Главная » 2012 » Июль » 12 » Махфили ихлосу садокат
22:09
Махфили ихлосу садокат
Қоҳир Расулзода
Раиси вилояти Суғд   
                      Маҳфили ихлосу садоқат                         
Чи хеле, Президенти мамлакатамон, ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд,  бунёди давлати озод ва соҳибистиқлол  ба фарҳанги волои суннатии мардум, адабиёт ва забони муқтадир, илми асил ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ сахт марбут аст. Маҳфили «Ганҷи сухан» минбарест, ки дар тарғиби ин арзишҳои баланди маънавӣ беназир аст.
Зиёда аз 8 сол аст, ки дар қаламрави вилоят нишасти адабиву илмии «Ганҷи сухан» чун минбари сухани озоди аҳли қалам баргузор мегардад, ки ибтикори таъсис ва фароҳамоварии суханваронро дар канори он адабиётшиноси шинохтаи тоҷик устод Абдулманнони Насриддин бар дӯш доштанд. Баргузории моҳонаи ин маҷлиси эътиқоду эътимод ба адабиёт ва илму ҳунар дигарбора собит сохта меояд, ки мардуми тоҷик бо сухан, илму маориф ва адабиёт пайванди қавии равонӣ дошта, амри соҳибшӯҳрати миллати моро бар асоси он бозтоб бахшидаанд.  Аз рӯзҳои нахустини ҳузури ин маҳфил дар ҳавзаи илмиву адабии вилояти Суғд ба он суханварону олимони номвари кишвар ва берун аз он робитаи устувор  пайдо намуда, борҳо дар маҳфилу нишастҳо ҳузур пайдо намуда, бо каломи мавзун ва мустанаду муҳаққиқонаи хеш дар густариши фазои илмии кишвар ва аз ин роҳ барои бошукўҳ баргузор гардидани  маҳфил нақши муассири хешро гузоштаанд. Инҳо аз ҳузури суханварону адабиётшиносони номии кишвар Меҳмон Бахтӣ, Гулназар, Камол Насрулло,  Доро Нажот, Муҳаммадалии Аҷамӣ,  Худоӣ Шарифов,  Абдураҳмон Абдуманнонов, Мирзо Муллоаҳмадов, Шаҳобуддини Шуғоқ ва дигарон метавонам ёдовар шавам, ки бо ваҷҳи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ин минбари воқеии илму адаб дар маҳфилҳои он ҳузур пайдо намуда, каломи мавзуну муҳаққиқонаашонро иброз доштаанд, ки мақолаву сурудаҳои онҳо дар саҳифаҳои китоби силсилавии «Армуғони Ганҷи сухан» ба дасти чоп расидаанд. Бо ифтихор метавон гуфт, ки маҳфили «Ганҷи сухан» марзҳои кишварро убур намуда, то дуриҳои дур сафар намудааст. Ташрифи донишмандону ховаршиносони номвари кишварҳои мухталиф устодони сухан Асғари Додбеҳ, Саидалӣ Мусавии Гарморудӣ, Асадуллоҳи Воҳид, Алии Муҳаммадии Исфаҳонӣ, Ҳасани Қарибӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, Шамсулҳаққии Ориёфар, Ҷаъфари Ранҷбар аз кишвари Афғонистон, Орифи Навшоҳӣ аз кишвари Покистон, Ҷаҳонгири Дуррӣ аз Русия ва амсоли ин шукӯҳу нусрати илмиву адабии ин маҳфили адабии ҳавзаи вилояти моро берун аз марзҳо бурдааст.  Дар ин раванд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ пайваста дар таҳкими заминаҳои фикриву молии маҳфил тадбир ҷустааст.
Соле мешавад, ки  муассиси ин нишасти нусратёри илмӣ устод Абдулманнони Насриддин моро тарк гуфтаанд. Ҳиҷрати ин донишманди зиндаёд ва муҳаққиқи соҳибназар, ки илми адабиётшиносии моро дар асарҳои бонуфузи фарҳанги ҷаҳонӣ бо таълифоти мондагори хеш муаррифӣ намудааст, воқеан талафоти ҷонсӯзе барои илми тоҷик буд. Аммо устод дар зиндагии хеш мактаби нерӯманди илмеро асос гузоштанд, ки имрӯз шогирдони ин мактаб худ дар мақоми устодӣ расида, дар ривоҷи адабиётшиносии тоҷик саҳме муносиб мегузоранд. Бо ҳиммати ин ҷавонони фардоназар ва садоқатёр ба ормонҳои устоди хеш буд, ки маҳфили «Ганжи сухан» бо ҳамон суннатҳои хоси пайрезинамудаи устод Абдулманнони Насриддин идома ёфта истодааст ва бидуни танаффус  нусратёрона қадам ба сӯи фардоҳои рӯшан мегузорад. Фурсат моро ба нишасти садуми ин ҷаласаи пурбаракот наздик месозад ва дар ин лаҳзаҳои муборак орзу менамоем, ки ин тифли якшабаи маънавии устоди Абдуманнони Насриддин роҳи ҳазорсоларо тай намуда, аз баракоти ҳузури он ҷомеаи мо файзҳои бешумори маънавӣ касб намояд. Мо бар ин амри муносиб ва амалкарди пуртавфиқ итминон дорем, зеро садоқатёрии шогирдони содиқи мактаби адабиётшиносии устод дар курсии адабиёти классикии тоҷики Донишгоҳи давлатии Хужанд ба номи академик Бобоҷон Ѓафуров, ки солҳо садорати онро бар дӯш дошта, ҷамъи ин ихлосмандони хешро дар домони он ба камоли маънавӣ расонидаанд, бовар ва эътимоди моро бештару пештар хоҳад  гардонид.
 Ман бовар дорам ширкаткунандагону соҳибони ин маҷлис ба ҷашни 20 солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тозатарин дидгоҳҳои адабиву илмӣ ва сурудаҳои навини суханварони тоҷикро барои наслҳои имрӯзу фардо армуғон хоҳанд кард.
 

Категория: Навгонихои илмию адаби | Просмотров: 1315 | Добавил: bboy | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]