд то соати 8 бегоьи кор мекарданд ва хаста намешуданд. Ба он кас гуфтам – Чашм нарасад, Шумо хастанопазир ьастед? Чунин жавоб гардонданд – каланд худаш кор мекунад.

    Хулоса он рузьо ва сольо барои устод бениьоят вазнин буд, аммо устод инсони панжваыта намоз, аьли таыво, ноумед набуданд ва ба шогирдони худ, ки як чанд тани оньо пеш аз ьама Саидумрон  Бахтиер  Абдучаббор ва дустонашон устодро дар таньои нагзоштанд.Шогирди бовафои он кас академик Носиржон Салимзода кушиши зиёд ба харж доданд, ки то устод ба жойи кори худ барыарор гарданд ва хушбахтона «Поении шаби сиёь сафед аст» ба маыоми худ баргаштанд.

Баргаштан ба шущли омузгори барояшон хушбахтии бепоён буд. Дар замони ректории Носиржон Салимзода тамоми шароити кори, ьужраи бузургьажм барои мудирият бо тамоми жиьозаш муьайё карда шуд.

     Яке аз дустони нажиби устод, профессор олими маъруфтарин дар байни ьамаи форсизабонон Сафар Абдуллоь аз масофаи дур устодро ьаматарафа дастгири менамуд ва шарофати устод пас аз 20 соли муьожират аввалин маротиба ба шаьри Хужанд ба дидорбинии устод омад ва дар рузи дафн беьтарин суханьоро дар бораи устод ва дустии бещаразонаро гуфт. Чандин маротиба аз ман ьамчун табиб пурсид, ки агар барои табобати устод маблащи кофи набошад ман хонаамро, ки дар маркази шаьри Алмаато аст фурухта маблащро барои табобати устод сарф хоьам кард. Ба он кас фаьмондам, ки бемории устод дар ьоли ьозир табобатнашаванда буда эьтиёж ба маблащ нест. Дар рузьои табобати Теьрон он кас ва дустони Эронии Сафар Абдуллоь ьамроьи устод буданд. Чунин дустии бещаразонаро байни устод ва Сафар Абдуллоь аввалин маротиба дидам. Дар сугвории устод аз ьама зиёд щамгин ва ашки ьасрат аз чашмонаш жори гашта буд. Боз ьам ба фармудаи Мавлоно:

То хаёли дуст дар осори мост,

Жонгузори, жонсупори кори мост.

Устод дар байни мардуми заьматкаши Мастчоь маъруфияти хело зиёд доранд, ва ьеж гоь аз хотираьо фаромуш нахоьад ёфт. Бо гуфтаи Шайх Саъдии бузургвор:

Саъдиё марди накуном намирад ьаргиз,

Мурда он аст, ки номаш ба накуи набаранд.

 

.

Категория: Абдулманнони Насриддин аз нигохи сохибназарон | Просмотров: 1232 | Добавил: bboy | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]