Главная » 2012 » Февраль » 2 » Тиккае абр
21:53
Тиккае абр
Тиккае абр
  ва гурридани як кух садои раъд.
Чак-чаки борон 
  ва рахе кухнаву лагжонак.
Ба кучо бояд рафт?
Ба дили худсари ман бефарк аст.

Ох, эй оина!
Рубаруи ту нишастан,
Ба ягон нуктаи мубхам нигаристан
Ва ба таскини касе
  маслихатомез дуруге гуфтан,
Будан ошуфта, наошуфтан,
Нагз медонам:
Кори осон нест.

Ман чаро узр напурсидам 
  аз нигохи ба сахар моилат, 
  эй Модар?
Аз ту, эй пиразани точик, 
  ба Худо наздик,
Ман чаро узр напурсидам?

Гами хобухурд…
Зиндаги буд чунину хаст
Гами хобухурд.

Майна дар шохаи сабзи бед 
  зардбарге дар нул 
  лона меорояд.
Майнаро кардам об 
ва нафахмидам
  маънии мурдану зоиш, 
  чумлаи кохишу афзоиш чист?

Нотамоми зебост!
Бояд ин шеър чунин бошад.



Рохи рост механдад пои рахгуми моро,
Реги тафта месузад токати суми моро.

Санги дил намешорад об чониби дида,
Офтоба мегиряд хар таяммуми моро.

Чамъ хамчу кокул буд муи њамшукуфои,
Зулфи кач парешон шуд фикри мардуми моро.

Дида пояе дорад зинахо зи диданхо,
Зиндаги фурузон аст чашми анчуми моро.

Санг бар сари гам зад мастии нишотангез,
Гам ба касди у бишкаст шодии хуми моро.

Хум тани барохат буд, љои истирохат буд,
Сад гирах хамушм баст як такаллуми моро.

***

Зи реша то ба шукуфтан рахи хазидани ранг аст,
Далели мурдани одам зи ру паридани ранг аст.

Туро чу кашнизи хушбуй мехурам гами сабзиш,
Чаро ки маззаи ин зиндаги чашидани ранг аст.

Нигах шукуфтаи, эй навнињоли пургули бодом,
Талоши чашми ману чашмасор дидани ранг аст.

Зи офтоб ту рангу зи моњ мазза гирифти,
Ба руи гарми ту озарми ту давидани ранг аст.

Марез об зи руят, бирез об зи чашмат,
Ки доги домани дафтар пас аз чакидани ранг аст.

Зи мурдарангии обони умр ох кашидан, -
Дуои фотеха хондан аз орамидани ранг аст. 


***

Дарёи Сайхун меравад, дарёи Чайхун меравад,
Аз чашмњои чашмањо селобаи хун меравад.

Ѓам лона мемонад ба зери пардаи боми кухан,
Чун зебу нури хонадон аз хона берун меравад.

Аз пушти у як шањр халк дар сина дил хун мекунад,
Масти мухаббат аз замин бар чархи гардун меравад.

Пажмурда мегардад хазорон гул зи доги рафтанаш,
Сад бог мотам медамад, марди Худо чун меравад.

Гамнома мешорад зи килки шоирони ростин,
Рузе, ки Бобои Суруш чун шеъри мавзун меравад.


  ***

Шишаи холи
  ва финчони пару хобида...
Ох, эй танхои!
Харчи монанд ба хушнуди буд,
Ману ту нушидем.

Ошикумаъшуќ...
  дари майхонаи бесоќи...
  гич-гичи кайфияти номавзун...
Дару дарвозаи гулхонаи дил девор аст.
Зиндаги бими лаби марг газидан дорад.

Буи хокистар...
Дуди талхи хасрат...
Мо сигорона нафас сухтаем.

Занги тилфун...
Шукр, эй ёр, маро њам ту ба ёд оварди.
Пеш аз он лахза, ки дар ёди ту
  афсуси гамангез шавам.

Гув-гуви номафхум...
Шояд ин шом фишори нафасам паст аст?
Ох, ман дарди даруни дорам 
  аз ту, эй беруни!

Пардаи шом...
Гами ман духтари зебои мусалмон аст
Ва даво исломист.

Дар парешонхоли
Хохишам яклухтист.
Бояд ин манзараи сахт парешонро
Дар хамин шеър муназзам созам.

Каламу дафтар,
Дасту фикру шеър 
  ва дар анчоми сухан имзо: 
 
Абдучаббори Суруш.





Категория: Шоирони кишвари мо | Просмотров: 1326 | Добавил: bboy | Рейтинг: 4.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]