Главная » 2012 » Февраль » 17 » Устоди сохибмактаб ва донишманди беназир
20:42
Устоди сохибмактаб ва донишманди беназир

 

Тољибой Султонї,

докторанти ДДХба номи

академик Б.Ѓафуров

Устоди соњибмактаб ва донишманди беназир

(гузориш дар мањфили «Ганљи сухан» бахшида ба зодрўзи профессор А.Насриддин)

 

Он нигањдорандаи Ганљи сухан,

Њамчу ганље дар миёни хок шуд.

Моњ буду бар сари афлок рафт,

Пок буду сўи љони пок шуд.

 

Мўњтарам ањли мањфили «Ганљи сухан»!

 Доварињои ин бандаи њаќир дар пешгоњи осори  устоди гаронќадр  ва муршиду рањнамои мо доктор Абдулманнони Насруддин, ки ба таъбири худи ишон абљадхони шикастаќалами  мактаби ин устоди фарзона мебошем, пойи малах ба боргоњи Сулаймон ва зира ба Кирмон бурдан аст.  Зеро бењтарин суханњо сухани дил аст, ки ба забон овардани он корест душвор.  

Рўзгор, зиндагї ва корномаи илмии устоди арљманди мо Абдулманнони Насруддин саропо оинаи ибрат аст. Адабиётшиносони насли мо дар канори ин марди фозил тарбият ёфта, аз абри рањмати донишу инсонияти ў шодоб шудаем ва њар лањзаи зиндагї ва кору пайкори ишон барои мо намунаи ибрат ва рањнамои зиндагї аст.

Устод  тавассути тањќиќот, кутуби људогона ва муаллафоти зиёди худ дар заминаи масоили таърихи адабиёт, матншиносї, шарњу шарњнигорї, наќди адабї, куръонпажўњї, ирфону тасаввуф ва ѓайра дар байни ањли илму адаби љумњуриамон  ва кишварњои дигари берун аз он чун Узбекистон, Русия,  Ирон, Покистон, Афѓнистон ва Њиндустон маъруфият доштанд,  бо дидгоњи хос ва нигоњи  муњаќиќонаи худ мактаберо асос гузоштанд, ки аз чанд љињат ќобили тааммул ва омўзиш хоњад буд.

 Аввалин фаъолияти илмии устод дар заминаи тањќиќи луѓат ва луѓатнигорї сурат гирифта, минбаъд бо ошноии ишон бо кутуби шарњу шарњнигорї тавсеаи бештаре ёфтааст. Шарњу шарњнигорї, ки дар адабиёти тољик аз масоили кулан омўхтанашуда мањсуб мегардид, мањз бо тањкиќи устод Абдулманнони Насриддин ќимати аслии хешро нишон дод. Устод бо баррасии нусхањои хатти фаровони шурўњи «Гулистон»-у «Бўстон»-и Шайх Саъдии Шерозї, шурўњи девони Њофиз, шарњњои «Маснавї»-и Мавлоно Љалолуддини Румї, шарњи ќасоиди Анварї, Хоќонї,  ва ѓ. дар илми ироншиносї мактаби наверо асос гузоштанд, ки минбаъд дар ин ришта дар фаъолияти илмии шогирдони ишон тавсеаи бештар ёфт.   Натиљаги рињои устод дар заминаи шарњу шарњнигорї дар китобњои «Нависанда ва шорењи осори адабї», «Маърифат ва шарњи адабиёт»(1991), «Шарњнависї дар таърихи адабиёти форсу тољик» (дар ду муљаллад) љамъбаст гардидаанд.

Пањлўи дигари фаъолияти илмии устодро масоили матншиносї ва тасњењу такмили осори адабї  дарбар мегирад. Чунончи, дар маќолањои илмии "Нигоње ба тасњењ ва нашри ашъори Рўдакї" ва «Манбаъшиносии осори асили Рўдакї»,  устод муњимтарин никоти шинохти шеъри падарсолори шеъри форсиро мавриди тањлил ќарор додаанд,  ки бар мабнои беш аз 20 нашри осори бозмондаи Рўдакї сурат гирифтааст. Ногуфта намонад, ки ин тањќиќи устод як навъ натиљабардорї аз ковишњои илмии ќаблан дар перомуни шинохти шеъри Рўдакї анљомдодаи ишон аст, ки дар китобњои "Рўдакї (нухашиносї ва наќду баррасии ашъори бозмонда), Хуљанд, 1999 ва "Рўдакї – устоди суханварони аљам"(бо њаммуаллифї), Хуљанд, 2008  матрањ гардидааст. Устод нишон медињанд, ки дар асоси ба инобат гирифтани нусхањои ќадим ва маъхазњои ба замони зиндагии суханварон наздик анљом додани пажўњиши илмї собиќаи куњан дошта, бо чунин равиш анљом додани тањќиќоти илмї бо маќсади тањияи мутуни сањењ самараи нек ба бор медињад. Таълифи аввалин китоби вежаи матншиносї бо номи «Матншиносии осори адабї», ки аввалин таљриба дар тадвини китоби дарсии донишгоњї мањсуб мегардад, нахустин китоби дарсии наќду тасњењи осори хаттї ва шинохти мутуни адабист, ки дар заминаи дастовардњои матншиносии муосир нигошта шуда, ќуллаи олии пажўњишоти устод дар ин замина мебошад, ки љумла дар асоси тањќиќи нусхањои ќаламї ба анљом расидаанд. Нашри нахустини ин китобро хонандагону муњаќќиќони  тољик хеле хуш истиќбол карданд , то он љое, ки дар як муддати кўтоњ ин нашр камёб шуд ва љўяндагони он афзунтар гардиданд. Аз ин рў,  Сафорати  ЉИЭ дар Тољикистон  тасмим гирифт, ки бо назардошти ниёзи хонандагон китоби мазкурро бори дуюм бо теъдоди ќобили таваљљўњ интишор дињад,  вале афсўс, ки устод ин нашри такрориро надиданд.

Хидматњои устод њамчун мунаќќиди беназир дар заминаи наќду баррасии китоб низ шоистаи тазаккур аст. Таќризњое, ки бар китобњои  «Осори мунтахаби Хоља Ањрор ва пайравонаш» (Душанбе, 2004), «Девони Фонї» (Тошканд, 2002),  «Фарњанги бузурги сухан» -и доктор Њасани Анварї (Тењрон, 2002), «Таърихи адабиёти Эрон аз оѓоз то имрўз»-и Љорљ Моррисон ва дигарон, (ки бо тарљумаи доктор Яъќуби Ожанд соли 2001 сурат гирифтааст), на танњо дар Тољикистон, балки берун аз ќаламрави кишвар низ хуш истиќбол гардиданд. 

 Яке аз бахшњои фаъолияти устодро солњои охир масъалаи тањќиќу баррасии адабиёти њавзаи Мовароуннањр ташкил медод. Зеро ин ањд бо он ки дар пажўњишоти људогонаи адабиётшиносони ватанї –Абдулѓанї Мирзоев,  Расул Њодизода, Усмон Каримов, Садрї Саъдиев, Субњон Амирќулов, Турсунбой Неъматзода ва дигарон мавриди баррасї ќарор гирифтааст, вале дар пањнои тарвиљи забон ва адаби форсї холигоњеро мемонад. Албатта таъсири омилњои сиёсиро ин љо наметавон инкор кард, вале гумон мекунам, ки бори масъулияти  тањќиќ ва муаррифии ин хало пеш аз њама бар дўши муњаќќиќони њавзаи фарорудї ќарор дошт. Устод А. Насриддин бо дарки њамин масъулият солњои охир ба таълифи китоби љомеи  «Адабиёти форсии Фарорўд»  камари њиммат баста буданд ва ният доштанд, ки ин амри хайрро њарчи зудтар анљом дињанд. Нуктањои муњими ин пажўњишоти нотамоми  устод дар маќолаи   "Адабиёти форсии Фарорўд аз суќути темуриён то охири ањди манѓит" баён ёфтааст, ки як навъ љамъбасти дастовардњои адабиёти садањои ХУ1 – Х1Х мелодї мебошад. Устод А. Насриддин дар заминаи омўзиш ва комилан фаро гирифтани сарчашма  ва манобеи адабии  ин давра, аз ќабили тазкирањо, давовин, китобу расоили таърихї ва осори тањќиќии  илмии дигари дар ин рањгузор таълифгардида ба тањќиќи муњимтарин арзишњо, дастовардњои адабию њунарї, тањаввулу инкишофи анвои адабї, доира ва њавзањои  адабии инкишоф, маќоми суханварон дар адабиёти ин ањд  пардохта, адабиёти давраи мазкурро як навъ љамъбаст намудаанд. Ин навиштаи нотамом бешак аз бењтарин асари тањќиќї дар шинохти адабиёти Фарорўд буда,  муаррифиномаи  ба истилоњ "адабиёти тољик" барои њамзабонони хориљии мо дар тамоми ќаламрави забони форсї мањсуб мешавад.

Доварї ва натиљагирињои устод дар ин маќолаи калонњаљм, ки беш аз сад сањфаро фаро гирифта, дар китоби арзишманди «Чињил маќола» ба нашр расидааст, аз ањамияти зиёди илмї бархурдор аст. Муаллиф дар масъалаи муайян кардани маќоми адабиёти ин ањд бар он аст, ки "осори навишташуда ба забони форсї њам аз лињози теъдод, њам аз лињози сифат ва гироишоти њунарї маќоми шомиху шоиста" доранд. Агар боз њам бияфзоем, ки дар асоси сарчашмањо ва маводи обнарасида дар як асари алоњида тариќи талхис баён кардани  махсусиятњо, равишњои инкишоф  ва дастовардњои як давраи мушаххаси адабиёт, ки то имрўз дар пањнои адаби форсї ба таври шоист муаррифї нашудааст ва муаллиф иљрои онро ба њамин ният ба поён бурдааст, арзиши кори донишманди маъруф, устод А. Насриддин боз њам равшантар хоњад шуд. 

Маводи маќолаи мазкур дар асоси мутолиоти шахсї ва ошноии бевоситаи  муаллиф аз сарчашмањои дасти аввал, ки дар китобхонањои мўътабари Тољикистон ва  Ўзбекистон њамчун нусахи хаттї нигоњдорї мешаванд ва осори дигар, ки  дар ин замина таълиф гардидаанд, ба риштаи  тањќиќ кашида шудаанд. Ќобили таъкид аст, ки профессор А. Насриддин  дар баробари тањќиќу тањлилњо ба муњимтарин никоти ба тањлилу тадќиќи тоза ниёздошта низ ишора карда, бо ин кор диќќати муњаќќиќони ояндаро ба пањлўњои ношинохтаи эљодиёти суханварон равона месозанд ва ба ин маънї роњро барои пажўњандагони дигар низ њамвор кардааст. Устод хостори таъсис ёфтани як маркази байналмилалї бо маќсади таълифи таърихи љомеи академии таърихи адабиёти форсї буданд, то ин ки дар ин марказ муњимтарин нерўњои илмї тамаркуз пайдо кунанд, лоињаи таърихи адабиёти форсу тољик мураттаб гардад, соњибназарон онро наќду баррасї намоянд, дар зерсохтори ин марказ тарњи даврањо ва фаслу бахшњо даќиќан муайян ва муаллифони асосї таъин ва таъйид гарданд. Мутаассифона, марги беамон имкон надод, ки ин орзўи устод љомаи амал ба бар кунад.

Дигар аз љанбањои бисёр муњими фаъолияти илмии устодро масъалаи Ќуръон ва ќуръонпажўњї ташкил додааст. Рољеъ ба ин масъала устод Абдулманнони Насриддин чандин маќолаву китоб таълиф намудаанд. Маќолоти «Вуруде ба тарљумањои Ќуръони карим», «Тарљумањои тољикии Ќуръони карим», «Тарљумањои манзуми Ќуръони карим» ва «Тарљумањо андар дили тафосир», ки њамагї дар заминаи шинохти Ќуръони карим ва тафосири он таълиф гардидаанд, дар адабиётшиносии њавзаи Фарорўд аз аввалин иќдоми густарда дар ин замина мањсуб мегарданд.   Асари «Ошної бо тарљумањои форсии «Ќуръони карим»-и ишон дар  соли 1385 дар Тењрон ба нашр расидааст.  Устод бо бењтарин номоварони ќуръонпажўњї чун устод Б. Хуррамшоњї, Абдулмуњаммади Оятї, Љавод Њадидї, Масъуд Ансорї, Алиакбар Тоњирї робитаи танготанг доштанд ва фаъолияту њамнишинии худро бо ин донишмандон аз бењтарин лањазоти умри хеш њисоб карда менависанд:

«Соатњои пурфайзе, ки дар њалќаи сўњбати донишмандони номии ќуръоншинос, тарљумонњои каломи илоњї ќарор доштам, алњаќ бењтарин айёми умр ва бењтарин рўзњои зиндагии ман дар Тењрон буданд». Хонанда дар пањнои тањќиќи устод бо хасоис ва маќоми  тарљумањои куњани форсї – "Тарљумаи Тафсири Табарї", "Кашфуласрор ва уддатулаброр"-и Абулфазли Майбудї, Тарљумаи Абулфутўњи Розї, Тарљумаи Шоњ Валиюллоњи Дењлавї, ки аз муњимтарин тафосир дар шинохти Ќуръони карим мањсуб мешаванд, ошно мегардад.   Аз доираи тањќиќи  профессор Абдулманнони Насриддин тарљумањои тољикии Ќуръони карим, ки таи дањ соли ахир дар Тољикистон анљом пазируфтаанд берун намонда, муњаќќиќ њар яке аз ин кутубро бо камоли таваљљўњу ихлос тањлилу тадќиќ намудааст. Дар маљмўъ, "Маќолоти Ќуръонпажўњї"-и устод Абдулманнони Насриддин аз арзишњои фаровони илмї бархурдор буда, сарсилсила ва бењтарин дастоварди  илми Ќуръонпажўњии тољик ба њисоб меравад.  

Ин љо њамин нуктаро бояд таъкид кунам, ки хотироту муњаббатномањои устод дар бораи адабиётшиносону муњаќќиќони ватанию хориљї Муњаммадљон Шакурї, А. Мирзоев, Ю. Салимов, М.Ќазвинї, Б. Хуррамшоњї, М. Муњаќќиќ, Шиммел, Э. Браун, Риттер, В. Капранов,   Лоиќ Шералї, Е. Э. Бертелс ва дигарон ки дар китоби  «Чињил маќола» гирд омадаанд, намунањои бењтарини эњтироми шахсиятњои фарњангї аст. Чи ќадар садоќат, чи ќадар муњаббат ва чи ќадар самимият аз ин маќолањо  ошкор аст, ки ба забон баён кардани он имкон надорад. Ин бахши фаъолияти устодро метавон намунаи олии эњтироми як нафар муњаќиќќи адабиёт ба њампешагону њамќаламон, як нафар  иродатманде, ки худ  дар маќоми иршод ќарор дорад ва  билохира   ба унвони садоќат ва мењрномаи устод ба устодони сухан пазируфт.  Сатрњои бо садоќату самимият ва аз љайби гуњар суфтаю пухтаи А. Насриддинро мехонї ва аз паси сутур чењраи ононеро мебинї, ки  умри азизи хешро содиќона дар сари фарњанги маънавият сипарї кардаанд  ва ба ногоњ эњсос мекунї, ки ту њам онњоро мешиносї, балки дўст медорї ва  иродат меварзї. Бешубња, сењри ќалами профессор Абдулманнони Насриддин аст, ки дар ин бахш андешањои хонандаро ба худшиносї, шинохти рисолати инсон, эњтироми устоду њамкасб мекашанд ва ба гуфтаи худи эшон "дар замини дилњо тухмаи илм ва накўкорї кишт мекунанд".  Ин бахш бо он ки дар пешорўи хонанда аз корномаву пайкори бењтарин муњаќќиќони ватаниву хориљии адабиёти форсї,  маќоми маънавї ва ахлоќи сутудаи онон ва ба таъбири устод "корномаи љовидонаи донишмандони мутабањњир ва муњаќќиќоне соњибназару соибназар"  наќл мекунад, бењтарин муаррифиномаи хидматгузорони ин фарњанг ва адабиёт низ њаст. Имкони тавзењи муфассали муњтавиёти ин матлаб аз нуктањои ахлоќї низ берун аз имконияти  мост ва чора љуз ин нест, ки ќазоватро ба хонанда њавола карда лоиќвор дар сифати  муаллиф бигўем: 

 

 Бузургонро бузургон зинда медоранд,

Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд.

  

Дўст доштани ватан ва шахсиятњои барўманди онро метавон аз тањќиќотњои устод дар заминаи шинохти донишмандон ва бузургони Хуљандшањр ба мушоњида гирифт, ки ин бахш, яке аз пањлўњои фаъолияти илмии устод мебошад. Китобњои устод «Донишмандон ва сухансароёни Хуљанд» (Хуљанд, 2003), «Тазкираи шуарои Хуљанд» (нашри аввал Тењрон 1384, нашри дуюм 1385), «Сењр мубин» (баррасии ашъори Камоли Хуљандї) ва маќолоти ишон - "Муњити илмии Хуљанд дар асри Х" ва "Васфи Хуљанд ва хуљандиён дар шеъри форсї",  ба тањќиќи шахсиятњои беназири Хуљанд бахшида шудаанд. Минбаъд пажўњишгарони љавонро зарур аст, ки осору ашъори њар яке аз ин чењрањои фарњангу њунарро дар алоњидагї мавриди тањќиќу баррасї карор дињанд ва арзиши осори онњоро ба ањли тањкиќ манзур кунанд.

 Бо ин њама, бозгуфти њамаи  фазоил ва  баёни дастовардњои фикрии устод Абдулманнони Насриддин дар як гузориши кўчак  имкон надорад, вале њамин назари кўтоњ аз вусъат ва умќу андешаи худованди китоб дар  интихоби мавзўъ, масъалагузорї, тањлилу баррасї ва иродату ихлоси ин марде, ки як умр нони њалоли илм хўрда ва бо тавозўи комил худро аз хидматгузорони камтарини боргоњи адабиёт медонист, шоистаи ќадрдонї ва арљ гузоштан ва бањра бардоштан аст.

 

��'������инуна ло ямутуна» Расул,

З- ин сабаб фармуд аз љон кун ќабул.

З- он ки њар к-ў хўрд он оби њаёт,

Набвад ўро баъд аз он њаргиз мамот.

Рафтанаш наќл аст аз доре ба дор,

К-андар онљо ёбад аз Њаќ кору бор.

Њар ки инро марг хонад аблањ аст,

Зиндагї ин донад, он к-ў огањ аст…

Худовандро шокирам, ки саодати шогирдї ва хушачинї аз фазоили  хирмани фиросату одамияти устод Абдулманнони Насриддин насиби мо гашта. Ёздаҳ соли сипаришуда, бењтарин ва бобаракоттарин лањзањо дар гузаргоњи умри ин фаќир буд. Орому осуда роњ гаштан ва ботамкину  бовиќор сухан гуфтани устод Абдулманнони Насриддин бароям бењтарин мактаби амалии њаёт буд.

Чун симои мунаввару мутањњар, чашмони ситорамонанд ва ќомати  алифосои њазрати устод пеши назарам меояд, нафасам тангу гиря гулугирам мекунад.

Шояд аќли љузвї ва ин ќалами нотавон бузургию азамат ва маноќиби устод Абдулманнони Насриддинро  ба шоистагї рўи коѓаз рехтан натвонист. Ањли фан дар маноќиби устод аз мо бењтару хубтар хоњанд навишт, аммо њосили гуфтањои муаллифи ин сатрњо он аст, ки устод Абдулманнони Насриддин барои ривољу такомули адабиётшиносї, матншиносї, ќуръонпажўњї ва камолоти зењнию маърифатии адабпажўњони љавони тољик, хоса вилояти Суѓд наќши носутурданї гузоштаанд. Бад-ин лињоз, устод Абдулманнони Насриддинро њаќќе бузург бар гардани ин хоку об ва зоду бум аст, агар мардумаш ҳам ба љо наовард, рўзгор фаромўшкор нест.

Номи номии Абдулманнони Насриддин мудири кафедраи адабиёти классикии тољик, «Узви Иттифоќи журналистони Тољикистон», «Аълочии маорифи Љумњурии Тољикистон», нахуст гирандаи Љоизаи Президентї дар бахши адабиёт, дар таърихи адабиётшиносии форсии тољикї бо хатти зарин сабт гардида, соњибашро ба љовидонагї ва хулуд пайваста аст.

Мушкил аст, ки дар ҳавзаи адабии Хуљанд беҳтар аз профессор Абдулманнони Насриддин шахсиятеро пайдо намоем ва кору пайкори илмї ва зиндагиномаи ўро мояи ифтихору пайравї ќарор бидиҳем. Ростї корномаи устод омўхтанї ва шоистаи арљгузорист.

Устод Абдулманнони Насриддин мисли мављи об дар дарёи рањмати илоњї шино намуда, дар маќоми ризою таслим ватан кардаанд. Ин маќому манзалати љовидонагї  ва абадиятро барояшон муборак мегўям ва аз Худованди маннон барои устод Абдулманнон талаби омўрзишу растагорї  ва файзу нисори  рањмати илоњиро таманно дорам:

 Ба  рўзи марг чў тобути ман равон бошад,

Гумон мабар, ки маро дарди ин љањон бошад.

Љанозаам чу бубинї магў: фироќ, фироќ,

Маро висолу мулоќот он замон бошад...

         Бо ихлосу иродат:

                                                     Садриддин Мирзоев,

дотсенти ДДХ ба номи

академик  Бобољон Ѓафуров.

 

 

 

 

 

 

 

 

Категория: Абдулманнони Насриддин аз нигохи сохибназарон | Просмотров: 1131 | Добавил: bboy | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]