Главная » 2012 » Октябрь » 19 » МАХФИЛИ «ГАНЧИ СУХАН»
19:36
МАХФИЛИ «ГАНЧИ СУХАН»

МАҲФИЛИ «ГАНҶИ СУХАН»Дар толори факултаи суханшиносии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи 99-уми маҳфили «Ганҷи сухан» доир гардид. Дар оғоз ба иштирокчиёни маҳфил нашрияи «Сухани халқ» тақсим карда шуд, ки 2 саҳифаи худро ба ин маҳфили бадеию илмӣ бахшидааст. Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии дотсент Саидумрон Саидов кушода шуд.

Таъкид гардид, ки ҷаласаи имрӯза пурра ба ҳаёту фаъолияти академик Муҳаммадҷон Шакурӣ бахшида мешавад.  Аҳли толорро бо навгониҳои илмиву адабӣва фарҳангӣ дотсент Муҳаббат Тиллохӯҷаева шинос кард. Баъдан дотсент Абдуқодир Зоҳидов оид ба Муҳаммадҷон Шакурӣ ва масъалаҳои забоншиносӣ гузориш дод. Иштирокчиён навори таърихӣ – Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Дилафрӯз Икромӣ дар шаҳри Хуҷанд»-ро бо мароқ тамошо карданд. Шеърхонии шоир Мӯҳсин Аминзода зери чапакзаниҳои пурмавҷ ҷараён гирифт. Баъд аз гузориши дотсент Субҳони Аъзамзод профессор Усмонҷон Ғаффоров хотираҳои худро доир ба академик Муҳаммадҷон Шакурӣ нақл кард. Дар интиҳои ҷаласа маросими супоридани тӯҳфаҳои хотиравии Раиси вилоят доир гардид.

Категория: Навгонихои илмию адаби | Просмотров: 1030 | Добавил: bboy | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]