Главная » 2012 » Январь » 14
Абдулманнони Насриддинов, доктори илмхои филологи, профессор асосгузори махфили "Ганчи сухан”:
Максади мо эхёи ананахои дерина ва арзишманд амсоли «шохномахони», «маснавихони», «бедилхони» ва бо хам омода сохтани заминахои фикри барои рушду нумуи тафаккури адаби ва карехаи сухансанчи мебошад. Барои шукуфои ва пешравихои фаннии ватани азизи мо Точикистон хар фарди чомеа бояд ба кадри донишу тавонои ва химмати худ сахме дошта бошад. Ман фикр мекунам, ки ояндаи кишвари мо ба омода шудани фазои солими маънави ва такя ба суннатхои устувори фарханги вобастаги дорад. Аз ин сабаб, мо ба махфилхои асили эчоди шадидан ниёз дорем. Махфилхои адаби ва илмии мо бояд руху равони Моро парвариш дихад, дили ахли чомеаро ба асолати фарханги Милли гарм кунад. Суханваронро ба тахрик орад, онхоро барои чустучуву мутолиаи бештар омода созад, ахли илму адаб дар ин гуна махфилхо худро бишиносанд, андар дили онхо умеду бовар бештар гардад, табодули афкор сурат гирад, фарханги ма ... Читать дальше »
Просмотров: 1131 | Добавил: bboy | Дата: 14.01.2012