Главная » 2012 » Февраль » 3 » Тарчумаи холи Абдулманони Насриддин
18:50
Тарчумаи холи Абдулманони Насриддин

Устод Абдулманнони Насриддин 
  Устод Абдулманнони Насриддин 20-уми ноябри соли 1953 дар дехаи Ёваи нохияи       Бобочон Гафуров дар оилаи дехкон чашм ба дунё кушодааст. Пас аз хатми мактаби   миёнаи умуми соли 1970 ба факултаи филологияи Институти педагогии шахри Ленинобод (Хучанд) дохил шуда, онро соли 1974 сарфарозона ба дипломи аъло хатм менамояд. Аз хамин сол дар Донишгохи Давлатии Хучанд ба кор шуруъ намуда, дар муддати андаке чун мухаккики неруманд ба арсаи тахкику таълим ворид мегардад.
Соли 1982 дар мавзуи «Фарханги тафсирии «Шамсуллугот», сарчашмахо, лексия, хусусиятхои лексикографи» тахти рохбарии Ходими шоистаи илми Точикистон В. А. Капранов рисолаи номзадиашро дифоъ менамояд. Худи хамон сол рисолае бо унвони «Шамсуллугот ва ахамияти он барои лугатшиносии точик» ба табъ расонид. 
Соли 1990 дар мавзуи «Проблемахои маърифати бадеи ва шарху тафсири осору адабиёти форсу точик» рисолаи доктори дифоъ кардааст. Анчоми ин тахкикот на танхо дар адабиётшиносии точик, балки дар эроншиносии чахони зухуроти мухим ва шоистаро ба бор овардааст. Доир ба мавзуъ ду монографияи Абдулманнони Насриддин «Нависанда ва шорехи осори адаби»(Душанбе: Дониш, 1990) ва «Маърифат ва шархи адабиёт»(Душанбе: Ирфон, 1991) ба табъ расидаанд. Ин китобхо ва силсилаи маколахои илми ва илми-методии мархум арзиши зиёди илми-амали дошта, равиши наверо дар боби маърифати адабиёт ва накду тахлили осори адаби ворид кардааст.
Профессор Абдулманнони Насриддин дар ин замина мактаби илмии худро ба вучуд овард. Дар давоми солхои охир наздик ба 30 нафар шогирдони у ба дарёфти дарачаи илмии номзади илми филология сохиб гардиданд.
Асархои илмии мархум Абдулманнони Насриддин дар Эрон, Хиндустон, Русия, Украина, Казокистон ва чанд кишвари дигар ба табъ расидаанд. У дар конфронсу симпозиумхои байналхалкии Москва,Техрон, Табрез, Дехли, Рампур, Машхад ва гайра бо маърузаву гузоришоти илми ширкат кардааст.
Мархум Абдулманнони Насриддин дар тули 20 сол – 1991-2011 чун сарвари бебадал бар курсии адабиёти классикии точики дар ДДХ ба номи академик Б.Гафуров рахбари намудааст.
Махз бо кушишу талоши у аз соли 2004 махфили илми- адабии «Ганчи сухан» ба фаъолият огоз намуда, дар сатхи чумхури ва берун аз кишвар эътибор пайдо намудааст. То поёни зиндагии у 86 чаласаи он муттасил барпо шуда, бар рушди маориф ва фарханги кишвар сахми шоиста гузоштааст.
 Хидматхои Абдулманнони Насриддин бо унвони «Аълочии маорифи Чумхурии Точикистон» ва чандин ифтихорномахо такдир шудааст.
 Соли 1997 барои китоби «Сехри мубин» чоизаи ба номи Камоли Хучандиро дарёфт намуд. Соли 2006 ба Чоизаи Призиденти дар сохаи маориф такдир шуд. Соли 2010 барои китоби «Чихил макола» чоизаи ба номи Садриддин Айниро сохиб гардид.
Аз соли 1996 узви Иттиходияи нависандагони Чумхурии Точикистон гардид. У узви Шурои илмии К. 065.05.01 оид ба химояи рисола хои номзади, узви Бунёди Рудакии ИЗА АУ ЧТ буд.
Мохи январи соли 2011 чун устоди варзида ва чахонии адаби форси дар «Намоиши устодони забон ва адаби форси» дар Эрон такдир карда шуд.  
Мархум дар рушду нумуи адабиётшиносии точик сахми бузурге гузошта, дар ин замина бештар аз 500 макола ва 22 унвон китобро нашр намудааст. Чанде аз мухимтарин китобхои у аз ин кабиланд: 
1. Нависанда ва шорехи осори адаби. 
2. «Шамсуллугот» ва ахамияти он барои лугатшиносии точик. 
3. Маърифат ва шархи адабиёт.
4. Фарханги мушкилоти адабиёт.
5. Рудаки (нусхашиноси ва накду баррасии ашъори бозмонда).
6. Шархнависи дар таърихи адаби форс-точик(дар ду чилд).
7. Донишмандон ва сухансароёни Хучанд.
8. Назмшиноси.
9. Тазкираи шуарои Хучанд.
10. Сехри мубин.
11.Ошнои бо тарчумахои форсии Куръони карим дар Эрон ва Точикистон.
12. Хафт базми хирад ва озодаги.
13. Чихил макола.
14. Достонхои дилангез аз «Бустон»-и Шайх Саъди.
15. Рeдаки-устоди суханварони Ачам.
16. Матншиносии осори адаби.
17. Бо корвони нур. 
Устоди шодравон бо марказхои бонуфузи илмии чахон алокаи кави дошт. Хамкори бо мактабхои филологии Россия, Хиндустон, Казокистон, Фархангистони забон ва адаби форсии ЧИЭ аз чумлаи боризтарин намунаи ин кушиш мебошад. Ин хидмати устоди факид дар раванди истехкомбахшии равобити илми-фархангии Точикистон ва кишвархои дигар накши чашмрасеро бозидааст. Иштироку суханрони дар намоишхо, нашри даххо маколот ва табъи китобхои «Тазкираи шуарои Хучанд»(1384 [.ш.), «Ошнои бо тарчумахои форсии Куръони карим дар Эрон ва Точикистон»(1385 [.ш.) бозтобе аз ин фаъолият аст.
Доктор Абдулманнони Насриддин дар тули хаёт бо покиву чавонмарди зиста, дар чодаи таълиму тахкик чун намунаву муктадо карор гирифт. Сифоти неки инсони ва садокати у дар чахони дониш мухаббати уро дар синаи хазорон мардум чой дода, ёди уро дар хотирахо то абад зинда гузошт. 
Устод Абдулманнони Насриддин рузи 30-юми июли соли 2011 дар синни 58-солагии зохиран кутох, аммо пурбаракату абадзо аз дунё даргузашту чои худро дар илми точик холи гузошт. Равонаш шод бод.  

Прикрепления: Картинка 1
Категория: Навгонихои илмию адаби | Просмотров: 4619 | Добавил: bboy | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]