Главная » 2012 » Февраль » 03
 Дах байти дилнишин 
  * * *
Ошикон рузи шаходат хусрави вакти худанд,
Теша бар сар афсари шохи бувад Фарходро.
  * * *
Хар дам ба реги шишаи соат нигох кун,
Гофил мабош аз сафари корвони умр.
  * * *
Наям шабнам, ки созам полиши худ гунчаи гулро,
Чу булбул вакти хуфтан такягохи сар бувад душам.
  * * *
Риштае шуд тани ман аз ту чудо, кай бошад?
Ки чу гулдаста туро дар бари худ танг кашам.
  * * *
Чилваи хусни ту овард маро бар сари фикр,
Ту хино бастиву ман маънии рангин бастам.
  * * *
Аз касе пинхон намедорем рози худ чу шамъ,
хар чи дар дил хаст моро бар забон меоварем.
  * * *
.
З-ин пеш шишаи дили мо хам зи санг буд,
Бенисбат ошно дили мо бо дили ту нест.
  * * *
Харчанд ба ишрат гузарад фурсати пири,
Айёми чавони натавон кард фаромуш.
  * * *
*
Кимати хок да ... Читать дальше »
Категория: Навгонихои илмию адаби | Просмотров: 1327 | Добавил: bboy | Дата: 03.02.2012

Китоби «хазор газал аз сад шоир» шомили бехтарин газалхо аз осори суханварони форсу точик мебошад. Он бо теъдоди 500 дона тарики нашриёти «Ирфон» чоп гардидааст. Мураттиби китоб Иброхими Наккош буда, кушиш кардааст дар китоб дар баробари ному ашъори шоирони маъруф чакидахои калами суханварони мумтоз, вале каммаъруфро низ сабт намояд. Китоби мазкур бехтарин гулчини газали ноб махсуб мешавад.

                                                   

Категория: Навгонихои илмию адаби | Просмотров: 17837 | Добавил: bboy | Дата: 03.02.2012

«Рахнаварди чодаи саодат
Ин китоб мачмуаи маколахо бахшида ба 60-солагии мавлуди ходими сиёсиву чамъияти Абдухаким Шарифов мебошад. Дар китоб сухан аз рохи зиндагии пурбаракоти Абдухаким Шарифов меравад ва дастовардхои илмии олимони риштаи таъриху чомеашиноси, педагогика ва филологияро дар бар мегирад. Китоб зери назари профессор Набиев Ваххоб Машрафович интишор шуда, мураттиби он адабиётшинос Саидумрон Саидов мебошад. «Рахнаварди чодаи саодат» дар нашриёти «Ношир» дар хачми 524 сахифа бо теъдоди 200 дона чоп шудааст.


Категория: Навгонихои илмию адаби | Просмотров: 1038 | Добавил: bboy | Дата: 03.02.2012

«Шаб дар паси ман буд»
Китоби нави шоираи хушбаён Гулнозро бо ин ном нашриёти «Адиб» дар хачми 95 сахифа бо теъдоди 1000 нусха интишор намуд. Дар китоб шеърхои шоира аз чахор дафтар: дафтари шеъри сапед бо унвони «Баъди як аср меои», дафтари чахорпорахо: «Шаб фазои гумшуданхо нест», аз дафтари газал: «Бодборакхои бепарво», аз дафтари дубайти бо номи «Шабамро сояи мохтобзан буд» гирд омадааст. Шеърхои шоира фазои андешаи хонандаро ба чавлон меорад ва ниходаш дируз, имруз ва ояндаи дарку эхсосро кави месозад.


Прикрепления: Картинка 1
Просмотров: 1003 | Добавил: bboy | Дата: 03.02.2012

«Панду ибрат»-и Муродии Хучанди
 Нашриёти «Ношир»-и шахри Хучанд китоби донишманд ва суханвари факид шоир ва профессор Муродии Хучандиро бо унвони «Панду ибрат» бо теъдоди 1000 нусха дар хачми 220 сахифа интишор намуд. Китоб силсилаи маколахои ахлоки буда, муаллиф ба чавонон аз гулистони афкору андешахои ниёгон дар заминаи тачрибаи зиндагии хеш пандномаеро дар мавзуъхои мухталиф пешкаш мекунад. Хамчунин дар китоб ашъори ахлокии Муродии Хучанди чой дода шудааст. Инъикоси лахзахои зиндагии устод Муроди, вохури бо Бобочон Гафуров, Садриддин Айни ва Мирзо Турсунзода вокеан ибратбахш аст. Китоб барои хар нафаре, ки ташнаи хикмат аст судманд мебошад.
Прикрепления: Картинка 1
Категория: Навгонихои илмию адаби | Просмотров: 3352 | Добавил: bboy | Дата: 03.02.2012

Устод Абдулманнони Насриддин 
  Устод Абдулманнони Насриддин 20-уми ноябри соли 1953 дар дехаи Ёваи нохияи       Бобочон Гафуров дар оилаи дехкон чашм ба дунё кушодааст. Пас аз хатми мактаби   миёнаи умуми соли 1970 ба факултаи филологияи Институти педагогии шахри Ленинобод (Хучанд) дохил шуда, онро соли 1974 сарфарозона ба дипломи аъло хатм менамояд. Аз хамин сол дар Донишгохи Давлатии Хучанд ба кор шуруъ намуда, дар муддати андаке чун мухаккики неруманд ба арсаи тахкику таълим ворид мегардад.
Прикрепления: Картинка 1
Категория: Навгонихои илмию адаби | Просмотров: 4621 | Добавил: bboy | Дата: 03.02.2012