Главная » 2012 » Январь » 14 » Ганчи сухан
22:28
Ганчи сухан
Абдулманнони Насриддинов, доктори илмхои филологи, профессор асосгузори махфили "Ганчи сухан”:
Максади мо эхёи ананахои дерина ва арзишманд амсоли «шохномахони», «маснавихони», «бедилхони» ва бо хам омода сохтани заминахои фикри барои рушду нумуи тафаккури адаби ва карехаи сухансанчи мебошад. Барои шукуфои ва пешравихои фаннии ватани азизи мо Точикистон хар фарди чомеа бояд ба кадри донишу тавонои ва химмати худ сахме дошта бошад. Ман фикр мекунам, ки ояндаи кишвари мо ба омода шудани фазои солими маънави ва такя ба суннатхои устувори фарханги вобастаги дорад. Аз ин сабаб, мо ба махфилхои асили эчоди шадидан ниёз дорем. Махфилхои адаби ва илмии мо бояд руху равони Моро парвариш дихад, дили ахли чомеаро ба асолати фарханги Милли гарм кунад. Суханваронро ба тахрик орад, онхоро барои чустучуву мутолиаи бештар омода созад, ахли илму адаб дар ин гуна махфилхо худро бишиносанд, андар дили онхо умеду бовар бештар гардад, табодули афкор сурат гирад, фарханги махфилорои таквият ёбад.


Адабиёти асилро бояд худи мо адибон пуштибони ва сарпарасти намоем, онро хифз ва эхтиёт кунем, нагузорем, заъфу сустии он халокатовар  гардид.
Бинобар ин махфилхои илмию адаби монанди чавхари мехргиёх, ба масобаи нушдору шифобахш ва зарур хастанд. Бигзор дар ин махофил намояндагони илмхои дигар, ахли хунар ва табакахои гуногуни ахоли иштирок кунанд, бо ин рох дустию иттиход, рафокат, мехрубони дар чомеа зиёд мешавад.
Махфили «Ганчи сухан» аз дастгирии хамачонибаи Макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд бархурдор аст. Дар анчоми хар як чаласа тухфахои хотиравии Раиси вилоят ба адибон ва голибони озмуни «Ганчи сухан» супорида мешавад. хамчунин бо дастгирии рахбарияти телевизиони вилоят чараёни кори махфил пурра дар навои видеои сабт мешавад.
Просмотров: 1131 | Добавил: bboy | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]