Главная » 2012 » Февраль » 17 » Мохи ба дарё мотам гирифт
20:40
Мохи ба дарё мотам гирифт

  

 

Моњї  ба дарё мотам гирифт

                   Он нигањдорандаи ганљи сухан,

                   Њамчу ганље дар миёни хок шуд.

                   Моњ буду бар сари афлок рафт,

                   Пок буду сўи љони пок рафт.

             Соати 838 субњи шанбе (30.07.2011) дўсти соњибфазлам Мирзоњабиб Ањмадов ба ин фаќир хабар доданд, ки ќалби пуртапиши устод Абдулманнони Насриддин аз тапидан бозистод. Воќеъият буд, аммо намехостам бовар кунам. Он лањза, ки танњо будам, барояшон дарун-дарун гиристам:

Эй номусулмон -– зиндагї,

Эй марги мардон -– зиндагї.

Дареѓо, ин сарои ду дар ва ќазову ќадар баъд аз фурсате кори њамешагии худро кард ва боз як нобиѓаи рўзгори моро бо худ бибурд.

Ин хоки домангир, моро дигарбора панде бидод, ки ќадри ин соњибназарон сари ваќт бишносем ва буданашонро муѓтанам донем, ба ќавли Саъдї алайњиррањма:

Ки њайњот ќадри ту нашнохтам,

Ба шукри ќудумат напардохтам.

Њайњот,ќадри дарахти пурсамар нашносем, то хушк нагардад ва ќимати  зар соате донем, ки аз даст биравад:

Чу нон зи суфра бибурданд, суфра густардем,

Чу об хушк шуд андешаи сабў кардем.

Адабиётшиноси номовари тољик, машъалафрўзи илму дониш, доктори илмњои филологї, профессор  Абдулманнони Насриддин баъд аз умре талошу љањди пайгиру мондагор, саранљом ба хомўшї гароиданд. Рафтанду чашмони интизору умедвори ањли хонавода,  донишандўзону донишваронро ашкбор ва ќалби муридон ва    ихлосмандонашонро андўњгин сохтанд. Њамзамон корвони илму хирад, он файзу шањомат ва тааммулу тањаммулро бо худ бибурданд: «Мавтул олимї мавтул оламї-марги олим марги олам аст». Аслан, профессор Абдулманнони Насриддин ба муаррифии зиёд ниёз надоранд. Аз донишљў то донишпажўњ, аз омї то олим  ба вежа ањли фазл ва ањли фан он дењќони асили замини барўманди илму маърифатро дер боз мешиносанд ва овозаи суханашон њам  ба марокизи баланди илмї: Тењрону Табрез, Маскаву Петербург, Дењливу Исломобод ва Тошканду Алмаато шоеъ гардидааст. Бо андешамандони тирози аввал: Њаддоди Одил, Б. Хуррамшоњї, М. Муњаќќиќ, Масъуди Ансорї, Алии Равоќї, Саид Мўсавии Гарморудї,  Ќањрамон Сулаймонї (Эрон), Орифи Навшоњї (Покистон), хонум Ќамари Ѓаффор (Њиндустон), Пригарин Н. И, Адрей Евгенович Бертелс (писари Е.Э.Бертелс, Москва), Сафар Абдулло (Алмаато), М. Шакурї, М. Муллоањмад, Х. Шарипов, А. Сатторзода, М. Ањмадзода (Тољикистон) ва монанди ин дўстї ва робитањои илмиву фарњангї доштанд. Дар маљлис ва мањфилњои  маънавии ин кишварњо њамешагї иштирок ва суханронї мекарданд.  Хосатан,  барои истењком ва робитањои фарњангї ва маънавии Тољикистону Эрон наќши носутурданї гузоштаанд.  Њазрати устод Абдулманнони Насриддин дар Фарњангистони Эрон, ки баландтарин муассисаи илмии замони мост, чанд муддат фаъолияти илмї- тадќиќотї њам доштанд. Саранљом ду китоби эшон «Тазкираи шуарои Хуљанд» (1384 чопи дуюм/2000м.) ва «Ошної бо тарљумањои форсии Ќуръони карим дар Эрон ва Тољикистон» (1385њ./ 2001м) дар Тењрон ба зевари табъ ороста гардиданд. Раќами таќдири устод Абдулманнони Насриддин  чунин буда, ки  валодаташон 20-уми ноябри соли 1953 дар љамоати Ёваи н. Бобољон Ѓафуров иттифоќ афтодааст. Аз уламои маъруфи он замон Юсуфљон Салимов, Ањмадљон Усмонов, С Асадуллоев, Т. Маќсудов касбу дониш андўхтаанд. Ба вижа дарси маърифату тарбиятро  аз устоди маъруфи он замон Абдуњалим  Азизов аз бар кардаанд. Соли 1982 дар Шўрои илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИЉТ рисолаи номзадиашонро тањти унвони «Шамс-ул-луѓот» ва ањамияти лексографикии он», зери роњбарии ховаршиноси шаҳир Владимир Александрович Капронов ва 18-уми октябри соли 1990 дар њамин маркази бонуфузи илмї  рисолаи доктории худро дар мавзўи «Проблемаи маърифати бадеї ва шарњу тафсири осори адлабиёти форсу тољик» тањти роњбарии зубдатулуламо Муњаммадљон Шакурї дифоъ кардаанд. Дар матбуоти он замон низ навишта  буданд, ки устод Абдулманнони Насриддин љавонтарин муњаќќиќест, ки дар таърихи адабпажўњии мо ба дарёфти дараљаи баланди илмї  мушарраф гардид. Агар соддатар бигўем устод Абдулманнони Насриддин аз зумраи он адабпажўњоне њастанд, ки  дар синни 37- солагї дар љаласаи адабпажўњони номвари мо М Шакурї,  Р. Амонов, Х. Шарипов, Н. Сатторов, Р. Мусулмониён, В. Асрорї, А. Афсањзод, У. Каримов, Ќ. Чиллаев  ва Н. Афсањов, ки роҳбарии ин гурўњро устод Р. Њодизода  бар дўш  доштанд, рисолаи доктории хешро муваффаќона ва муњаќќиќона њимоя кардаанд. Наздик 40 сол мешавад, ки устод Абдулманнои Насриддин ба касби донишу маърифат иштиѓол дошта, ќудрати аќлу љисмро  ба таълиму тадрис ва иршоди толибилмон равона карда буданд.

Аслан, инсонњои соњибназар ва соибназар ба масобаи чароѓњои љовидонї њастанд, ки ин сарои сипанљро нуру зиё ва сарочаи дили одамиро сафо  мебахшанд. Устод Абдулманнони Насриддин њам њадиси  чароѓи илму маърифатро мемонданд, ки бо вусъати тафаккур, дасту дили пок, малоњати гуфтор ва хулќи фаришта дар арсаи таълиму тадрис наздик  30 номзади улуми филологї ба камол расонида  андар  зеҳну забон ва аќлњои эшон ишќу сафо, умеду раљо, имони росих ва фиросату дироятро  парварида, бад ин васила рисолати инсонии хешро анљом додаанд. 

Устод Абдулманнони Насриддин дар майдони таълиму тарбия бо сафои рўњ, нафаси тоза ва сабру тањаммул, ранљи фаровон кашида, бањри такмилу тарвиљи забону адаби форсии тољикї хидмати мондагор анљом дода, дар вазоифи муњаррир, сармуаллим, декани факулта ва мудири кафедра фаъолият доштанд.

Ба вижа 20 сол дар баландтарин ва борвартарин пойгоњи илмии замони мо мудири курсии адабиёти классикии тољикї роњбарї доштанд. (1991- 2011). Ёдам њаст, ки устодро чанд маротиба  ба вазифањои декани факулта, проректори таълим хоњиш карда буданд, аммо эшон напазируфтанд ва ин байтро замзама мекарданд:

 

Дунё агар дињанд, нахезам зи љои хеш,

Ман бастаам њинои ќаноат ба пои хеш.

 

Ањли фан њам огоњї доранд, ки устод Абдулманнони Насриддин аз аввал ба майдони адабиёт савора омада, зиндагиашон њам  бар пояи илму имон ва таќво асос ёфта буд. Солиёни зиёд бо тањаммул бори сухан мекашиданд ва садҳо донишандўзону донишпажўњонро дасти кўмаку иродат њам дароз карда буданд. Яъне Худованди рањмон барои устод Абдулманнон њам хираду маърифат ва њам парњезу худотарсиро ато карда буд. Эшон намунаи арзишманд дар дирояту заковат, имъони назар ва худотарсї буданд. Пайванди илму тоат ё ба таъбири дигар ќилу ҳол барои олим ё муњаќќиќ аз њар нигоњ судманд аст. Бад-ин рў, ки агар бахши аслии таълимоти исломї имон бошад, пас љони имон амал аст. Њазрати устод аз адабпажўњоне буданд, ки дар ворастагї, тазкияи нафс ва худотарсї љойгоњи муносиб доштанд ва иншооллоњ мартабаи муносиб њам бурданд. Бартарї ва тавфиќашон аз уламои дигари мо њам дар њамин љињат, яъне илми боамал буд. Ҳарчанд ки ин нукта дар назари мардуми омї содда ва беарзиш аст, аммо назди нафароне, ки суханшинос дар рўњоният њастанд, ањамияти вижаеро молик аст, зеро мантиќи Ќуръонї ва маорифи исломї барои амал арзиши бештаре ќоил аст, то ба илм:

 

Шаби мардони Худо, рўзи љањонафрўз аст,

Рўшанонро ба њаќиќат шаби зулмонї нест.

 

 Устоди бузургвор  аз озодагон ва асилзодагоне буданд, ки њамешагї ба Ќуръону суннат ва ирфони исломї ишќ меварзиданд. Шањодат медињам, ки устод Абдулманнони Насриддин то охири умр саргарми ибодати Худой буданд ва  ногањон фурсати аљалашон даррасид, дар бомдоди шанбеи 28- уми шаъбони соли 1432 ҳ.ќ мутобиќ ба 30-юми июли санаи 2011 мелодї даъвати Њаќро лаббайк гуфтанд ва ин љањонро ба љањониён гузошта, ба саройи дигар шитофтанд:

 

Гар марг расад, чаро њаросам,

К- он роњ ба туст, мешиносам.

Чун ќомати мо барои ѓарќ аст,

Кўтоњу дарозро чї фарќ аст?

 

Дар рўзи соати видоашон бењтарин арбобони давлатї: Муовини аввали Раиси вилояти Суѓд, доктори илми тиб, профессор  Љумъабой Рањматович Сангинов, ректори ДДХ ба номи акад. Бобољон Ѓафуров, доктори илмњои таърих, профессор  Набиев В. М., мудири кафедраи адабиёти муосири тољик, профессор Файзуллоев Н., Ходимони дин:  Муовини Раиси уламои вилоят  Хўљамиров М. ва Имомхатиби масљиди љомеи «Сармасти Валї» Њољї Ќурайшхон суханронї доштанд.

Баъди адои фаризаи пешин љанозаи он марњум дар њавлии масљиди љомеи «Бурхи Сармасти Валї»-и н. Бобољон Ѓафуров  обрўмандона барпо шуд. Намози љанозаро яке аз писарони фозилу рашидашон ҳофизи кулли Ќуръон, ќорї Фахриддин хонданд. Њудуди соати 210 баъди зўњр љисми мубораки Абдулманнони Насриддин дар мазори «Сангинњољї»- и љамоати Ёва ба хоки тира супорида шуд. Лањзаи падруди абадии устод бисёр муассир ва гиро буд, анбўҳи бисёри мардум: занону кўдакон, љавону пир, олиму омї  ҳама ба сўз мегиристанд. Оҳу шевани мардум аз «айвон ба кайвон» баромад. Гўё моҳиёни дарё мотам гирифта буданд, мурѓони ҳаво ашк мерехтанд. Ҳамон рўз офтоб гирифт ва ба таќриби намози аср каме борон ҳам борид. Ин чанд байт, ки Асадии Тўсї дар марсияи Гаршосп гуфта буд, барҳаќ дар бораи устод Абдулманнон мисдоќи тамом дошт:

 

Аз айвон ба кайвон баромад хурўш,

Зи барзан фиѓон хосту зї шањр љўш.

Дилу љони њар кас чунон ѓам гирифт,

Ки моњї ба дарё мотам гирифт.

Њамон рўз низ бигрифт офтоб,

Намуд абр аз ин пас ба борон шитоб.

 

Ањли њуш аз пойтахти кишвар ва манотиќи дурдасти он барои савоби љаноза ва соати видоъ омада буданд: академик Салимов Н.Ю Директории муассисаи давлатии китобхонаи миллии Тољикистон, профессор Зоҳидов Н.Ш. муовини вазири корҳои хориљї, адабиётшиносони маъруфи замони мо: Ќодири Рустам, Мубашшири Акбарзод, Шамсуддини Солеҳ, Бахтиёр Ҳамдамов (Душанбе),  доктори илмњои филологї, Мисбоњиддин Нарзиќул (Панљакент), Эшони Мирзо, С. Акрамов (Мастчоњ) ва монанди ин.

Баъд аз як рўзи вафот, субњи якшанбе Раиси вилояти Суѓд  Ќоњир Расулзода ва вазири Маорифи Љумњурии Тољикистон академик А. Рањмонов барои адои фотиња њузур ёфта буданд. Ин аст бузургї. Худованд ҳам дар китобаш мефармояд: «…Ва туъиззу ман ташоъ- Ҳар касро бихоҳї гиромї медорї».

Оре, Абдулманнони Насриддин соњиби њукумат набуданд, аммо тамоми зимомдорони замон нисбат ба устод эњтироми зиёде ќоил буданд. Шайхї њам намекарданд, аммо муридони зиёде доштанд, зеро сарбаланду некном зистаанд ва мањалгарову риёкор набудаанд, фахрфурўшї ва зиёдаравї накардаанд, дар ду ќибла намоз нахондаанд, ба нархи рўз нон мехўрдаанд, хушомад ва  тамаллуќро дўст намедоштанд, ростбину ростќалам буданд. Ҳар чи мегуфтанд ва он чи мекарданд танњо аз барои ризои Худо буд. Расули акрам (с) дар бораи ин гуна олимон башорат додаанд, ки : « Мидод-ул-уламои афзалу-мин – димои-ш-шуњадо». Яъне чакидаи хомаи олимон аз хуни рехтаи шањидон бартар аст. Тавзењ он ки шуњадо љони худро дар роњи Њаќ  нисор кардаанд ва ба мењрубонии  Худованд сазовор гардиданд. Аммо чакидаи хомаи уламо то рўзи ќиёмат  бањри маънавияти љомеа   хидмат хоњад кард. 

Бењтар аст, њарфњои диламро бо ин абёти Асадї баён кунам, ки гўё шиори дорайни устод Абдулманнони Насриддин аст:

Ҳама кори ман ба Худойасту бас,

На аз ман касе ранље, не ман зи кас.

В-агар бекасам, нестам бехудой,

Ба танњої ў бас маро дилкушой.

Профессор Абдулманнони Насриддин аз сарсупурдагони илм  ва муаллими ростину  росихќадам  ё ба таъбири дигар аз пайравони содиќи  њазрати Муњаммад (с) буданд, зеро Расули акрам (с) низ хешро муаллим хондаанд: «Биъисату муаллимо». 

Устод Абдулманнони Насриддин намурдаанд, агар љисмашон њам байни мо нест, вале рўњу равонашон, китобњои мондагорашон  љомеаро тарбият хоњад кард. Њазрати Муњаммад (с) шањодат додаанд, ки мўъминон инсонњои асилзодаву  покнињод, мунтањо уламо њаргиз намиранд, балки аз дунёи фонї ба љовидонагї мепайванданд:  «Ал-мўминуна ло ямутуна, бал янќалуна мин дорин ило дорин». Њамчунон, ки Султон Валад дар ин маънї гўяд:

«Мўъминуна ло ямутуна» Расул,

З- ин сабаб фармуд аз љон кун ќабул.

З- он ки њар к-ў хўрд он оби њаёт,

Набвад ўро баъд аз он њаргиз мамот.

Рафтанаш наќл аст аз доре ба дор,

К-андар онљо ёбад аз Њаќ кору бор.

Њар ки инро марг хонад аблањ аст,

Зиндагї ин донад, он к-ў огањ аст…

Худовандро шокирам, ки саодати шогирдї ва хушачинї аз фазоили  хирмани фиросату одамияти устод Абдулманнони Насриддин насиби мо гашта. Ёздаҳ соли сипаришуда, бењтарин ва бобаракоттарин лањзањо дар гузаргоњи умри ин фаќир буд. Орому осуда роњ гаштан ва ботамкину  бовиќор сухан гуфтани устод Абдулманнони Насриддин бароям бењтарин мактаби амалии њаёт буд.

Чун симои мунаввару мутањњар, чашмони ситорамонанд ва ќомати  алифосои њазрати устод пеши назарам меояд, нафасам тангу гиря гулугирам мекунад.

Шояд аќли љузвї ва ин ќалами нотавон бузургию азамат ва маноќиби устод Абдулманнони Насриддинро  ба шоистагї рўи коѓаз рехтан натвонист. Ањли фан дар маноќиби устод аз мо бењтару хубтар хоњанд навишт, аммо њосили гуфтањои муаллифи ин сатрњо он аст, ки устод Абдулманнони Насриддин барои ривољу такомули адабиётшиносї, матншиносї, ќуръонпажўњї ва камолоти зењнию маърифатии адабпажўњони љавони тољик, хоса вилояти Суѓд наќши носутурданї гузоштаанд. Бад-ин лињоз, устод Абдулманнони Насриддинро њаќќе бузург бар гардани ин хоку об ва зоду бум аст, агар мардумаш ҳам ба љо наовард, рўзгор фаромўшкор нест.

Номи номии Абдулманнони Насриддин мудири кафедраи адабиёти классикии тољик, «Узви Иттифоќи журналистони Тољикистон», «Аълочии маорифи Љумњурии Тољикистон», нахуст гирандаи Љоизаи Президентї дар бахши адабиёт, дар таърихи адабиётшиносии форсии тољикї бо хатти зарин сабт гардида, соњибашро ба љовидонагї ва хулуд пайваста аст.

Мушкил аст, ки дар ҳавзаи адабии Хуљанд беҳтар аз профессор Абдулманнони Насриддин шахсиятеро пайдо намоем ва кору пайкори илмї ва зиндагиномаи ўро мояи ифтихору пайравї ќарор бидиҳем. Ростї корномаи устод омўхтанї ва шоистаи арљгузорист.

Устод Абдулманнони Насриддин мисли мављи об дар дарёи рањмати илоњї шино намуда, дар маќоми ризою таслим ватан кардаанд. Ин маќому манзалати љовидонагї  ва абадиятро барояшон муборак мегўям ва аз Худованди маннон барои устод Абдулманнон талаби омўрзишу растагорї  ва файзу нисори  рањмати илоњиро таманно дорам:

 Ба  рўзи марг чў тобути ман равон бошад,

Гумон мабар, ки маро дарди ин љањон бошад.

Љанозаам чу бубинї магў: фироќ, фироќ,

Маро висолу мулоќот он замон бошад...

         Бо ихлосу иродат:

                                                     Садриддин Мирзоев,

дотсенти ДДХ ба номи

академик  Бобољон Ѓафуров.

 

 

 

 

 

 

 

 

Категория: Абдулманнони Насриддин аз нигохи сохибназарон | Просмотров: 1473 | Добавил: bboy | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]