Главная » 2012 » Февраль » 14 » Марде аз чинси фазилат ва порсои
21:13
Марде аз чинси фазилат ва порсои

Марде аз љинси фазилат ва порсої

 

Рўдакии бузург рўзгоре дар ѓами аз даст додани бузурге чун Муродии шоир суруд:

 

Мурд Муродї, на њамоно, ки мурд,

Марги чунон хоља на корест хурд.

 

Достони сароиши марсия барои дўстоне, ки чун гузариёни корвони инсонї меоянду мераванд, достоне мукаррар аст, ки зоњиран поёне надорад.

 

Њама корњои љањонро дар аст

Магар марг, к-онро дари дигар аст.

 

Агар дари њаёт бар одамї боз мешавад, њатман дари марг низ рўзе бар мо кушуда хоњад шуд. Аз ин рў марг љузъе лоятаљаззии зиндагист ва аз он гурезе ва гузире нест. Куллу нафсу зоъиќату-л- мавт.

Агар имрўз њам дар ин макон гирди њам омадаем, на барои гила аз бедоде, ки марг бар фарзандони Одам меронад, балки барои бузургдошти марде љамъ шудаем, ки дарро бар марг баст ва љони хешро ба олами бемаргї пайванд зад.

Устод Абдуманнон Насриддинов дар зумраи касоне буд, ки марзи зиндагии модиро дарнавардид ва дар зумраи мардони номирое даромад, ки њаёти љовидонї ёфт ва марзи маргро дарнавардид  ва ба оламе по гузошт, ки нестї ва нобудї дар он роњ надорад.

 

Њаргиз намирад онкї дилаш зинда шуд ба ишќ,

Сабт аст бар љаридаи олам давоми мо.

 

Рўзшумори њаёти моддии ў чун дигар абнои башар аст: мутаваллид шуд, зиндагї кард ва даргузашт. Ин бахш фасли муштараки њама зиндагињост аз вазеъ ва шарифу доро ва нодор, бузург ва кўчак, бофазилат ва бефазилат. Њама ва њама дар ин фасл бо њам муштараканд ва касе нест, ки дар достони зиндагияш ин се фасл вуљуд надошта бошад. Аммо ончи зиндагии афродро аз якдигар мутамоиз мекунад, љењраи маънавии зиндагист, ки дар ин бахш њељ инсоне ба дигаре шабоњат надорад, гарчи мумкин аст дар ин фасл  бо дигар њамгинон фусули муштараке вуљуд дошта бошад, аммо њатман фусули муфориќе њам вуљуд дорад, ки њаёти афродро аз якдигар људо мекунад. Аз ин рў, агар бихоњем барои устоди равоншод Абдуманнон Насриддинов сухане бигўем ва имтиёзи њаёти ўро бар дигарон баршуморем, бояд ба суроѓи њамин љанбаи маънавии њаёти ў биравем, ки алњаќ валинсоф ба ќадре ѓанї ва пурмоя аст, ки њар инсоне орзу мекунад њаёти ба ин андоза моявар ва дурахшон дошта бошад. Золика фазлу-л-Лоњ юътињи мин яшоъ

Барљастагињои њаёти маънавии устод Насриддиновро дар чанд фасл метавон хулоса кард.

Нахуст њаёти ќуръонии ин мард бузург буд. Бетардид, номи ў бар тораки фењристи ќуръонпажўњони њавзаи Фарорўдон медурахшад ва ёдовари даврони тиллоии нигаришњои ќуръонї дар Мовароуннањр дар тўли таърих аст. Дар яксад соли ахир, ки ќуръонпажўњї дар ин њавза камфурўѓ буд, ё агар вуљуд медошт, камтар бо нигоњи мўъминона ва њаќќљўёна буд, мутолиоти ќуръонии устод чароѓи равшани ин масир аст. Навиштањои муњаќќиќонаи ў дар ин боб равшанибахши маљлиси ќуръониёни ин њавза аст ва њељ муњаќќиќе аз хондани ин навиштањо бениёз нест. Назди ќуръонпажўњони эронї устод воситатулиќди мутолиоти ќуръонї дар ин њавза аст. Борикбинию жарфандешї ва нигариши илмии  ў ба мавзўъ навиштањои ўро хонданї кардааст. Ин тањќиќот бар хилофи бахше аз мутолиоти ќуръонї дар ин њавза аст, ки маъмулан омехта бо буѓзи илмиест, ки ёдгори нигаришњои марксистї ба маќулоти мазњабї ва динист ва ќабл аз ин ки дарки воќеъгароёна ба хонанда бидињад, ўро даргир бо нигоње мекунад, ки омехта бо њуббу буѓз аст. Устод Насриддинов дар зумраи маъдуди пажўњишгаронест, ки кўшид дар тањќиќоти худ  ин хусумати чанддањаиро поён дињад ва њосили кораш алњаќ сутуданї ва олимонаву пурсамар буд ва дар ин масир њам бо бузургворї ва бузургманишї бисёре аз номењрубонињою камтаваљљўњињоро ба љон харид, то битавонад рисолати худро ба дурустї анљом дињад.

Бахши дувуми њаёти тайибаи ў дар бозхонию табйин ва тафсири њаёти фарњангии бошандагони ин њавза ва дар нигоње васеътар – фарњанги муштараки эронии исломї аст, ки ў дар ин роњ тањќиќоти шоистаи таќдир анљом дод. Дар ин њавза низ ў бар хилофи бархе муњаќќиќон, ки роњи ифрот дар пеш гирифтаанд ва њанўз њам љараёни мусаллат бар нигаришњои мутолиотї дар Тољикистон аст, ў њамчун муњаќќиќи нуктаёб ва равшанбин њар масъалаи илмиеро дар љойгоњи худ дид ва аз нигаришњои танг ва њудуди ќавме, ки гоњ ба марзи навъе аз нажодпарастї наздик мешавад, дурї љуст.

Ин нигариши олимона дар њоле бар кори ў мусаллат буд, ки њавзаи бархе мутолиоти ў дар мањдудаи марзе муайян буд ва худи мавзўъ ин зарфиятро дошт, ки муњаќќиќ ба иќтифо ва иќтизои фазои умумии тањќиќ дар ин ќаламрав ба водии миллатпарастї ва нажодпарастї дарѓалтад ва аз нигариши илмї фосила бигирад, аммо њаргиз чунин нашуд. Зеро љони илмогоњи ў ба дурустї њитањои тањќиќи илмиро мешинохт  ва ин огоњию шинохт ўро дар симои муњаќќиќе љилвагар сохт, ки осори ў на дар мањдудаи марзњои Тољикистон, балки дар он сўи марзњои ин кишвар низ ба дидаи ќабул ва эњтиром нигариста шуд  ва њамагон ўро ба чашми тањсин нигаристанд. Намунае аз ин тањќиќот «Тазкираи шуарои Хуљанд» буд, ки унвони пажўњиш метавонист гумроњкунанда бошад ва муњаќќиќро дар мањдудаи нигаришњои муњитию нажодпарастона мањдуд созад, аммо ин иттифоќ рух надод. Муњаќќиќони эронї ва љањонї њам ин асарро ба дидаи ќабул нигаристанд ва љойгоњи он фаќиди саид назди муњаќќиќони эронї  бо нашри ин китоб беш аз пеш рафеъ гардид.

Ин бахш аз тањќиќоти устод ўро дар зумраи пажўњандагоне ќарор дод, ки бунлоди фарњанги миллиро бо тањќиќоти минтаќаї ва мањаллї ва бо нигариши њушмандона бино мекунанд. Аз ин рў, тањќиќоти устод дар хусуси Хуљанд ва хуљандиён натанњо равшангари олимонае дар хусуси сањми ин куњаншањри бостонї  дар њавзаи фарњанг ва тамаддуни миллии тољиконро ба дурустї баён мекунад, балки фаротар аз он, љойгоњи Хуљанд ва хуљандиёнро дар таърихи фарњанги муштарак баён мекунад ва ин равишест, ки дўстони муњаќќиќи тољик бисёр бад-он ниёзманданд, то њам адои дайн ба фарњанги мањаллї кунанд, њам бинои фарњанги миллиро бо дироят ва равшанбинї устувор кунанд ва њам бинои бошукўњи тамаддуни муштараки эронї ва исломиро рифъат бахшанд ва шўрбахтона, бояд гуфт, чї ќадр теъдоди ин афрод кам аст ва чї ќадр ин љомеа ба ин гурўњ аз муњаќќиќон ниёзманд аст. Тањќиќоте њам, ки ў дар њавзаи луѓат ва луѓатшиносї анљом дод, аз њамин ќисми мутолиот аст ва љойгоњи ўро дар ин њавза ба дурустї нишон медињад.

Шахсияти илмии ўро дар чанд њавза метавон тањлил кард. Луѓатшиносе нуктаёбу даќиќ, ќуръоншиносе настўњ ва бемалол,  матншиносе олим, таърихдоне муњаќќиќ ва пажўњандае олим. Ин танаввўи њавзањои мутолиотии ин муњаќќиќ зиндагии ўро ба ин натиља мерасонад, ки ўро метавон дар зумраи аломањое дар таърихи муосири муштарак ба шумор овард, ки мутаассифона, бадиле надоранд ва бо рафтани њар як, њасрати холї будани љои ў бар дили њамаи алоќамандон ба фарњанги муштарак боќї мемонад.

Аммо аз њама муњимтар шоњкори ин марди бузург зиндагии ў буд. Њаёти тайиба, ки саросар нуру равшанї ва покию маърифат буд ва бо тарбияти фарзандони ќуръонї намунае аз зиндагї  ва тарбияти як хонаводаи покнињоди мусулмонро ба љо гузошт.

Худованд ўро бо авлиёи хеш мањшур кунад ва ба хонаводаи он марњум ва љомеаи фарњангиёни тољик сабру шикебої эъто намояд.

 

 

Категория: Абдулманнони Насриддин аз нигохи сохибназарон | Просмотров: 854 | Добавил: bboy | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]