Главная » 2012 » Февраль » 14 » Орифи Навшохи
21:16
Орифи Навшохи

 

 

Аз шумори ду чашм як тан кам

В-аз нигоњи хирад њазорон беш.

 

Хабари даргузашти устод Абдулманнони Насриддин рањматуллоњи алайњро бо нињояти таассуф шунидам. Ба хонаводаи он фаќид, њамкорони ў дар донишкадаи адабиёти Хуљанд ва љомеаи фарњангии Тољикистон таслият мегўям. Марњум Насриддин устоду муњаќќиќи шохиси адабиёти тољик (форсї) буд ва банда чанд тан аз муњаќќиќони муосир, ки аз кишвари дўсти Тољикистонро мешиносам, эшон яке аз онон буд ва аз навиштањои эшон бањра мебурдам. Ман бо эшон њудуди дањ сол пеш дар яке аз кунгурањои Ирон ошно шудам ва баъдњо њам чанд бор эшонро дар Ирон дидам. Дар њамон аввалин дидор инкисор ва тавозуъи фавќулодаи эшон маро маљзуби худ кард. Ў мисли шохи мевадор фурўтан буд. Дар њамон нахустин лањзањо дарёфтам, ки танњо ишќи ў ба Хуљанд аст ва аз њар љо, њар чї дар бораи Хуљанд ба даст меоварад, нисори Хуљанд мекунад. Агар дигарон Хуљандро ба воситаи Камол мешиносанд, барои ман Хуљанд њамеша ёдовари устод Абдулманон аст ва хоњад буд.

Ба хотири иродате, ки ба устод Абдулманнон Насриддин доштам, дар љули соли 2010 аз Покистон ќасри сафари Хуљандро кардам ва маќолае «Осори хуљастаи хуљандиён дар Покистон» низ тањия кардам, ки барги сафар ба он дўсти мењрубон дар Хуљанд пешкаш карда бошам. Аммо дар он айём устод Абдулманнони Насриддин барои муолиљаи бемории худ ба Ирон рафта буд ва тавфиќи дидор бо эшон дар Хуљанд нашуд. Аммо дар баргашти ишон аз Ирон устодро дар Душанбе дидам. Фаромўш намекунам, ки маро нагзошт, ки ман барои дидани ў ба фурудгоњи Душанбе биравам ва худро бо тани ранљур пеши ман расонид ва ду табаќа аз зинањоро боло омад ва чанд даќиќа ба расми мењмоннавозї пеши ман нишаст. Ќабл аз Худоњофизї маро як бори дигар ба омадан ба Хуљанд даъват кард, ки ин бор шахси ў мизбони манн бошад. Дареѓо, ки дигар ин иттифоќ нахоњад афтод.

Њамон тавр ки Худованди мутаъол устод Абдулманнон Насриддинро дар ин дунё иззат ва шарафу иќбол дода буд, улувви дараљоти ўро дар охират низ аз даргоњи эзадї масъалат дорам. Осори гаронбањояш њамеша ўро љовидон нигоњ хоњад дошт.

Профессор Доктор Орифи Навшоњї

Раиси гурўњи забон ва адабиёти форсии Гурдан Коллељ, Ровалпиндї, Покистон

13 октябри соли 2011

Категория: Абдулманнони Насриддин аз нигохи сохибназарон | Просмотров: 797 | Добавил: bboy | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]