Главная » 2013 » Декабрь » 3 » Устод
20:30
Устод

       Саидумрон Саидов                                  

 

                                                                   Устод

                                 1.Аввалин бархурди маънави

Ман ба марги устод то ьан=з наметавонам бовар кунам. Ьарчанд борьо аз забони бузургтарин ашхос шунидам, ки бо ьасрат мегуфтанд: «Марги чунин хожа на корест хурд» вале бозам он ьама манзараьои р=зи марги устод, ьарфьои дарещу с=гномаьо, таъзияву фарёдьо, маьфильои ёдбуд г=ё р=ъёест, аниытараш мехоьам р=ъёе ё хобе даьшатборе бошад, ки бедор мешавам аз даргоьи Яздони пок шукр мегузорам, ки ин ьама дур=щ будааст. Ман наметавонам бовар кунам ба он коре, ки устоди азизи ман тасмим нагирифта буданд. Он кас нагуфтанд, ки ман меравам, зеро устод касе буданд, ки аз тасмимьои бузургу корьои хеш маро огоь мекарданд. Ё шояд устод ба алфози мармуз ё ишорати хос аз ин тасмим маро огоь карданду ман к=ртарин муриди устод натавонистам онро эьсос кунам. Вой бар ман. Вой бар мане, ки натавонистам, ё аниытараш нахостам маърифату дарк кунам, ки устод р=зьои вопасини умри пурбаракат, пуфайз ва нурбори хешро мегуморанд.

        Ман акнун чун нафаре, ки барои дарёфти гавьари гумкарда паи наыши пояш равона мешавад, ки аз роьи пайкардааш онро бозёбад, пайи гуфтахои устод, ки дар поёни умри хеш мегуфтанд, меравам, то сарчашмаи бовари хешро ба саломатии устод, ки маргпазир набояд мебуд, дарёбам. Дарёбам, ки чаро ман ба марги устод бовар надоштам ва то ьан=з бовар надорам. Ажабо, давоми соле, ки бе устод, бе иршоду роьнамоц, панду насиьати эшон сипарц шуд, шабе нест, ки эшонро бо ьамон чеьраи поку мунаввар, чашми пур аз асрор, ки нигоьи пурьикмат доранд, хоб набинам. Субье нест, ки пеши назарам ыомати боло, нигоьи меьрбори устод р=намо нашавад. Жозибаи дидори устод маро  ба с=и оромгоь мекашад. Ба с=и макони охират. Зимнан медонам, ки бо омадан сари марыади устод мурод ьосил намешавад. Медонам, ки «Альамд»-ро ба руьи поку мубораки он кас бо умеди шод намудани равонашон метавон аз ьар жо тиловат кард. Вале фармони мошин ба с=и оромгоьи «Сангиньожц» маро мекашонад

        Инак, соле сипарц шуд, ки устод манзили хешро иваз кардаанд. Ьар субь аз назди дарвозаи Устод мегузарам ва бо умед ба он назар мекунам. Зардолуи куьансол, ки замоне падари устод бо умед нишондаанд, пухтааст, ба ыавле таьрез мекунад. Устод зардолуи он дарахтро д=ст медоштанд ва гоьо ьини с=ьбати таьи дарвоза зардолуьои рехтаро, ки ба ыавле ыариб мавизыоы шудааст, аз замин мебардоштанду як бо ьавсала «пуф» мекарданд ва чанд дона ба ман дароз мекарданду худашон ьам бо мароыи хоса тановул менамуданд. Ьосили он дарахти зардолу ба ыавле ба мавизыоы табдил ёфтаасту он садри оила, соьиби авлодро намебинад. Ба назар дарахти зардолу ьам ба пири афсурдаьол ва ыоматхамидае мемонад, ки омодааст ьар лаьза жони азизашро ба Ьаы супорад. Дарахти зардолу албатта, дар ёд дорад, ки расо як сол муыаддам он азизи беназир, ки ьосили =ро аз замин мебардошту «ба номи Худо» тановул мекард аз он дарвоза берун рафт ва зери сояьои = д=стону азизон жамъ омаданд ва сухани видоъ гуфтанд. Он сафар ба жовидоньо, сафар ба охират буд. Он дарахт медонад, ки ин ыадар дарёи одамон тобути соьибашро бардоштанду бурданд

        …Ман наметавонам аз гузашта сарфи назар кунам. Зеро ьар чц имр=з дорам аз дир=з ё аз дир=зьои дур аст. Ман бори аввал устодро ьан=з айёми наврасиам дида будам. Мо бачаьои ш=хи т=бзани маьалла дар майдони бинои навбунёди беморхонаи Сойча ба ыавле чанги к=чаро ба осмон мезадем. Устод аз як канор дар китфашон як банд барги тут с=и мо меоянду таваыыуф мекунанд ва болои банди барг нишаста, ба бозии мо назорат мекунанд. Ба назари ман эшон як деьыони оддиро мемонданд, ки аз меьнати саьро хаста гаштаанд, даме чанд истироьат мекунанд Баъди фурсате мебинам, ки эшон ба мо пайвастанд бо мо бозии футбол доранд.

        Бо амри таыдир фосилаи манзили мову устод т=лонц набуд ва шукр то охири умрашон устодро ман ьамсояву ьамдеьа будам. Ьамсоягиву ьамдеьагц шояд мафьумоте ьастанд,  ки ман боре дар бораи он фикр  накардаам. Зеро устод устод буданду падари маънавц ва дигар мафьуми дигаре, ки пайванди байни устоду маро ифода мекунад, мавжуд набуду нест. Баъдтар дар муносибати устод бо ман ё ман бо устод замон, макон сарфи назар шуда буд. Дар меьвари муносибат адабиёт, сухан, забон, ахлоы ыарор дошт. Ьамон сольо чун устодро дар к=чаьои деьа медидам, бо вужуди дар г=шаи хаёлам набудани замоне шарафи шогирдц пайдо карданам дар назди устод дар назарам он кас щайриоддц менамуданд. Роьравц, тамкину субот, с=ьбатьои жиддц ьамаги устодро аз дигарон имтиёз медоданд. Падарам ьам инсони фозилу китобхонда ва донишманд буданд ба устод, ки он сольо жавони 28-29 сола буданд, тавваж=хи хоса доштанд. Падарам, ки маро аз синни 7-солагц хатти ниёгон ом=хта, ба «Чаьоркитоб»-у «Саъдц»-хонц талыин мекарданд, мегуфтанд, ки «мехоьам ту ьам монанди писари Насриддинбек олим шавц». Боз илова мекарданд, ки оянда Абдулманнон олими тавоно мешавад ва жаьонро ба ьайрат мегузорад». Насриддинбек як писар дорад, вале баробар ба хирожи даь мамлакат». Як бегоь падарам омаданд ва аз ман вазифаьои гузаштаашонро пурсон шуданд. Ман аз Саъдц мехондам:

                       Илм чандон, ки бештар хонц,

                    Чун амал дар ту нест, нодонц.

                    На муьаыыиы бувад на донишманд,

                    Чорпое дар = китобе чанд.

       Падарам «бале, бачам» гуфтанду ишора карданд, ки аз жоям бархезам. Ьарду аз дарвоза баромадем ва ыиблагоьц пеш-пеш, ман аз пасашон равон гаштем. Баъд аз чанд даыиыа мо дар назди дарвозаи амаки Насриддинбек ыарор доштем. Падарам садо карданд. Лаьзае нагузашта, устод аз ьавлц берун шуда, «Биёед, марьамат, амак» - г=ён моро ба дарун даъват намуданд. Ва он р=з яке аз рузхои бахорони  соли 1984 бори аввал ба хонаи устод дохил шудам. Дар пешайвони оддии тожикц паси сандалие, ки дар фасли баьор хидмати мизи кориро адо мекард, падарам бо устод с=ьбат ощоз карданд:

- Писарам, Шумо олим ва муаллим ьастед. Ьамин писари ман футболбозу вале кам-кам маънифаьм аст. Агар Шумо тарбият кунед, сарам ба осмон мерасад.

        Устод бо таважж=ьи хосаи худашон, ки онро давоми ыариб сц соли ошноиям ьаргиз аз даст надодаанд, гуфтанд, ки «Мо кужову илм кужо. Хотирро жамъ доред, амак, писари Шумо писари мо, Худо хоьад ниятьоятонба мерасед!» Падарам зикр карданд, ки мо як китобхонаи калон дорем ва китобьои к=ьна ьам он жо зиёд. Хуб мешуд, ки Шумо Мулло Абдуманнон як бор меомадеду медидед ва бо китобьо ошно мешудед. Ыадри гавьар гавьарц донад, гуфтаанд.

        Устод ваъда карданд, ки р=зьои наздик меоянд Ин аввалин барх=рди ман бо устод буд. Аввалин барх=рди маънавц

        

         

Категория: Абдулманнони Насриддин аз нигохи сохибназарон | Просмотров: 1546 | Добавил: bboy | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]