Главная » 2013 » Февраль » 13 » Тадкикоти тоза ва арзишманд
23:55
Тадкикоти тоза ва арзишманд

                                                                            

                                                                                          

                                                                                       Такриз

                               Тадкикоти тоза ва арзишманд

Ф. Насриддинов - «Арзишњои адабї дар тарљума ва тафосири куњани форсї-тољикї» «Ношир»2012                                         

Дар илми тањќиќу омўзиши тарљума ва тафсирњои куњани форсї боз як равзанаи наве боз шуд. Равзанае, ки метавонад ташнакомони дарёи маърифатро аз файзи анвори худ бањраёбу шодком гардонад.

Рисолаи арзишманди адабиётшиноси љавон ва олими хушкор, докторанти ДДХ ба номи академик Б. Ѓафуров, номзади илми филология Ф. Насриддинов - «Арзишњои адабї дар тарљума ва тафосири куњани форсї-тољикї» њосили љустуљўй ва зањматњои чандинсолаи муаллиф аст, ки тавасути нашриёти «Ношир» дар 576 сањифа ба нашр расид. Муаллифи ин асари судманд бар он муваффаќ гардидааст, ки ба ин сарчашмањои љовидонии адабиёти форсї аз дидгоњи муайян намудани арзишњои адабии онњо ќурбат љўяд ва ањамияти тафосир ва тарљумањои форсиро дар ташаккул ва ривољи  адабиётшиносии тољик муайян намояд.

Дар ин замина муаллиф кўшиш кардааст, ки хусусиятњои таълиф ва тањлили тафсирњои форсї-тољикии Каломи шарифро дар садањои Х-ХП мавриди тањќиќ ќарор дињад ва хоса дар перомуни сабку услуби нигориш ва вежагињои фарќкунандаи њар як тарљума ва тафсири ин даврон љустуљў ва ковиши амиќи илмиро ба роњ монад. Фахриддин Насриддинов дар муќаддимаи китоб нахуст аз тадќиќоти суханшиносони тољик, ки дар мавриди шинохту баррасии тафсирњо сухани муќаддимотї баён кардаанд, ёд мекунад. Аз љумла, нигоштањои устоди равоншод Абдулманнони Насриддин,  Носирљон Салимов, Умеда Ѓаффорова, Файзулло Бобоев, Абдуљамол Њасанов бо баёни арзиши илмиву адабиашон тазаккур меёбад. Баъдан муаллиф назаре ба тадќиќоти олимони Аврупо ва Эрон менамояд. Агар зикри асмои муаллифон, кутуби зиёди тањќиќї, номгўи осори илмии мунташир дар ќаламрави тарвиљи забон ва адаби порсї ва берун аз он аз пажўњиши густардаи соњиби рисола дарак дињад, аз тарафи дигар баёнгари  огоњии комили Ф. Насриддинов аз сарчашмањои нодирест, ки аксаран бори аввал ба муомилоти тозаи илмї кашида шудаанд. Ба љуръат метавон њадс зад, ки Фахриддин Насриддинов гузашта  аз он ки ба омўзишу баррасии мустаќими тафсирњои форсї-тољикї даст задааст, дар маљмўъ, бо тамоми тадќиќот ва пажўњишоти хурду бузурги дар ин замина эљодгардида ошної пайдо кардааст ва аз дараљаву маќоми онњо дар шинохти тарљума ва тафсирњои куњани форсї-тољикї огоњ мебошад. Ба ин тариќ, сарчашмањои мавриди истифода ќарордодаи Ф. Насриддиновро метавон ба ду бахш ќисмат кард:

Бахши аввал аз тарљума ва тафосири дар асрњои Х-ХП иншогардидаи «Тарљумаи Тафсири Табарї», «Бахше аз тафсири куњан», «Тафсири Ќуръони пок», «Тафири Кемриљ», «Тафсире бар ушре аз Ќуръони маљид», «Тафсири Абўнаср», «Тољ-ут-тарољим»-и Шоњфури Исфароинї, «Тафсир-ут-тафосир»-и Сурободї, «Тафсири Дарвозакї», «Тафсири Насафї», «Кашфуласрор»-и Абулфазли Майбудї, «Басоири Яминї»-и Муњаммади Нишопурї, «Равз-ул-љинон»-и Абулфутўњи Розї, «Ќуръони Ќудс» ва чанде дигар иборат мебошанд. Боиси зикр аст, ки Фахриддин Насриддинов аз сарчашмањои бахши аввал «Кашф-ул-асрор»-и Абулфазли Майбудиро ќаблан мавриди омўзиши амиќи хеш ќарор дода,  бо унвони «Шукуфањои Ќуръонї» гузидаеро дар њаљми бештар аз 300 сањифа бо тавзењоту таълиќот тавассути нашриёти «Ношир» -и шањри Хуљанд соли  2011 интишор намуд.

Дар баробари тафосири мўътабари фавќ муњаќќиќи љавон аз  мўътабартарин китобњои мукаммал ва арзишманд, аз ќабили «ал-Ансоб»- и Самъонї, «Кашф-уз-зунун»-и Њољї Халифа, «Табаќот-ул-муфассирин»-и Довудї, «Мўъљам-ул-булдон» ва «Мўъљам-ул-удабо»-и Ёќути Њамавї, «Ќомусулаълом»-и Зириклї, «Љавоњирулмузиа»-и Ќурашї, «Табаќотулмуфассирин»-и Суютї ва чандин манобеи дигар бањрањои вофир љустааст.

Дар заминаи ин ду бахши сарчашмањои мўътабару пурарзиш муаллиф  кўшиш ба харљ додааст, арзиши илмии тарљума ва тафосири мухталифи ќуръониро дар таърихи суханшиносии форсї-тољикї рўнамо созад ва роњу усулњои минбаъдаи тањќиќи ин навъи осори насриро  ба маърази таваљљўњи муњаќќиќони оянда вогузор намояд.

Боби якуми рисола «Тарљума ва тафсирнависии форсу тољик дар асрњои Х-ХП» ном дошта, дар фасли аввали он масоили маънии луѓавї ва истилоњии тафсир, пайдоиш, заруриёт, манобеъ, мароњили тадвин, таърих, заминањои ташаккул ва љараёну мактабњои муњими илми тафсирнигории форсу тољик ба риштаи бањс кашида шудааст.  Масоили мазкур аз љониби Фахриддин Насриддинов бо далоилу асноди ќотеъ ва мўътабари муфассиррон ва олимону муњаќќиќони баргузида баррасї ва тадќиќ мегардад. Шарњу басти оёти Ќуръон, руљўъ ба ањодиси набавї, ишора ба ќавли олимони мўътабар њини баррасии масоил аз шевањои маќбул ва илмии кори муаллиф мањсуб мешавад. Чунончи, њини баёни «Зарурияти илми тафсир» муаллиф бо такя бар аќоиди Љалолиддини Суютї анвои улумеро номбар мекунад, ки бе донистани онњо тафосири Ќуръони карим ѓайриимкон аст. Ин илмњо аѓлаб марбут ба улуми адабї ва динї аз ќабили луѓат, нањв, сарф, иштиќоќ, маъонї, баён, усули дин, фиќњ, ањодис ва м.и. марбут мебошанд. Дар рисола марњалањои такомул ва таърихи тањаввули тафосир муфассал ва бо асноди илмї баён гаштааст. Гузашта аз ин, муаллифи китоб Паёмбари ислом Муњаммад (с)-ро аз зумраи аввалин муфассирони Ќуръони карим баршумурда ва дањ нафар сањобагони эшонро њам, ки муфассирони шўњратёр ва беназир буданд, зикр менамояд. Инњо халифањои чањоргона – Абўбакр, Умар, Усмон, Алї, њамчунин Ибни Масъуд, Ибни Аббос, Убайд ибни Каъб, Зайд ибни Собит, Абўмўсои Ашъорї, Абдуллоњ ибни Зубайр мебошанд, ки марњалаи аввали тафсири Ќуръон ба номи эшон сахт марбут аст. Марњилаи дуюмро Фахриддин Насриддинов марбут ба ањди тобеин медонад, ки ин амокин мактабњои бузурги тафсирии Макка, Мадина ва Ироќ ба зуњур омадаанд. Дар иртибот ба ин, муњаќќиќ мароњили дигари тадвини тафосирро бо андешањои љолиб ва нуктаёбињои даќиќ баён доштааст, ки ќобили таваљљўњ ба назар мерасад. Муаллиф дуруст зикр мекунад, ки мањз дар давраи сеюм  илми тафсир аз њадис људо шуда, рў ба мустаќилият овард. Ин љо Ф. Насриддинов асмои зиёди муфассиронро њамроњ бо таълифоташон зикр мекунад ва аз миёни эшон Љарири Табариро љињати афзалияти наќди назар, баррасии нукоти луѓавї, фаротар рафтан аз ривоёту манќулоти тафсирї муќаддамтар аз дигарон арёбї менамояд. Аз назари муаллиф марњалаи панљуми нигориши тафсир шурўъ аз замони Аббосиён то имрўз идома дорад ва тафсирнависони форсу тољик дар њамин марњала рўи кор омада, дар љањони тафсирнигорї соњиби ному  маќом гардидаанд. 

Дар фасли дуюми боби аввал таърих ва тањаввули тарљумаву тафсирнигории форсу тољик аз оѓоз то поёни ќарни Х11 форсу тољик мавриди бањс ќарор гирифтааст. Нахуст бањси луѓавї ва истилоњии тарљума, сипас бањси фиќњї, таърих ва назари солисон марњалањои такомулу тањаввули тарљума ба ќолаб омадааст. Дар ин бахш бањси раво ё  нодуруст будани тарљумаи Ќуръон аз љониби намояндагони ин ё он мазњабу тоифа љолиби таваљљўњ буда, муаллиф ба мисолу асноди фаровони илмиву таърихї ба хулосае меояд, ки мардуми омиву расмии форсизабон аз нахустин фурсати ошноии худ бо Каломуллоњ бар фањми мазомини он иќдом намуда, зимнан бар тарљума ва хониши он ба забони модарии хеш таваљљўњи дархур зоњир намудаанд.

Дар фасли сеюми боби аввал маълумот оид ба тарљумаву тафсирњои форсї-тољикї дар асри Х ва нимаи аввали асри Х1 чун тарљумаи «Тафсири Табарї» «Бахше аз тафсири куњан», «Тафсири Ќуръони пок», «Тафсири Ќуръони Маљид», «Тафсири Абўнаср» ва дар маљмўъ, дањ тафсир ироа мешаванд, ки муаллиф перомуни онњо ахбороти тозаи илмиро баён мекунад. Аз љумла, дар мавриди «Тарљумаи Тафсири Табарї» нуктањои љолиби љадидро рољеъ ба таърихи нигориш, хусусиятњои адабї ва забонии асар баён мекунад ва маќому арзиши онро дар густариши тафсиру тарљумаи Ќуръон бо далелу санадњои мўътамад баён мекунад.

Аз фазоили дигари кори тањќиќии Ф. Насриддинов яке он аст, ки ў оид ба баъзе аз нусхањои тарљума ё тафсир кори  бузурги матншиносиро низ анљом додааст, ки ин шеваро дар шинохти «Бахше аз тафсири куњан» метавон мушоњида намуд. Њини муаррифии «Тафсири Ќуръони пок» Фахриддин Насриддинов ба масъалањои забонї таваљљўњ намуда, перомуни таърихи вожањо ва таѓйирёбии овоии онњо назари муњаќќиќонаи хешро баён кардааст. Воќеан, муаррифии силсилаи тарљумаву тафсирњои фаровон, ки ададашон бештар аз 25 номгўй аст ва муњимтар аз њама, муаллиф кулли ин асарњоро дар даст дорад ва њар якеро дар муќоисаву муќобала бо дигаре омўхта аз њусну ќубњашон сухан мекунад, фазилати дигари пажўњишии Ф. Насриддиновро  пешорўи хонанда ба намоиш мегузорад. Љолиби диќќат аст, ки муњаќќиќ рољеъ ба хусусиятњои муштараки асарњое, ки дар ин замина дар Мовароуннањр интишор шудаанд ва аз сабки хосаи насрии ин даврон дарак медињанд, назари фардии хешро иброз карда, зимнан њам масоили фиќњї ва њам масоили адабиро матрањ ва дар атрофи ин ду ќутб изњори назар мекунад, ки хеле љолиб сурат гирифтааст. Ф.Насриддинов ба шеваи тарљума, забон, хоса ба истифодаи вожаву ибороти соф форсї ё форсии мањаллї эътибори љиддї дода, зинањои тањаввули насри форсиро мањз ба густариши тарљумаву тафсирњои Ќуръон марбут медонад. Аз тадќиќоти Ф. Насриддинов дар ин фасл метавон ба натиљае даст ёфт, ки садаи Х ва нимаи асри Х1 даврони бобаракат, пурбор ва пурфайзи насри форсї мебошад. Осори мансуб ба тарљумаву тафсири Ќуръон дар ин фосила давраи муњимро ташкил мекунад, ки таконе дар густариши минбаъдаи тафосир  ва тарољим  гардид. Фасли чоруми боби аввал аз тарљума ва тафсирнависии форсу тољик аз нимаи дувуми асри Х1 то поёни асри ХП њикоят мекунад. Дар ин фасл сухан дар перомуни 14 номгўй тарљумаву тафсир аз ќабили «Тарљумаи сураи «Моида», «Ќуръони Ќудс», «Тафсири Тољ-ут-тарољим»-и Шоњфури Исфароинї, Тафсири Сурободї, Тафсири Насафї ва чанде дигар меравад. Воќеан ин ду аср бо унвони «давраи тиллої» шўњрат дорад, ки теъдоди зиёди осори дар ин замина таълифгардида собитгари ин аќида аст. Гузашта аз ин, чї хеле ки муаллифи китоб зикр мекунад, дар њамин давра баррасињои ирфонї ва тањлили оёт бар завќи ањли тасаввуф дар тафосир роњ ёфта, матолиби онњоро рангину  пурмоятар сохтааст. Иттилооти Ф. Насриддинов дар бораи нусхањои тафосиру тарољим баёнгари љустуљўњои амиќ, муќоисањои пурбору тўлонии китобу сарчашмањо ва аз њама муќаддам дониши баланди Ќуръонї ва филологии ў мањсуб мешавад. Мутаваљљењ мешавем ба муаррифии «Ќуръони Ќудс» аз љониби муаллиф, ки аз илмияти баланд бархурдор аст:

«Нусхаи мазкур дар шумораи 54 дар китобхонаи Остони Ќудси Разавї нигањдорї мешавад. Нусхаи дорои 205 вараќ аст. Навъи коѓаз њиноии мўњракашида буда, 30 х 39 см андоза дорад. Дар њар сањифа ба тўли 24см 14 сатр матн навишта шудааст. Китобати матни Ќуръон бо хати куфии охирњои давраи тањаввул ва тарљума, ки дар зери он омадааст, бо хати насх сурат гирифтааст. Аз оѓоз ва анљом каме афтодагї дорад. Аз аввал сураи «Фотиња» ва 213 ояти оѓозии сураи «Баќара» аз баёй рафтааст. Аз поён дар њудуди 17 сураи охирини мусњаф нопайдост, ба таври даќиќтар, аз ояти  19-уми сураи «Лайл» боќї аз байн рафтааст. Дар поёнтари матн аз сураи «Нўњ» фарсудагї ва афтодагии матн оѓоз мегардад ва дар баъзе мавридњои поёнї танњо калимоте пароканда ба назар мерасад (рисола, сањ.110).

 Боби  дуюми асар «Тањаввули ќиссањои Ќуръонї дар тафосири куњани форсї ва бозтоби он дар адабиёти асрњои Х-ХУ» унвон гирифтааст. Дар фасли аввали ин боб муаллиф перомуни мафњум, хусусиятњо ва услуби наќли ќисса дар матни Ќуръон њарф мезанад. Љолиб он аст, ки њини шарњи мафњуми «ќисса» дар Ќуръон кулли  андешањоро иброз медорад ва њамоно мушоњидаи мустаќили хешро аз Ќуръони карим дар ин маврид афзал мешуморад, ки ба назари мо низ сањењ аст. Яъне,  маънии аввали «ќасас» пайгирї ва дунбол буда, маънии дувуми он «њадис» ва масал  аст, ки њар ду маъниро метавон дар Каломи шариф мушоњида кард. Муаллиф њамин љо ќиссањоро дар Ќуръони маљид аз рўи мавзўюу мундариља ба ду бахш људо мекунад, ки яке ќисмњои марбут ба пайѓамбарон ва дигаре достонњоест, ки марбут ба ѓайри анбиё мебошад. Муќоисаи ќиссањои Ќуръонї бо достонњои башарї аз лињози мавзўъ ва мундариља, шакли баён, макону замони ќисса љолиби диќќат аст, ки тавассути он хонанда ба асолати ќиссањои ќуръонї осон пай мебарад. Масалан, дар мавриди услуби наќл ва шеваи баёни ќисса дар Ќуръон муаллиф умдатарин услубњои наќли ќиссаро дар матни Каломи шариф баррасї менамояд. Аз љумла, шеваи муттасил ва пайдарпай, услуби пароканда ва ѓайри муттасил, хулосагўї, такрорњоро бо мисолњои мўътамад зикр менамояд. Ин фасли рисола воќеан рањнамои маънавии хонандаи Ќуръон аст, ки услуби балеѓу љаззоб дошта, омўзандаи ќиссањои љовидонї ва бемонанди ин китоби осмонї мебошад. Дар фасли «Тањаввули ќисса дар тафосири асрњои Х-ХП ва омилњои асосии он» сухан дар бораи маќоми тафсирњои куњан дар тањаввули ќиссањои Ќуръонї меравад. Руљўъ ба «Ќасас-ул-анбиё»-њо ва омўзиши услуби нигориши онњо, њамчунин маќоми ањодиси набавї, ки аз аносири асосї дар фањми матни Ќуръон мањсуб мешаванд, исроилиёт, ки дар истилоњи муфассирон ба тамоми он таъсиргузорие итлоќ мегардад, аз мавзўоти мењварии пажўњиши муаллиф дар ин бахши рисола ба њисоб мераванд. Дар фасли сеюми њамин боб муаллиф ба баррасии ќиссаи Иброњим (а) дар тафосири куњани форсї мепардозад. Ќиссаи мазкур аз љумлаи пуртаъсиртарини ќисаси ќуръонї мањсуб гардида, муаллиф инъикоси онро дар адабиёти  асрњои Х-ХУ равшан нишон додааст. Аз натиљагирињои муњаќќиќ  метавон хулоса кард, ки ин ќисса аз машњуртарин ќисса дар Ќуръон мањсуб мешавад ва партави хосе бар шеъру адабиёти форсї афкандааст. Фахриддин Насриддинов оид ба тарзу шевањои бањрабардорињои шуаро аз ќиссаи Иброњим сухан мекунад ва бо санадњои фаровон аз таъсирпазирии ќисса дар осори суханварони бузурге чун Саної, Аттор, Мавлавї, Абдурањмони Љомї… маълумот медињад. Бояд афзуд, мањз дар њамин љо љанбаи адабии рисола бештар буруз кардааст. Муаллиф таъсирпазирии ќиссаи Иброњим (а)-ро чї аз лињози маънї ва мундариља ва чї аз лињози ањдофи фаннї ё ирфонї ќаламдод месозад. Маънипардозиву мазмунсозињои шоирон дар заминаи ќиссаи мазкур љолиби таваљљўњ аст. Воќеан, ќиссаи Иброњим бо њамаи лавњањои хурду бузург, ба ташаккули сувари хаёли суханварони форсї-тољикї таъсири назаррасе гузоштааст.

Боби  сеюми рисола «Сабки насрии тарљумаву тафосири форсї дар асрњои Х-ХП ва корбурди санооти адабї дар он» ном дорад. Ин боб бахши мењварии рисола мањсуб мешавад. Дар фасли аввали он муаллиф дар мавриди сабки насрии тарљума ва тафосири куњани форсї сухан  карда, оид ба сабки насри мурсал, сабки байнобайн, насри мавзуни мурсал маълумот медињад ва истифодаи онњоро дар мутуни тарљумаву тафосир шарњ додааст. Махсусан,  амсоли шоњид дар назари хонанда доманаи густурдаи маводњои ба тањќиќкашидаи муаллифро љилва медињанд ва ў дар баробари пажўњиш њамзамон ба тањќиќи матншиносии мутун низ таваљљўњи алоњида мабзул доштааст, ки ин амр дар мавриди дурусту беѓалат хондани мутуни адабї шоистаи ибрат аст.  

Фасли дуюми боби се марбут ба масоили корбурди санооти адабї дар тафсоири асрњои Х1-ХП мебошад. Ин фаслро муаллиф аз назари корбурди санооти лафзї ва маънавї дар сарчашмањои мавриди тањќиќ шарњ додааст, ки баёнгари ањамияти зебоишиносии мутуни тарљума ва тафосир мебошад.

Боби чорум ва хотимавии рисола «Ањамияти адабии тарљума ва тафосири асрњои Х-11 дар мисоли шеър, луѓат ва ирфон» ном дорад. Ин бахш низ аз љолибтарин ва илмитарин боби рисола аст, ки муаллиф зимни он оид ба ашъори форсї дар тафосири куњан, маќоми он дар такмили тазкираву давовини шуаро, ањамияти луѓавии тарљума ва тафосири куњани форсї, љойгоњи тафосири асри ХП дар моявар сохтани фарњангномањои ирфонї ва њамчун манобеи тоза бар такмили тазкирањои ирфонї тадќиќоти густурда ва пажўњиши амиќро ба роњ мемонад.

Муаллиф мароњили вуруди шеъри форсиро ба тафсирњо нишон дода, сипас њар якеро бо назардошти махсусиятњо бо мисолњои фаровон ташрењ додааст. Ба ин маънї, Ф. Насриддинов шевањои истифодабарии каломи мавзунро дар тафосир баён карда, вобаста ба он љойгоњи махсуси тафсирњоро дар такмили давовини шорон ва тазкирањои шеърї нишон додааст. Ин шеваи кор имкон додааст, ки муаллиф дар заминаи асноди тафсирњо давовини шуароро тасњењ намояд. Ф. Насриддинов бо корбурди ин усул ва овардани асноди мўњкамасос ба тасњењи ашъори шоирони бузурги адабиёти форсї Абўабдуллоњ Рўдакї, Њаким Саної ва дигарон иќдом намуда, бешак ба натиљањои љолиб даст ёфтааст.

Баррасї ва мурур дар пањнои рисолаи арзишманди муњаќќиќи љавон Ф. Насриддинов собит месозад, ки дар баробари сарчашмањои дигари омўзишу тањќиќи адабиёти пурѓановати гузаштагон ба муомилаи илмї ворид намудани асноди кутуби тарљума ва тафсирњои асримиёнагии форсу тољик метавонад дар тасњили бисёр уќдањои  мармуз ва макшуфи илми адабиётшиносї кўмак намояд. Гузашта аз ин, Ф. Насриддинов бо анљом додани чунин як рисолаи бебањо барои илми адабиётшиносї ќимати илмї ва адабии тарљума ва тафосири форсиро бо забони фасењи илмї  ва ба таври дакиќ бозгў намуд. Умедворем, ки равзанаи тањќиќу пажўњиши тарљума ва тафосири форсї бо ибтикори ин донишманди соњибназар дар оянда равишњои тозатаре касб хоњад намуд.

                                                            Саидумрон Саидов

                                                            Точибой Султони

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Категория: Навгонихои илмию адаби | Просмотров: 1569 | Добавил: bboy | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]